ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

  • ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ӮЗБЕКИСТОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ӮЗБЕКИСТОН
  • ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Пӯшида нест, ки бо иродаи сиёсии сарони ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев тӯли чанд соли охир бисёр санадҳои таърихии тақдирсоз ба тасвиб расиданд ва рафтуои озод ба роҳ монда шуд.

Дар партави ин санадҳои тақдирсоз бисёр чорабиниҳо ба амал татбиқ мегарданд, гузарондани рӯзҳои адабиёту санъати кишварҳо ба ҳукми анъана медарояд, аз консерти чеҳраҳои ҳунари ду мамлакат халқҳои ба ҳам дӯсту бародар баҳра мебардоранд...
23 ноябри соли равон дар фурудгоҳи байналхалқии ба номи Ислом Каримови Тошканд ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро аҳли қалами пойтахт таҳти роҳбарии  раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров гарм истиқбол намуданд.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён дидан карда, бо таърих ва фарҳанги аҳди темуриён аз наздик ошно шуданд. Дар ин вохӯрии хотирмон ба меҳмонон каталоги «Дурдонаҳои Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён» туҳфа карда шуд.
Журналистони Тоҷикистон, ҳамчунин, аз Сенати Олий Маҷлис дидан карданд. Он ҷо вохӯрӣ бо аъзои Кумита оид ба масоили сиёсати ахбор ва таъмини ошкороӣ дар мақомоти давлатии Сенати Олий Маҷлис баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ сенаторон ва намояндагони ҳайат доир ба масоили муносибатҳои сиёсиву ҳуқуқии тарафайн, ҳамкориҳои иҷтимоӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию гуманитарии кишварҳои ҳамҷавор табодули афкор намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар байни ду кишвар танҳо дар моҳҳои январ-феврали соли равон савдо ва табодули амвол 411,4 миллион долларро ташкил додааст. 
Ба мақсади таҳкими дӯстии байни ду кишвар рафтуои ҳавопаймо ва поездҳои мусофиркашон дар хатсайри «Тошканд — Душанбе» ва автобус дар самти «Тошканд — Хуҷанд», «Тошканд — Душанбе» ба роҳ монда шуд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон, Самарқанд, Сурхондарё, Тошканд ва шаҳри Тошканд марказҳои миллии фарҳангии тоҷикон фаъолият доранд...
Бегоҳии ҳамон рӯз журналистони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ходимони расонаҳои ахбори умум ва ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» вохӯрданд. Ҳамкасбон доир ба дастовардҳо, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор намуданд. 
Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон О. Ӯсаров таъкид намуд, ки тӯли чанд соли охир дар кишвари мо доир ба таъмини озодандешиву ошкорбаёнӣ дар матбуот, шаффофияти  кору фаъолияти идораву мақомоти давлатӣ, рушди РАО корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ба тасвиб расидани меморандум байни Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳодисаи масарратбахш буд. Чанде қабл ҳайати журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафари корӣ доштанд. Имрӯз ҳамкорони тоҷикистонӣ меҳмони моянд. Доир ба беҳбуди кор дар ҳар ду кишвар пешниҳодҳои зиёде ба миён гузошта шуд. 
Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов изҳор дошт, ки  ба сабаби ангуштшумор будани журналистони касбӣ матбуоти тоҷикии Ӯзбекистон ва расонаҳои ахбори ӯзбекии Тоҷикистон ба кадрҳои журналист ниёз доранд. Агар дар факултетҳои журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  масъалаи тайёр кардани журналистони касбӣ барои матбуоти миллии  ду ҷумҳурӣ ҳаллу фасл мегардид, нур болои нур мешуд. Пешниҳодро журналистони ҳар ду ҷумҳурӣ пазируфтанд. Дар нишаст аз ҷониби мизбонон ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода таҳти кафкӯбиҳои аҳли нишаст ба раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов, ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик» Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ ва Саодат Бекназарова гувоҳномаҳои қабул ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро супурд.
Рӯзи дувуми ташриф гурӯҳи журналистони тоҷик сафарашонро дар шаҳри Тошканд идома доданд. Боздид аз Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон хотирмон буд.
Дар донишгоҳ ҷавонон ба бахшҳои журналистикаи байналмилалӣ, интернет-журналистика, журналистикаи телевизион ва радио, журналистикаи чопӣ ва ВАО, журналистикаи варзишӣ ва журналистикаи ҳарбӣ дар сатҳи бакалавр ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин донишгоҳи мазкур на танҳо дар тайёр кардани рӯзноманигорон, балки дизайнерҳо, медиа маркетингҳо, PR-менеҷерҳо ва кормандони хадамоти иттилоотӣ низ ихтисос дода шудааст, – гуфт муовини ректор оид ба корҳои омӯзиш ва парвариш Азизбек Ҳасанов.
Вай афзуд, ки дар ДЖКОӮ 3 факулта ва 5 кафедра мавҷуд буда, таҳсил дар бахшҳо ва ихтисосҳои шӯъбаҳои бакалавр, магистратура ва ғоибона сурат мегирад. Дар айни ҳол дар назди донишгоҳ Маркази захираҳои иттилоотӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Осорхонаи таърихи журналистика, студияи телевизионӣ ва радиолабораторӣ, фотолабораторӣ ва пресс-клуби донишҷӯён – маркази co-working фаъолият мекунанд. 
– Мо аз чунин истиқболи гарми шумо сарфароз ҳастем. Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавононе, ки ба касби журналистика шавқу ҳаваси зиёд доранд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бештар аз ҳама ба ин кор факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғул мебошад. Умедворам, ки дар оянда ҳамкориҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва бахшҳои рӯзноманигории мо бо ин донишгоҳ беш аз пеш тавсеа хоҳад ёфт, – гуфт раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода.
Маълум шуд, ки як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонӣ низ дар радифи ҳамтоёни ӯзбекистониашон ва ҷавонони соири кишварҳои дигар, мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон дар Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.  
Баъд меҳмонон аз бинои шабакаи телевизиони хусусии «ЗӯрТВ», ки ба ҳайси шабакаи иҷтимоиву фароғатӣ шинохта шудааст, дидан карданд. Дар ин ҷо онҳо  бо таҷҳизоту дастгоҳҳои техникии замонавӣ, ҷараёни кор ва тарзи ташкили намоишномаҳои муҳтавояшон гуногуни телевизионӣ ошно шуданд. Меҳмонон инчунин аз идораи радиошунавонии «Садои водӣ» («Водий садоси») низ боздид намуданд ва бо муҳтавои гуфторҳои он ошно шуданд.
– Намоишҳои телевизионии ин шабакаро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд одамони зиёд тамошо мекунанд. Барномаҳои хосу рангини он таваҷҷуҳи муштариёни худро дар кишвари мо низ ба худ ҷалб намудааст, – гуфт аз меҳмонон Фарҳод Ҷӯраев. 
Дар идома журналистони тоҷик аз бинои шабакаи телевизиони хусусии «Севимли» боздид карданд ва ҳамзамон бо фаъолияти кормандони нашрияҳои «Даракчи» ва «Суғдиёна» ошно шуданд.
Сафари корӣ ва эҷодии журналистони тоҷик ба шаҳрҳои бостониву бӯстонии Бухоро ва Самарқанд дар пеш аст.

Набия НОДИРОВА,
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигорони «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: