ЖУРНАЛИСТОНИ БОИСТЕЪДОД МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба ҷашни 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз» ба муносибати супоридани мукофот ба ғолибон ва ҷоизадорони марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» чорабинӣ баргузор гардид.

Озмун бо ҳамкории Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, Агентии иттилоот ва коммуникатсияи назди Дастгоҳи Президент, Агентии кинематография, Иттиҳоди нависандагон, Ширкати миллии радиову телевизиони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди эҷодии «Тасвирий Ойина»-и ҷумҳурӣ ба амал омад.
Дар чорабинӣ фаъолони марказҳои фарҳангии миллии ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ, вакилони ҷамоат ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.
Раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Олимҷон Ӯсаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки пас аз қабули қарору фармонҳои Президент бинобар рушди журналистикаи кишвар ва беҳтар намудани фаъолияти Иттиҳоди эҷодии журналистон дар соҳа корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Асри XXI-ро асри илму техника меноманд. Аз ин рӯ, ҳоло дар дунёи муташанниҷ, аз ҷумла дар мамлакати мо низ бояд нақши журналист, матбуот, радиову телевизион ва интернет боз ҳам баландтар гардад ва журналистон бояд ҳамқадами замон бошанд. Албатта, журналистони собиқадор таърихи зиндае мебошанд, ки рӯзноманигорони ҷавон бояд аз онҳо бисёр чизро омӯзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд.
Дар  ҷамъомад раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид оид ба мавзӯи мавриди назар ва таҷрибаи ғании худ сухан кард. Вақтҳои охир теъдоди рӯзномаҳо хеле коҳиш ёфт, ки нигаронкунанда аст. Ин масъаларо чӣ хел бояд ҳаллу фасл кард? Ҳалли масъала дар дасти рӯзноманигорон аст! Журналисти имрӯз бояд се чиз – маҳорат, ҷасорат ва башорат дошта бошад.
Дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмун 491 нафар иштирокчиён  қариб бо ду ҳазор кори эҷодии худ иштирок намуданд. Шумораи зиёди  асарҳои эҷодии иштироккунандагон ба зиммаи ҳакамон масъулияти калон гузошт.
Дар поёни чорабинӣ ба ғолибону ҷоизадорони озмун дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: