ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР...

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ҶАШНИ САДА

«Сада» – номи ҷашни бузурги ориёиҳо ва пайвандони ин шаҷара, хусусан, эронитаборҳо, аз ҷумла худи мо – тоҷикон мебошад, ки бинобар иттилоот ва баъзе кутуби таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ-таърихӣ, қариб то охирҳои асри XII милодӣ гузаштагонамон таҷлил мекардаанд.
Дар бораи таърих, чигунагии одоби таҷлил ва асосгузорони ҷашн ба таври мухталиф бошад ҳам, дар замони имрӯза метавон дар асоси адабиёт фикр баён кард. Аз онҳо дар бораи таърихи пайдоишу асосгузор ва маънои «Сада» ва чаро чунин ном доштану манзур аз бузургдошти он назди гузаштагон чӣ будааст, маълумоти басо ҷолибро дарёфт кардан метавон.
Нахуст ҳаминро бояд гӯем, номи ин ҷашн, ид ё бузургдошт, ки гузаштагон «Сада» гуфтаанд, чӣ маънои луғавӣ дорад? Мувофиқи нигоштаи Муҳаммад Ғиёсиддин: «Сада» дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи Баҳман бошад... Ва дар «Сироҷ» навишта, ки Сада, (бо фатҳатайн) даҳуми рӯзи баҳман; чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарси борат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда; ва лафзи «сад» дар асл бо сини  муҳмала аст, ки ҳоло бо сод машҳур шуда». 
Дар луғати «Деҳхудо» бошад, чунин омада: «Сада. Аз сад+а, бадал аз фатҳаи охир (пасванди нисбат). Луғати мансуб ба шумораи сад...» дар ҳамин фарҳанг ин хабар ҷолиб менамояд, ки «ишора ба гузаштани сад рӯз аз оғози зимистон...» омадааст (зеро эрониён як солро ба ду бахш мекарданд – тобистон ҳафт моҳ ва зимистон панҷ моҳ). 
Чунон ки дидем, дар ин фарҳангҳо маънои вожаи «сада»-ро бо шумораи сад (100) мансуб донистаанд. Аксари китобҳои таърихӣ ва илмӣ ҳам дар мавриди ин ҷашн шумораи садро зикр кардаанд. Масалан, аз «Ат-тафҳим»-и Берунӣ мехонем: «Сада чист? Обон рӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум. Оташҳо зананд ва гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд ба гирди он шароб хӯранд...Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб...»  
Дар «Осор-ул-боқия» маълумоти нисбатан васеътари таърихӣ оварда шудааст ва мазмунан ин, ки аз таърихи Измоил (Армаил)-и ошпази даргоҳи Заҳҳок ва хидматҳои Измоил, ки ҷони чандин нафарро халос намуда, ба кӯҳи Дамованд мефиристад, ки то рӯзи муносиб он ҷо бошанд. Ниҳоят пас аз футӯҳоти Фаридун ин ҳама мардум ба хидматҳои Измоил гувоҳӣ дода ва барои нишон додани худ аз кӯҳи Дамованд оташ меафрӯзанд, то Фаридун онҳоро дида, Измоилро ҷузви наздикони худ мекунад. 
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» маълумоте овардааст, ки бо зикри Берунӣ мувофиқ аст: «Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро баргирифта ва мулк бар вай (манзур Фаридун – Х.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод...». 
Маълумоти Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ ҳам ҷолиб буда, ин идро дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон ба ҷадвал» зикр кардааст. Ба ақидаи ин таърихнигор: «Чунин гӯянд муғон, ки андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Мешӣ ва Мешона ва эшон ду мардуми нахустин буванд, чунонки мусалмонон гӯянд Одам ва Ҳаво, муғонро ин ду тан буданд...». Пас аз зикри ин ҷумла, оид ба панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб мондан то ба Наврӯзро зикр карда, сабаби дар ин шаб оташ афрӯхтанро ҳамоно ба ғалабаи Фаридун ва натиҷаи хидмати Армойил, ки «сад мардум»-ро аз куштан ба хотири туъмаи морони Заҳҳок озод карда буд, овардааст: «Ва Армойил бифармуд, то он мардумони мутанаккир ҳар касе оташе ҷудогона бияфрӯхтанд. Пас сад оташ бияфрӯхтанд, чунонки ҳамаро Фаридун бидид». 
