«ЗИ ДОНИШ ДИЛИ ПИР БАРНО БУВАД»

Шукри Парвардигор, ки зодгоҳи мо — Самарқанди бостонӣ аз қадим маскани илму фарҳанг буд ва хоҳад монд.

Шукри Парвардигор, ки зодгоҳи мо — Самарқанди бостонӣ аз қадим маскани илму фарҳанг буд ва хоҳад монд. Ин сарзамин гаҳвораи алломаҳои зиёд аст. Дар замони соҳибқирон Амир Темур ва набераи ӯ Мирзо Улуғбек Самарқанд ба яке аз марказҳои илмии давр мубаддал гардида, олимон Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Ҷамшед, Салоҳиддини Мусавӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Классикони машҳури адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳам дар Самарқанд таҳсил кардаанд.
Донишгоҳи давлатии мо, ки бидуни муболиға аз мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек сарчашма гирифтааст, имсол 600-солагии он тантанавор ҷашн гирифта хоҳад шуд. Ман аз он ифтихор дорам, ки дар ин боргоҳи илм таҳсил гирифтам ва як умр ба насли наврас сабақ додам. Ҳоло садҳо нафар шогирдонам дар соҳаҳои гуногун адои вазифа карда, барои гул-гулшукуфии Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд. Дар байни онҳо арбобони давлат, сафирон, адибон, академикҳо ... ҳастанд.
Дар арафаи иди аз ҳама бузургу азиз 29-солагии истиқлолияти  кишвари маҳбубамон ба ман ҳам тибқи фармони Президент мукофот дода шуд, ки қалбам аз шодӣ лабрез гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар мамлакати мо ҳурмату эҳтиром ба аҳли илму дониш баланд аст. Қариб 60 соли ҳаёти камина бо донишгоҳ вобаста мебошад.  Рост гуфтаанд, ки: 
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно 
бувад.

Муслиҳиддин МУҲИДДИНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии
Самарқанд, барандаи ордени «Эл-юрт ҳурмати».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: