Ҳар кор вақту соат дорад, албатта.
Марди соҳибҳунари бохираду фарзона,
Биравад аз назару лек аз дилҳо наравад.
Ҳар кор вақту соат дорад, албатта. Аз ин рӯ, мегӯянд: «Амалҳо ба вақт мавқуф аст». Ба ишораи Фаррухӣ: «Ба вақт бувад баста ҳама кору ҳама чиз». Ба ҳамин маънӣ, кайҳо мехостам дар бораи Раҳматака Норов чизе нависам. Аммо ҳар сафар фурсат намерасид.
Раҳматакаро яке аз устодони хеш дар соҳаи рӯзноманигорӣ медонам. Зеро солҳои 1977-1980 бевосита дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд бо он кас ҳамроҳ кор карда, аз эшон маҳорати рӯзноманигориро омӯхтаам. Баъди бо сабабҳои оилавӣ ба Самарқанд баргаштанам низ риштаи дӯстиву бародарии мо канда нашуд. Яъне, вақте бо ягон кор ба Тошканд равам, дар идора ё дар ягон ошхона бо баҳонаи як пиёла чой, албатта, суҳбатамон қӯр мегирифт. Аз навигариҳои зодгоҳашон, донишгоҳ, дӯсту рафиқонашон пурсон мешуданд.
Раҳматака соли 1929 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи коргар ба дунё омада буданд. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1944 то соли 1948 дар Самарқанд муаллимӣ кардаанд. Сипас, дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов) таҳсил намуда, соли 1952 аспиранти кафедраи адабиёти ӯзбек буданд, курси назарияро бомуваффақият хатм кардаанд. Солҳои 1955-1956 дар факултаи филологияи ин донишгоҳ аз адабиёти ӯзбек дарс дода, баъди он дар идораи рӯзнома ҳамчун мудири шуъбаи адабиёт ва санъат кор кардаанд.
Ин марди шариф, ки нонашро дар рӯзнома ҳалол карда мехӯрд, солҳои дароз вазифаи котиби масъулро аз сидқи дил ҳунармандона иҷро намуд. Таҷрибаи дар даҳсолаҳо дар ин вазифа андӯхтааш мактаби калонеро мемонд, ки ин аз ҷониби ҳамкорон борҳо эътироф шудааст. Раҳматака дар сохтани тарҳи рӯзнома, бо таъбири рӯзноманигорон «макет», маҳорати баланд доштанд. Ин буд, ки дар асоси макети кашидаашон рӯзнома зебову ҷолиби диққат саҳифабандӣ мешуд. Шумораҳои рӯзнома маҳз ба туфайли санъати макетсозиашон дар байни рӯзномаҳои дигари ҷумҳурӣ аз ҷиҳати рангорангӣ, ҷойгиршавии мавод, сурат, рукну сарлавҳагузорӣ фарқ мекард. Онҳо гӯё асари санъат буданд, ки аз ҷониби меъмори тавонову ҳунарманд тарҳрезӣ шудаанд, бо ҳусну таровати худ завқи эстетикии муштариёнро меафзуданд. Ба қавли собиқадори рӯзнома, журналисти хушзеҳн Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода Раҳматака «дирижёри саҳифаҳо» буданд, ки гӯё аз як ишораашон дар саҳифаҳо оҳанги марғубе танинандоз гашта, рӯзнома ҳусну ҷилои тоза мегирифт. Ҳар дафъа ба макеткашии Раҳматака нигариста, аз дил мегузарондам: «Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб!».
Вазифаи дигари котиби масъул таҳрир кардани хабару мақолаҳое буданд, ки аз шуъбаҳо мерасиданд. Ин корро он кас аз таҳти дил, эҷодкорона адо мекарданд. Дар натиҷа, мавод пухта таҳрир шуда, сарлавҳаҳо бо мазмуну рукн ва матолиб мувофиқ меомаданд.
Фаъолияти якҷоя дар идораи рӯзнома барои ман ва дигар кормандони ҷавон бисёр хислатҳои наҷиби мавсуфро муайян сохтааст. Ӯ дар кори заҳматталаби рӯзноманигорӣ ҳамчун котиби масъул мададгори наздики мо, ҷавонон буд. Ҳар як хабар, репортаж, мақола ё очерки моро бодиққат мехонд, барои шавқовар ва ғанӣ гардидани мазмуну мундариҷа, беҳбуди услуби нигориш маслиҳатҳои пурқимати худро дареғ намедошт. Навиштаҳоямонро баҳудаву беҳуда «шудгор» намекард.
Раҳматака маводи тарҷумаро одатан як бор хонда мебаромаданду назди мошиннавис нишаста, чунон моҳирона ба тоҷикӣ бармегардонданд, ки гумон мекардед матни тоҷикиро дикта мекунанд. Ҳамаи ин аз хуб донистани забон, дониши васеъ, ҳисси масъулиятшиносӣ гувоҳӣ медиҳад. Ба ин фазилати эшон ҳаваси ҳама меомад.
Боре ба Раҳматака ва дигар кормандон ҳавас карда як маводи хурдеро барои тарҷума баъди ду-се бор хондан ба даст гирифта, назди мошиннавис Латофатбону Бобоқулова рафтам. Дар аввал кор осон рафт, аммо дар поёнтари матн душвориҳо пеш омаданд, калимаю ибораҳои даркорӣ ба хотир намеомаданд... Хуллас, арақҳои ҷабинамро зуд-зуд пок мекардаму ҳар дам истода-истода ҷумлаҳоро зӯран аз русӣ ба тоҷикӣ мегардондам, гарчанд «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ҳама вақт рӯйи мизи кориам буд. Тарҷума анҷом ёфт. Дар хонаи корӣ онро хонда қаноат накардам: баъзе ҷумлаҳо подарҳаво буданд. Аз нав баъзе калимаю ҷумлаҳоро тоҷикӣ кардам. Сипас варақҳои сиёҳкардаамро ғундошта, ба мошиннависи дигар Кимёойтӣ Қувноқова супурдам. Он кас, ки аз ҳолати ман дар ҷараёни тарҷума огоҳ буданд, табассуми пурмаъние намуданду онро аз дигар мошиннавис карда доданд. Ин дафъа низ ба хубӣ фаҳмидам, ки мисли Раҳматака равону фаҳмо ба тоҷикӣ баргардонидани мавод кори осон набудааст...
Ҳисси масъулиятшиносиашон баланд буд. Аз ҳамаи кормандони редаксия пештар ба кор омада, аввал ба сехи ҳуруфчинӣ даромада, аз кори онҳо хабардор мешуданд. Бо гранкаю клишеҳо ба қабати ҳаштум баромада, онҳоро ҷо ба ҷо мекарданд. Материалҳоро бо ҷадвали тарҳкашӣ чен карда, ҳаҷми онҳоро дар паҳлӯи гранкаҳо менавиштанд, то ки вақти макеткашӣ кор осон шавад.
Доимо бо кор банд буданд. Он касро ҳамеша дар ҳолати маводхонӣ, макеткашӣ, тарҷума ё дар сех назди саҳифабандон медидам. Аз ин рӯ, дар Тошканд барои ба тӯю маъракаҳо рафтан қариб вақт надоштанд. Дар Самарқанд ҳам, аз як-ду рӯз зиёд монда наметавонистанд. Вале дар ҳамин муддати кӯтоҳ кӯшиш мекарданд, ки аз дидори хешовандону дӯстон баҳравар гарданд.
Раҳматӣ обу ҳаво ва меваи Самарқандро бисёр дӯст медоштанд. Боре рӯзҳои истироҳат ба Самарқанд омадаму дар бозгашт барояшон дар як банкаи селитрӣ аз тути балхии ғарқ пухтаи ҳавлиамон, ки бемуҳобот ҳар донааш қандалотро мемонд, чида ба Тошканд бурдам. Пагоҳирӯзӣ онро бо нони осиёӣ рӯйи миз гузошта, ҳамкоронро даъват кардам. Раҳматака тути муддаои табъ пухтаю шаҳдаш баландро, ки ширааш ба лабу даҳон, дастҳояшон мечаспиданд, боиштиҳо хӯрда, бо шавқ гуфтанд:
– Шириниашро намегӯед, асал барин. Бо чаҳор донааш даҳони кас пур мешавад. Нахӯрам гӯед ҳам хӯрданатон меояд.
Бо вуҷуди серкорӣ болидакайфияту хушгуфтор буданд, устод. Ҳам ба худу ҳам ба ҳамкорон, хосса нисбати ҷавонони ҳамкасб серталаб ва ғамхор, ҳақгӯю адолатпарвар буданд. Дар як моҳ ду маротиба газетаҳои нашршударо разметка, яъне ҳаққи қалами ҳамкасбонро аз рӯйи адолат муайян мекарданд. Тарафдори ба ҳама аз рӯйи меҳнаташ ҳақ додан буданд. Аз ин рӯ, агар ягон ходими эҷодкор дар супоридани маводи худӣ дер монад, албатта, барояш дар шумораи оянда ҷой ҷудо мекарданд.
Раҳматака бо ҷавонон бисёр ҳазлу шӯхӣ менамуданд. Фурсат ёфта ба суханронӣ ва рафтору кирдори баъзе кормандон тақлид карда, ҳамаро механдонданд. Камбудиҳои рафиқонро самимона нишон медоданд. Агар худашон ба саҳве роҳ диҳанду баъд онро пай баранд, мардона тан мегирифтанд ва узр ҳам мепурсиданд.
Бо корафтода ё дӯстон самимона суҳбат мекарданд. Ба мақолаҳо сарлавҳаҳои хотирмон меёфтанд, тарҳи газетаро чун меъмор меофариданд. Асосан саҳифаҳои чорум ва баъзан сеюмро пешакӣ тайёр мекардем. Саҳифаҳои аввалро барои хабару мақола ва ё суратҳои таъҷилӣ холӣ мемондем. Бегоҳии ҳамон рӯз ин саҳифаҳоро ҳам пур карда, ба чоп месупоридем. Кори мо – аъзоёни котибот ҳамин хел буд. Рӯзнома бояд дар вақту соати муайяншуда ба дасти хонанда расад.
Луқмони Ҳаким фарзандонашро ҳамеша таълим медодааст, ки сарфи назар аз синну сол, ҷинсу нажод бо касе ошноӣ кунанд, ки дар одобу ахлоқ, донишу фарҳанг аз худашон пешқадамтар бошад. Ин гуфтаҳоро дар ёд дошта, ба Раҳматака ихлосу садоқат доштам. Зеро он кас дар синну сол аз ин ҷониб хеле бузург бошанд ҳам, мисли бародари ғамхор, дар муҳити редаксия ягона шахсе ба ҳисоб мерафтанд, ки дили маро ба кори ин идора гарм медоштанд. Инсони хоксору фурӯтан, некхоҳ, ҳамдилу шикастанафс ва дар баробари ин, донишманд буданд. Ҳаққу ҳалол, аз самими дил барои рушду камоли рӯзнома кор мекарданд, аз ташкилотчиёни якқавлу якмароми идора буданд.
Дареғо, ки марги ногаҳонӣ ин фидоии матбуот, публитсисти боистеъдодро дар айни камолот – 18 сентябри соли 1989 аз байни дӯсту рафиқонашон рабуд. Теғи марг дарахти пурмеваи умрашонро дар рӯзҳое бурид, ки кормандони рӯзнома, наздикону шогирдон ба ҷашни 60-солагии зодрӯзи устод тайёрӣ медиданд...
Восифӣ дар ҳасрати марги чунин мардони бузурги замон бағоят хуб гуфтааст:
Дареғу дард аз ин мардумон,
ки хок шуданд,
Ба теғи марг ҷигаррешу
синачок шуданд.
Абдусалом САМАДОВ,
номзади улуми филология.