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ оид ба ин ҷашн боби алоҳида бо номи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» ҳаст. Фирдавсӣ таърихи ин ҷашнро ба рӯзи ҳосилу кашфи оташ, ки дар натиҷаи сангеро партоб кардани Ҳушанг ба сӯйи мори сиёҳ, ки падидор шуд ва мардум тарзи коркарди оташро омӯхтанд, пас ин ҳосилро бузург доштанду ҷашн гирифтанд, вобаста мебошад:
Зи Ҳушанг монд ин
 Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. 
Аммо баъзе аз пажӯҳишгарон ин идро тамоман ба оташ ва пайдоиши он ё рақами сад вобаста намедонанд ва оташро танҳо ба сифату рамзи сузонандаи бадӣ ва торикӣ медонанд, ки нишони қувваҳои Аҳриман аст ва ба ҳамин хотир дар рӯзи ҷашни Сада оташ меафрӯзанд.  
Дар ин мавзӯъ авестошинос ва устурашиноси номдор Меҳрдоди Баҳор, дар пажӯҳишҳои «Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон» ва «Аз устура то таърих» андешаҳои хуби мантиқӣ баён карда, ҳатто вожаи «Сада»-ро, ки аксари гузаштагон ба маънои шумора фаҳмида ва дар ҳамин асос ибрози андеша намудаанд, инкор кардааст, ки хулосаи онро меорем: «Тавҷеҳи он бо адади «сад» иштиқоқи омиёна аст, чунон ки панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб монда ба Наврӯзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман Сада аз решаи санд (sand)-и авестоӣ аст ба маънии «зоҳир шудан».  
Муҳаққиқ Ризо Муродии Ғиёсободӣ ҳам назарияи Берунӣ дар бораи иртиботи вожаи «сада» ба адади садро рад кардааст, ки зикри он ин ҷо муҷиби тадвил аст.
Хулоса, дар бораи ин ҷашни бостонӣ маълумот бисёр аст, баъзе бо ҳам мухолиф буда, ҳамоно барои дарёфти асли ин вожа ва ҳақиқати таърихи ҷашн хонандаро ба худ ҷалб менамояд ва намешавад, ки дар бораи ин ид ҳукми охирро гӯем ва ба мавзӯъ хотима бахшем. Инак, айни ҳол ба ин натиҷа расидем, ки яке аз сабабҳои асосии ҷашни Сада ҳамоно «пурра ошкор шудан», «намудор шудан»-и Хуршед (Офтоб) мебошад, ки тамоми пешрафти зиндагӣ, шукуфоӣ, ризқу рӯзӣ, чорводорӣ ва кишту кори одамон марбути ҳамин гармии Хуршед буд ва ҳаст. Чунон ки Наврӯз, пеш аз ҳама оғози соли нави гоҳшумории аҷдодро ифода мекарду мекунад, Меҳргон ва Сада ҳам чунинанд, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳо, хусусан, кишту кор ва нигоҳубини чорво ҳамзамон сириштаву тайёр кардан ва то баҳорон расонидани озуқаи худӣ ва ҳайвонҳои хонагӣ ва орзуи расидан ба рӯзҳои гарму офтобӣ аз чунин ҷашнҳо истифода мебурданд ва ё тақвими худро мувофиқи ҳамин санаду идҳо ба роҳ монда будаанд. Гузаштагони мо мувофиқи фаҳмиши худ солро ба се ҷашни бузург тақсим кардаанд, ки мақсад аз онҳо на фақат хурсандӣ, балки пешбинии корҳои навин, донистани айёму вақт ва фасли сол будааст. Меҳргон дар баробари иди ҳосил боз охири сол ва пас аз чанд рӯзи он гӯё марги хуршед буд. Сада – иди Хуршеди чилрӯзаест, ки дар шаби Ялдо тавлид шуда, нишону умед бар наздик мондани Соли нав – Наврӯз ва айёми кишту кори баҳорӣ мебошад.

Холмурод МУРТАЗОЕВ,
доктори фалсафа оид ба илмҳои филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: