ЖУРНАЛИСТОНУ БЛОГНАВИСОН БО ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯИ ТОШЛОҚ ОШНО ШУДАНД

Дар вилояти Фарғона мувофиқи нақшаи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят сафарҳои матбуотии хабарнигорони расонаҳои давлативу мустақил ва блогнависон идома доранд.

Дар вилояти Фарғона мувофиқи нақшаи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят сафарҳои матбуотии хабарнигорони расонаҳои давлативу мустақил ва блогнависон идома доранд. Сафари навбатӣ ба ноҳияи Тошлоқ сурат гирифт. 
– Зикри он нуктаро лозим мешуморам, ки аз сафари қаблӣ то кунун дар ноҳияи Тошлоқ навигариҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастаанд. Сохтмонҳое, ки он вақт ба охир нарасида буданд, ҳоло анҷом пазируфтаанд. Ҳамчунин таъмини муҳоҷирони корӣ ба шуғл низ аз дастовардҳои хеле муҳими ҳокимияти ноҳияи мазкур мебошад. Онҳо шахсонеанд, ки дар давраи пандемия ба Ватан баргаштаанд. Бино ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳияи Тошлоқ аз теъдоди умумии муҳоҷироне, ки аз Русия ва кишварҳои дигар баргаштаанд, се ҳазору сесад нафар ба кор таъмин шуданд. Ду ҳазору нӯҳсад нафари онҳоро  мардон ва қисмати боқимондаро занҳо ташкил медиҳанд,– гуфт иштирокчии ин сафари матбуотӣ Илҳомҷон Муҳиддинов. 
Тавре ки блогнависи риштонӣ Аҳрорбек Ӯтанбоев иброз дошт, сафарҳои гузаштаи матбуотӣ барои боло рафтани малака ва маҳорати онҳо хеле мусоидат намуд. Ин бор низ сафарҳои матбуотиро бо рӯҳияи баланд ва босамар пушти сар хоҳанд кард. 
– Мо аввал аз “минтақаи хурди саноатӣ”-и мавзеи “Бешолиш” боздид намудем. Дар ин минтақа лоиҳаҳои гуногун мавриди тадбиқ қарор гирифтаанд ва корхонаҳои зиёд арзи вуҷуд кардаанд. Барпо гаштани ин корхонаҳо барои ба кор ҷалб намудани ҷавонони зиёди маҳаллӣ ҳамчунин, омили муҳим хидмат хоҳад кард,– меафзояд Аҳрорбек Ӯтанбоев.
Ба кор шурӯъ намудани Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Маҳсулотҳои нафти Фарғона”, ки ба қимати 45 миллиард сӯм дар “минтақаи хурди саноатӣ” сохта шудааст, дар нимаи дуюми соли равон ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Он масоҳати 2,3 гектар майдонро ишғол мекунад ва солона 30 ҳазор тонна нафт истеҳсол хоҳад кард. Дар ин корхона 160 нафар марду зан ба кор ҷалб карда шудаанд.
Маҳсулоти корхонаи мазкур аз сӯзишворӣ барои автомобилҳои гуногуни боркашу сабук, экстробензин, солярка, ҳамчунин сӯзишворӣ барои печҳо, мазут ва битуми нафт  иборат хоҳанд буд. Журналистону блогнависон аз боздиди ин корхона таассуроти амиқ ҳосил намуданд.  
– Дар идомаи сафари матбуотӣ ба ноҳияи Тошлоқ аҳли қалам кору фаъолияти хоҷагии фермерии наслпарварии “Тошлоқ чорво сервис”-ро омӯхтанд. Маълум шуд, ки ин хоҷагии фермерӣ  ба наздикӣ аз Австрия 70 сар моли шохдор овардааст ва ба парваришу зиёд кардани он машғул мебошад.
Иштирокчиёни ин чорабинӣ аз маҷмӯаи савдо низ боздид намуданд. Ин маҷмӯаи савдоро соҳибкори тошлоқӣ Салимҷон Қодиров ташкил кардааст.
Бо истифода аз фурсат Салимҷон Қодировро ба сӯҳбат кашидем.
– Замоне фаро расид, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳо тӯйхонаҳои зиёд сохта шуданд. Ман низ аз ин раванд дар канор намондам ва ба бино кардани тӯйхонаи боҳашами “Водии заррин” камари ҳиммат бастам. Он барои шашсад  нафар муқаррар шуда буд. Пандемияи коронавирус моро маҷбур кард, ки ба ҳаёт бо назари дигар нигоҳ кунем. Дар ноҳияи мо низ баргузории тӯйҳои ҳашаматнок ба тартиб дароварда шуд ва мо аз он хулосаи даркорӣ баровардем. Бо анҷоми корҳои бозсозӣ ин тӯйхонаро ба маркази тиҷорату савдо табдил додем, – изҳор кард Салимҷон Қодиров.
Вай афзуд, ки ҳоло дар бинои боҳашами тӯйхонаи собиқ 50 нуқтаи савдо, нуқтаҳои таомхӯрӣ, маркази омӯзишии ҷавонон ва амсоли он арзи вуҷуд намудаанд. 100 нафар зану марди маҳаллӣ дар ин ҷо машғули фаъолият мебошанд ва ризқу насибаи худро пайдо мекунанд.
Дар идомаи сафари матбуотӣ журналистону блогнависон ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сада ташриф оварданд. Дар ин маҳалла сохтмони шаш бинои баландошёна бо суръат идома дорад. Дар ояндаи наздик аъзои 200 хонаводаи ноҳияи Тошлоқ дар ин хонаҳои баландошёнаи замонавӣ ва дорои шароити мувофиқ зиндагӣ хоҳанд кард.  
Дар ин ноҳия бештар аз 1 ҳазору 200 хонавода тавассути талошҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сувтаъминот” бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардидаанд. Соли равон дар минтақаи Дашти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қуйи Яккатут бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ  бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Барои  бо барқи доимӣ таъмин кардани аҳолӣ низ корҳои зиёд сурат мегиранд. Аз ҷумла, ба таври иловагӣ панҷ трансформатори қавӣ насб гардидааст.
Дар ноҳияи Тошлоқ сохтану ба истифода супурдани ҳавлиҳое низ  идома дорад, ки дорои чаҳор сотих замин низ мебошанд. Соли гузашта сохтани ҳафт хонаи баландошёнаро тарҳрезӣ карда буданд. Яке аз ин хонаҳо бо кӯмаки молии Бонки осиёии рушд сохта шудааст. Шаш хонаи дигар аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шудаанд. 
Масъалаҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи иштирокчиёни сафари матбуотӣ қарор гирифтанд, аз ривоҷи туризм, коҳиш додани ҷинояткорӣ, ифтитоҳи китобхонаҳои нав, ба донишгоҳҳо дохил шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти миёна  иборат буд.
Ҳокими ноҳия Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев ва роҳбарони се сектор дар бораи ин масъалаҳо ва мавзӯҳое, ки барои журналистону блогнависон шавқангез буданд, маълумотҳои дақиқ доданд.  
Сафари матбуотии хабарнигорони расонаҳои давлативу мастақил дар вилоят идома хоҳад кард.

Мирзоҳид МИРЗОЕВ,
сармутахассиси  бахши вилоятии  Агентии ахбори оммавӣ 
ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: