ЖУРНАЛИСТОН БА ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚӢ НИЁЗ ДОРАНД

Ба қарибӣ дар толори Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ходимони матбуоти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ ва намояндагони РАО доир ба мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии таъмини озодӣ ба дастрасии ахбор» тренинг баргузор шуд.

Чорабинии мазкур ба мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии ходимони хидмати матбуот, ҳамчунин, ҳамкории журналистону блогерҳо баргузор гардид.
Он дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии журналистон ба мақсади дастгирии РАО» аз ҷониби Маркази рушди журналистикаи муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, якҷо бо сафорати Бритониёи Кабир сурат гирифт.    
Иштирокдорони тренинг доир ба асосҳои ҳуқуқии кору фаъолияти хидмати ахбор, РАО, журналистон ва блогерон маълумот гирифтанд. Дар рафти тренинг ҳуқуқу маҷбурият ва масъулияти хидмати ахбор, РАО ва журналистон, асосҳои ҳуқуқии дастрасии озод ба ахбор, қоидаҳои ҷойгузинии ахбор дар бораи ба воя нарасидагон дақиқ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: