Абдулкарим ал-Ҳиндал бо мақсади шиносоӣ бо мавзеъҳои ҷолиби диққати вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро, инчунин, ҷашнвораи XIII байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналари”, ки рӯзҳои 25-26 август баргузор шуд, ба Ӯзбекистон омад.
Ҳадаф аз сафар ошно кардани шаҳрвандони кишварҳои арабӣ бо иқтидори сайёҳии кишвари мо ва ба ин васила афзоиши гардиши сайёҳон ба Ӯзбекистон, инчунин таблиғи васеътари имкониятҳои ҷумҳурии мо дар соҳаи сайёҳӣ дар ВАО-и хориҷӣ мебошад.
Барои маълумот, Абдулкарим ал-Ҳиндал дар қатори пешвоёни 100 таъсиргузори Кувайт қарор дорад ва саҳифаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 21 миллион муштарӣ пайгирӣ мекунанд.