ЖУРНАЛИСТИ МОҲИР, ОЛИМИ ВОҚЕЪБИН

Хабарнигори «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар вилояти Бухоро Маҳмудҷон Қосимовро ҳанӯз аз овони талабагӣ ва донишҷӯйӣ ғоибона мешинохтам.

 Вохӯрии мо ба вай охири солҳои 70-уми асри гузашта, ҳангоми кор дар мактаби миёна, ба вуқӯъ пайвастааст. Он солҳо дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» хабару мақола, лавҳаю очеркҳои  банда зуд-зуд чоп мешуданд, шояд барои ҳамин бошад, ӯ бо ҳамкоронаш ба суроғи камина омада буд. Одатан вай бо мухбири «Совет Ӯзбекистони» дар вилояти Бухоро Ҳошим Қодиров, мухбири вилоятии «Правда Востока» Кузмин бо «ГАЗ-24»-и хидматии кумитаи ҳизбии вилоят якҷо ба сафари хидматӣ мебаромад. 
Маълум шуд, ки онҳо бо кори газета ба хоҷагии давлатии пахтапарварии ба номи Илич омадаанд. Азбаски идораи хоҷагӣ ба мактаби мо хеле наздик ва он гоҳ таҳсилоти таълимгоҳ асосан тоҷикӣ буд, хабари ба мактаб ташриф овардани хабарнигори «Ҳақиқати Ӯзбекистон» зуд овоза гардид...
Бо М. Қосимов баъзан дар маркази ноҳия тасодуфан рӯ ба рӯ меомадам. Боре, ҳангоми мулоқот бо вай, аён гардид, ки омӯзгорони омӯзишгоҳи ҳамонвақтаи касбу ҳунари Шофиркон ба редаксия мактуби шикоятӣ фиристодаанд ва ӯ барои санҷиши шикоят бо роҳхати идора он ҷо омадааст.
Аз байн чанд рӯз гузашт ва дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» мақолаи М. Қосимов «Коллективи касал» чоп шуд. Дар мақола иллатҳои дар омӯзишгоҳ ҷойдошта фош карда шуда буд. Муддате нагузашта директори маскани касбу ҳунар Муллоқулов аз вазифааш сабӯкдӯш карда шуд. 
Бад-ин минвол рӯзҳо мегузаштанд. Боре боз бо М. Қосимов дар маркази ноҳия вохӯрдем. Вай ин дафъа аз пайи мактуби омӯзгорони мактаби миёнаи тоҷикии рақами 9-уми ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омада буд... 
27 ноябри соли 1977 дар шумораи 138-уми «Ҳақиқати Ӯзбекистон» очерки муаллифи ин сатрҳо «Шоҳроҳи умр» чоп гардид ва мувофиқи ҷамъбасти озмуни эълонкардаи рӯзнома он ба мукофоти сеюм сазовор дониста шуд. (Нигаред ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон», 1 январи соли 1978, саҳ.4).
Ин комёбӣ, бешубҳа, каминаро рӯҳбаланд сохт ва матолиби зиёдам пасу пеш дар рӯзномаи азиз рӯйи чопро диданд. 
5 майи соли 1981 шумораи 51-уми «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро ба даст гирифта ба чашмони худ бовар намекардам. Дар саҳифаи рӯзнома, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти советӣ «Минбари миллионҳо» ном дошт, мақолаи Маҳмудҷон Қосимов «Бо амри дил» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти банда) ва сурати худро дида, сарам ба осмон расид. Муаллиф дар мақолааш дар бораи баъзе маводҳои охирини дарҷёфтаи муаллифи ин сатрҳо бо таваҷҷӯҳ ҳарф зада, аз ҷумла дар охир чунин навиштааст: «Яке аз маводҳои дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чопшудаи Амрулло Авезов «Камолоти Тезгузар» ном дорад. Ӯ дар солҳои ҳокимияти советӣ ба деҳаи дурахшон ва гулгулшукуфон табдил ёфтани Тезгузари назарногир, аз ин деҳа ба камол расидани садҳо олимону санъаткорон ва соҳибони касбу ҳунари дигарро бо мамнуният ба қалам додааст.
Ба худи А. Авезов ҳам дар фаъолияти педагогӣ, пропагандистӣ ва журналистиаш ҳамин гуна камолот хоҳонем. Бигузор, дар  зиндагӣ зина ба зина баландтар барояд». 
Рост гап, ин мақола барои ман тасодуфӣ буд ва ҳайрон будам, ки устод факту рақамҳо, маълумотро дар бораи банда ва оилаамон аз куҷо гирифтаанд. Чанде пас, ҳангоми вохӯрӣ, худи муаллим инро чунин эзоҳ доданд. «Дар арафаи иди касбӣ Тошканд рафта будам. Дар идораи рӯзнома мудири шуъбаи мактубҳо Ҳомидҷон Қличев маводҳои даркориро наздам гузошта хоҳиш карданд, ки дар бораи Шумо чизе нависам...»
