ЗИ КӮЗА ОН ТАРОВАД, ҲАРЧИ ДАР ӮСТ,

ё худ чанд андеша роҷеъ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забон ва адабиёти тоҷик

Ҳар сол чун анъана байни мактабҳои таълимоташон миёнаи умумӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ олимпиадаи фанҳо (фанҳои асосӣ) баҳри муайян намудани қобилияту салоҳияти хонандагон дар чор зина баргузор мегардад.Зинаи чоруми олимпиадаи фанҳои забони тоҷикиву адабиёт  дар вилояти Фарғона баргузор гардид.
Банда низ чун узви ҳайати ҳакам дар ин олимпиада ҳузур доштам. Дар ин зинаи озмун хонандагон аз вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Сурхондарё, Намангон, Тошканд, Навоӣ ва Сирдарё сенафарӣ, ҷамъ 27 нафар ширкат варзиданд. 
Рӯзи аввали озмун хонандагон ба иншои эҷодӣ машғул гардида, рӯзи дуввум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик донишашонро ба тариқи тест санҷиданд.
Азбаски ба ҳар синфхона мувофиқи Низом роҳбар ва нозир таъин гардида буд, ҳайати ҳакам ҳуқуқи ворид шудан ба синфхонаро надоштем. Хонандагон баъди мушаххаснамоии мавзӯъ таҳти назорати видеокамераҳои синфхонаҳо дар мӯҳлати муайянгардида иншоҳои эҷодиашонро ба охир расонда, ба масъулон супурданд. Масъулони  синфхонаҳо ба ҳар иншо коди махсус гузошта, барои санҷиш ба дасти мо доданд. Яъне мо намедонистем, ки иншо ба қалами кӣ мансуб аст, ҳарчанд ки ягон нафари онҳо барои мо шинос набуд ва рафти кори мо низ таҳти назорат қарор дошт.
Пеш аз оғози санҷиши иншоҳо устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ф.Исомиддинов таъкид карданд, ки ба ҳаққи касе набояд хиёнат кунем.
Иншо як навъи нақли хаттист, ки эҷодкориро тақозо мекунад. Иншоҳои хонандагон, ки ҳама дар як мавзӯъ навишта буданд, аз салоҳият, қобилият, тафаккуру ҷаҳонбиниву саводнокии онҳо гувоҳӣ медоданд. Дар баробари он ки иншоҳои хубу аъло аз ҷониби чанд хонанда иншо ёфта буд, иншоҳое низ ба чашм расиданд, ки мақоли «ранг бину ҳол пурс»-ро ба ёд меовард. Ҳошияи ҳар сатри саҳифаҳо аз нишондоди ғалатҳо рангин шуда буданд.  Ба ҳамин савияи донишу матнофарӣ то зинаи ҷумҳуриявӣ расидани онҳо тааҷҷубовар. 
Мувофиқи меъёр ба иншои хонандагон 50  холи максималӣ муқаррар шуда бошад ҳам, касе  аз хонандагон натавонист иншояшро ба ин меъёр расонад. Муҳимтар аз ин, даъвоҳои беасос, ки гӯё ба хонандагон холи паст гузошта бошем, маро хеле дилгир кард. Ҳатто муаллимони хонандагон шогирдонашонро водор карданд, ки барои корро аз нав санҷидан ариза нависанд. 
Мувофиқ ба меъёри баҳогузорӣ ба иншо ду навъ баҳо гузошта мешавад: яке барои мазмун (то 30 хол) дигаре барои саводнокӣ (то 20 хол).
Чанде аз иншоҳо дубора санҷида шуд ва зимни баҳсҳо бо муаллимони хонандагон ҳаминро ҳис кардем, ки муаллимон ҳам чандон саводи казоӣ надоштаанд, аз қоидаҳои имлои ҷорӣ ҳатто хабаре надоранд. Пас шогирдонашон чӣ гуна мувофиқ ба талаботи имлову услуб иншо нависанд?
Дар ҷараёни тест ҳам мувофиқи Низом  ҳайати ҳакам ширкат наварзид ва масъулони озмун баъди кодгузории варақаи ҷавобии тестҳо онро барои санҷиш ба мо доданд. Саволномаи тест аз ҷониби Маркази тести ҷумҳурӣ мураттаб гардида, дар он ҳеҷ гуна ғалати  имлоиву техникӣ ба назар намерасид. Калиди тестҳо аз ҷониби ҳайати ҳакам санҷида шуд, мувофиқати он ба саволномаи тест тасдиқ гардида, баъди он дар асоси ҳамон калиди тест варақаҳои хонандагон санҷида шуд. Ҳар хонанда мувофиқ ба ҷавобаш холҳоеро сазовор шуд. 
Чизе, ки моро дар иҷрои тестҳо  дар ҳайрат гузошт, аз 50 холи максималӣ 12-13 хол гирифтани баъзе аз иштирокдорони озмун буд. Бояд зикр кунам, ки саволнома дар асоси Барномаи таълимӣ, китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик мураттаб гардидааст. Саволҳо душвор набуд, аз қабили: решаи калимаро нишон диҳед, сохти калимаро муайян кунед. Ин ҷумла ба кадом навъи ҷумлаи соддаи яктаркиба мансуб аст? Ин ҷумла ба кадом хели ҷумлаи пайрав мансуб аст? ва ғайра, ки ҳамаи ин мавзӯъҳо дар мактаб таълим дода мешаванд. Ҷавоби дурустро нишон дода натавонистани хонандагон аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Ҳатто як рубоии Хайём оварда шуда, муайян кардани жанри он супориш дода шуда бошад ҳам, баъзе аз хонандагон ба ҳамин савол ҳам ҷавоби дуруст нагардондаанд. Дар натиҷа, аз кӯзаҳо ҳамон таровид, ки дар он буд.
Бо боварии том мегӯем, ки дар ин озмун ҳақ ба ҳақдор расид. Мо, се нафар ҳайати ҳакамон, ки аз ноҳияи Сӯх будем, чаро як нафар сӯхиро натавонистем ба зинаи боло барорем?  Магар ин хиёнат ба ҳаққи кас?
Офарин ба ғолибон! Ҳалолатон бод! Холе, ки соҳибӣ кардед, натиҷаи меҳнати шумост, натиҷаи заҳмати устодони шумост. Барои шумову устодонатону волидонатон ҷойҳои ифтихорӣ муборак бошад! 

Ҷумъаи ҶАМОЛ, 
узви ҳайати ҳакам устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: