Баҳор фасли таровату тозагӣ, шукуфоиву зебоӣ аст.
Баҳор фасли таровату тозагӣ, шукуфоиву зебоӣ аст. Наврӯз фарорасии ин фасл ва паёмовари ҳамаи орзуву омоли инсон мебошад. Ҳамчунон ки шеърро аз шуур наметавон ҷудо кард, Наврӯз низ аз баҳору табиат ҷудонопазир аст.
Таваҷҷуҳи халқ ба Наврӯз бесобиқа аст ва баҳору Наврӯзро бидуни шеъру суруд наметавон тасаввур кард. Шояд дар тӯли таърих дар васфи ҳеҷ ҷашне мисли баҳору Наврӯз ин қадар зиёд шеъру тарона насуруда бошанд.
Сурудҳои баҳорӣ баёнгари онанд, ки дар ҳар ҳолате баҳорро гиромӣ доштаанд ва ба ақидаи фолклоршинос Додоҷон Обидов «баҳор фасле аст, ки аз оғози соли нав, зиндагии нав, аз талошҳои тоза ва пурсамар ва махсусан, аз оғози кору фаъолиятҳои нав ва ҷунбишҳои нав навиде меоварад ва мардумро ба сӯи корнамоиҳо ва комёбии нав ҳидоят менамояд».
Мардум ҳамеша баҳор ва Наврӯзро гиромӣ доштаанд ва фаро расидани ин арӯси солро бо шодию хушнудӣ пешвоз гирифтаанд ва таровату зебоии баҳорро дар суруду таронаҳои худ бо самимият ифода намудаанд:
Фасли Наврӯз омаду саҳро ҳама шуд лолазор,
Шодмонӣ дар дили пиру ҷавон шуд барқарор.
То шавад роҳат муяссар мардуми бечораро,
Бо каланду ҷуфт деҳқон мешавад машғули кор.
Дар баҳор замин қолини сабзро ба бар карда, табиатро ҳусни дилангезу ботаровате мебахшад, гулҳои зарду сафед, сурху нилгуни баҳорӣ шукуфон шуда, табиатро боз ҳам рангинтару зеботар, оламро дилработар менамоянд.
Устод Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Бухоро менависад: «Ба сабаби дар аввали баҳор дар вақти ба ҳаракат даромадани рустаниҳо рост омадани ин ид (Иди Наврӯз – А.Ш.), табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: «Ҳамал – ҳама чиз дар амал». Дар ҳақиқат Наврӯз ҷашни растохези олами хуфта, бедоршавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва пайванди ногусастании инсон бо замин мебошад:
Баҳор омад, баҳор омад,
Баҳори лолазор омад.
Ба деҳқон вақти кор омад,
Ба чӯпон тӯли мол омад.
Ҳама гулҳо қатор омад,
Гули савсан савор омад.
Баҳори нав муборак бод!
Воқеан ҳам, бо омад-омади баҳор марди деҳқон синаи заминро омодаи кишт мегардонад ва бо дастони нерӯманди худ ба замин дона кишт мекунад ва дар дил барои беҳрӯзӣ ва зиндагии навине ба кори самарабахш умед мепарварад. Бинобар ин, ӯ омадани баҳор ва Наврӯзро бесаброна интизор мешавад.
Дар сурудҳои наврӯзӣ ва баҳорияҳо масъалаи тараннуми баҳор ва тасвири хислатҳои он мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Масалан, дар сурудҳои поён баъзе аз ҷиҳатҳои умдаи табиат инъикос ёфтааст:
Баҳор омад, димоғи андалебон тозаю тар шуд,
Либоси наварӯсони чаман сабзу муаттар шуд.
Ё ин ки:
Иди наврӯз омаду олам дигаргун мешавад,
Ҳар гиёҳе, ки бувад, аз хок берун мешавад.
Дар сурудҳои боло низ сухан, асосан, аз хусуси таърифу тавсифи хушгувориҳои баҳор ва фаро расидани он рафтааст. Дар ин суруд зимни шодмонии мардум аз фаро расидани баҳор, дамидани сабзаву аз хок берун шудани гиёҳҳои «бешумор» аз бӯи баҳор «тоза» шудани димоғи андалебон таъкид гардидааст. Ба ифодаи дигар, дар байтҳои болоӣ масъалаи эҳёгари воқеии табиат будани баҳор, бо омад-омади худ ба олами ҳастӣ ҷони тоза ато кардани он васеътар ифода ёфтааст.
Суруду таронаҳои ба ҷашни Наврӯз ва айёми баҳор бахшидаи халқӣ, асосан, мазмун ва мундариҷаи тавсифӣ доранд. Ин гуна шеъру сурудҳо табиати зебо ва манзараи сабзу хуррами баҳориро васф мекунанд. Инчунин, таронаҳои баҳорӣ ва наврӯзӣ тасаввури мардумро дар хусуси табиат, рӯидани сабзаву шукуфтани гул ифода менамоянд:
Себарга бигуфт: «Рӯйи замин сабза манам»,
Бунафша бигуфт: «Ҷавони сабзина манам».
Садбарг бигуфт: «Лофи беҳуда мазан,
Дар кокули ошиқони пурғамза манам».
Дар як қисми сурудҳо бо шодию нишот Наврӯзро пазироӣ кардани мардум, ғанимат донистани лаҳзаҳои хуше, ки Наврӯз ба армуғон овардааст, бозтоб гардидааст:
Наврӯз фаро омада бо ахтари фирӯз,
Бо ахтари фирӯз фаро омада Наврӯз...
Сурудҳои баҳорӣ ва наврӯзӣ ба кас рӯҳияи тоза, қувват ва умед мебахшанд, дилҳоро ба ҷӯш меоваранд ва саршор аз шодмонӣ ва фараҳ месозанд. Дар онҳо на фақат ибрози табрику таманниёт, самимият ва эҳтироми мардум нисбат ба якдигар, балки рӯҳияи хушбинӣ, шавқу завқ ва эҳсоси муҳаббати онҳо нисбат ба табиат васф шудаанд.
Хулоса, сурудҳои наврӯзӣ ва баҳорияи халқӣ сурудҳои нишотоваранд. Онҳо ғаму андӯҳро аз дилҳо дур мекунанд, умед ва завқи одамонро нисбат ба зиндагӣ ва меҳнат афзун мегардонанд. Ин гуна сурудҳо шукӯҳи ҷашни Наврӯзро меафзоянд, онро ба базми тарабу сурур табдил мегардонанд.
Акмал ШЕРНАЗАРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.