Бешубҳа, ин мақолаи Маҳмудҷон Қосимов барои банда чун фотиҳаи хайри устод ба шогирд аҳамият дошту дорад.
Маҳмудҷонака бо аҳли оилааш дар маҳаллаи Зирободи шаҳри Когон истиқомат кунад ҳам, дар шаҳрак (микрорайон)-и шашуми шаҳри Бухоро хонаи якҳуҷрагӣ дошт. Ҳар гоҳ, ки аз сафари хидматӣ дер ояд, ё ҳангоми корҳои эҷодӣ дар ҳамин ҷо мемонд. Боре, ҳангоми мулоқот дар шаҳри Бухоро, ӯ маро ба ин манзилаш таклиф кард. Он бо адабиётҳои зиёди илмию бадеии нодир барои корҳои эҷодӣ хеле қулай буд. Болои мизи корӣ мошини  чоп меистод. Ҳангоме ки суҳбати мо аз хусуси таърихи Вардонзеҳ ва алоқаи он бо ноҳияи Шофиркон қӯр гирифт, муаллим аз байни китобҳояш «Таърихи Бухоро»-и Муҳаммад Наршахиро ёфта, аз он саҳифаро доир ба «Вардонзеҳ», «Вардона» пайдо намуда, ба воситаи мошини чоп рӯбардор ва онро сӯям дароз карда гуфт: «Ин барои шумо зарур аст». 
Муаллим табиатан дар бораи таърих, ҳодисаю воқеаҳое ҳарф мезад, ки асоси илмӣ доранд, ё илман исбот шудаанд. 
Боре аз растаи носфурӯшии бозор мегузаштаму чашмам ба бастаи рӯзномаҳои нави назди носфурӯш афтод. Мутаассифона, дар байни онҳо рӯзномаи дӯстдоштаи мо низ буд. Носфурӯшони бепарво газетаҳоро беист пора карда, ба харидорон нос печонда медоданд. Он гоҳ халтачаҳои полиэтилении нос ҳанӯз набуданд, бинобар ин рӯзномаҳо ин вазифаро иҷро мекарданд. 
Ҳангоми вохӯрӣ бо устод дар ин бора гуфтам. Вай каме фикр карду ниҳоят гуфт:
– Аҳволи ҳамшаҳриҳоямонро медонед, онҳо ба забони дигар таълиму тарбия мегиранд, бинобар ин қадри забони модариро аз куҷо донанд?! Шумо аз носфурӯшон наранҷед, ба онҳо раҳмат гӯед. 
Маҳмудҷонака инсони поквиҷдон ва ҳалолу покиза буд. Онҳоеро, ки ба ҳақи касе хиёнат мекарданд, хеле бад медид.
Соли 1994 дар қатори дигар фанҳо озмуни ҷумҳуриявии фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои тоҷикӣ дар ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё баргузор гардид. 
Талабагони синфҳои XI, ки дар ин озмун сазовори ҷойҳои 1-3 мешуданд, мувофиқи низом бо имтиёз донишҷӯйи мактаби олӣ мегардиданд. Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДБ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмудҷон Қосимов низ ба узвияти ҳайати доварони озмун интихоб шуда буд. Дар озмуни ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик ғолибон – соҳибони ҷойҳои якум ва дуюми даҳ вилоят иштирок карданд. Рӯзи дигар ғолибони озмун муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, ҷойи якум ба намояндаи вилояти Бухоро Баҳора Авезова, ҷойи дуюм ба вакили вилояти Самарқанд Меҳрангез Саъдиева ва ҷойи сеюм ба намояндаи вилояти Тошканд Р. Абдуллоева насиб кард. Ҳарчанд толибаи бухороӣ ба натиҷаи баландтарин соҳиб гашт, кайфияти Қосимов чандон хуб набуд, вай пай дар пай сигор мекашид. Вақти бозгашт сабаби инро пурсидам. Аён гардид, ки ҳангоми ҷамъбасти озмун бобати муайян намудани ҷойҳо байни доварон нохолисӣ рӯй дода, устод бо рад намудани таклифи ноқонунӣ нагузоштааст, ки нисбати хонандаи илмнок ба меъёрҳои адолат хиёнат сар занад.
Боре суҳбати мо аз хусуси эҷодиёти даҳонии мардуми Бухорои Шариф рафту устод замонасозии гузаро ва аз ҳад зиёди баъзе ҳамкасбони худро бо алам нақл карда, дарун-дарун месӯхт: «Оё бовар мекунед, байни мо «олимон»-е ҳастанд, ки чизи ғайри воқеиятро «ҳаст» карда, соҳиби рутбаи илмӣ шудаанд... Ҳатто олимони намоён ин нуктаро дар тақризи худ ошкоро гуфтаанд...» (Нигаред ба тақризи Баҳром Шермуҳаммадов).
Қосимов ҳеҷ касро рӯйи хотир намекард. Онҳоеро, ки дониши казоӣ надоранду орзуи мактаби олӣ мекарданд, ҷонибдорӣ намекард, худро аз ин тоифа канор мегирифт. 
Солҳои аввали созмонёбии гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик дар ДДБ вай аз шиносу наздикон хоҳиш мекард, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани хатмкардагон ва хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ба ин гурӯҳ кӯмак расонанд. Бо роҳи тарғибот дар ҳақиқат шумораи ҳуҷҷатсупоридагон афзуд. Байни онҳо додари хурдии мо низ буд. Онҳое, ки аз алоқаи наздики мо бо устод хабар доштанд, гумон мекарданд, ки вай дар қатори аввалинҳо донишҷӯйи мактаби олӣ мегардад. Банда беасосии ин гуфтаҳоро медонистам, «фақат дониш туро ба мақсад мерасонад, дигар ҳеч чиз», – гуён ӯро ба тайёрии пухта водор месохтам ва ҳатто ба устод дар бораи байни довталабон будани додарам чизе нагуфтам. 
Хуллас, имтиҳонҳои қабул оғоз ёфт ва додарам аз имтиҳони аввал нагузашт. Вақте ки бо устод рӯ ба рӯ омадам, вай норозиёна гуфт: «Ҳангоме ки додаратон маънои луғавии «абёт»-ро намедонад, пас чӣ лозим буд, ки ба ин даргоҳ ҳуҷҷат супорад?!»
***
Маҳмудҷон Қосимов 25 июли соли 1938 дар маҳаллаи Зирободи шаҳри Когон ба дунё омада, мактаби миёнаи №2 ба номи Айнии ҳамон вақт тоҷикии деҳаро соли 1958 бо медали нуқра хатм кардааст. Сипас худи ҳамон сол ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд ҳуҷҷат супорида, онро соли 1963 ба поён расонидааст. Фаъолияти эҷодиро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» 4 сентябри соли 1963 ҳамчун ходими адабӣ оғоз намуд. Ӯ аз 1 апрели соли 1965 то 31 августи соли 1989 хабарнигори рӯзнома дар вилояти Бухоро буд. Азбаски меҳри устод ба илмомӯзӣ баланд буд, вай тайи солҳо мавзӯи «Публитсистикаи адабиёти тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро чун кори илмӣ мустақилона таҳқиқ намуда, соҳиби рутбаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардид. 
Ӯ аз 1 сентябри соли 1989 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро ба кор гузашт ва ҳамчун муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик то охири умраш – 12 июли соли 2001 самаранок кор кард, бобати барои мактабҳои тоҷикии вилоят ва ҷумҳурӣ тарбия намудани  омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузошт. 
Солҳои бозсозӣ, вақте ки дар рӯзномаи вилоятии «Бухоро ҳақиқати» ва 5-6 рӯзномаи ноҳияҳои вилоят (Бухоро, Ҷондор, Рометан, Пешку, Шофиркон...) саҳифаҳои тоҷикӣ таъсис ёфтанд, Маҳмудҷонака ҳамчун масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи вилоятӣ содиқона хидмат кард, бинобар бо эҷодкорони тоҷик шинос намудани мардуми вилоят, дилкашу пурмазмун баромадани саҳифа заҳмат кашид. 
***
Маҳмудҷон вақте ки дусола буд аз падар ятим монд ва бо тарбия ва ғамхориҳои модари мушфиқаш Фотимабибии маърифатпарвар ба воя расид. Вай аллакай солҳои наврасӣ ба моҳияти некию бадӣ, ҳалолу ҳаром, савобу гуноҳ сарфаҳм мерафт, ба фазилатҳои неки инсонӣ пайравӣ менамуд. 14 августи соли 1963 маросими ақди никоҳи ӯ бо ҳамдеҳааш Шоҳида ба вуқӯъ омад. Онҳо чор писар: Муродалӣ, Анвар, Олим, Малик ва ду духтар Мавҷудаю Гулшанро табъи дил ба воя расонда, соҳиби хонаю дар карданд. 
Мо ба қарибӣ ба Зиробод ба аёдати онҳо рафтем. 23 сол боз устод дар байни мо нест. Бо ҳамроҳии ҳамсари вафодори устод Шоҳидаянгаи 82 сола барои зиёрат ба қабристон рафтем. Мадфани фарзанди нахустини эшон Муродалиро низ зиёрат кардем. Чӣ чора, ҳаёт бо маҷрои худ идома меёбад. Имрӯз фарзандон, наберагону аберагони Маҳмудҷон Қосимов ва Шоҳида Қосимова анъанаҳои неки хонадонро идома медиҳанд. Аз ҷумла, набераи онҳо Шоҳиҷаҳон Қудратов омӯзгори Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд, доктори фалсафа оид ба улуми техникӣ мебошад. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»   
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: