ЗИКР ВА ТАҲЛИЛИ КОРҲОИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА ОБОДОНӢ

Маълум аст, ки сарвари давлат зимни ташрифи худ ба вилояти Ҷиззах ба роҳбарон супориш дода буд, ки шаҳри Гагарин ба тариқи намуна пазируфта шавад ва дар саросари вилоят лоиҳаи «Илғор ҳудуд» ҷорӣ гардад.

 Бо ин роҳ дар маркази ҳамаи шаҳру навоҳӣ корҳои  ободонӣ ва барқарорсозӣ амалӣ шаванд.
Инак, дар муддати сипаригардида дар маркази ноҳия шаҳраки Боғдон корҳои азими бунёдкорӣ ҷараён гирифтанд.
Биноҳои атрофи роҳи калон кӯҳнаву фарсуда шуда, ҳусни шаҳрак кайҳо коҳида буд. Аз ин рӯ мардум ҳамеша ба якдигар бо назари суол менигаристанд. «Кай ноҳияи мо ҳам монанди Мирзочӯл, шаҳри Гагарин рӯ ба ободӣ мениҳад?».
– Соли ҷорӣ мувофиқи реҷаи меъморӣ амалӣ сохтани бинокориҳо ба тасвиб расид, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Фориш Фаррух Амиров. – Бинобар ин ҳоло тибқи ин реҷа васеъ намудани роҳи калони мошингарди кӯчаи марказӣ амалӣ мегардад. Танҳо барои таъмир ва азнавсозиҳои маркази ноҳия зиёда аз 600 нафар ва 20 техникаи гуногун ҷалб карда шудаанд.
Ба Боғдон вақте наздик шудед, дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқтеппа», деҳаи Тутак  – боғи истироҳатии ноҳия бунёд меёбад. То ин дам атрофи он бо панҷараи оҳанин маҳкам ва  дар кӯчаҳо ускунаҳои равшанидиҳанда устувор карда шудаанд.
Дар ду ошёнаи аввали бинои сеошёнаи прокуратура, ки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Евро спорт» сохтмони онро бар ӯҳда гирифтааст, корҳо ба анҷом расидаанд. Ошёнаи сеюмро таъмир мекунанд. Сипас корҳои пардоздиҳиро ба поён мерасонанд.
Бо саъю эҳтимоми тадбиркори саховатпеша Туркман Хавосов дар даромадгоҳи Боғдон бунёди масҷид ҷараён дорад. Девори бинои масҷидро бо хишти пухта бардоштаанд. Дар сурати ба кор даромадани ин масҷиди ҷомеъ дар як вақт 600-800 нафар намозхонҳо метавонанд ибодатро баҷо оваранд.
Дар қисми чап ва рости даромадгоҳи маркази ноҳия биноҳои панҷошёнаи истиқоматӣ месозанд. Қариб панҷоҳ нафар бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агростандартплюс» дар сохтмони ин биноҳо меҳнат мекунанд. Ба ғайр аз ин рӯзҳои наздик барои 24 хонадон хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода супурда мешавад.
– Якчанд нафар тадбиркорон, ба мисли Аброр Назаров, Ҳамза Тағоев, Марзия Ӯришева, Самара Бурҳонова, Рустам Нарзиев, Калол Ибатов, Зойир Тағоевҳо дар ду тарафи кӯчаи ба номи Амир Темур маҷмӯаҳои гуногуни савдо, хизматрасонӣ сохтанд, ки ба истифода пасу пеш супурда мешавад, – мегӯяд мутахассис оиди корҳои рушд додани саноат, сохтмони капиталӣ, коммуникатсия ва хоҷагии коммуналии ҳокимияти ноҳияи Фориш Шаҳбоз Аббосов. – Мо аз ин саъю ғайрат ва ташаббуси онҳо миннатдорем. Баробари ин дар бинои шуъбаи фарҳанг корҳои реконструксия идома доранд. 
Албатта, дар кори сохтмон шитобкорӣ нашояд. Ҳар як бино, иншоот муддати муайян доранд, ки пурра сохта ба истифода супурда шаванд. Дар сохтмони бозори деҳқонии Фориш, «Гузари ҷавонон» маҷмӯи варзишии «Бачаҳо ва наврасон», муассисаи ғайридавлатии таълимии  томактабии «Хадичабону» ҳамин ҳолро мушоҳида кардан мумкин аст. 
– Аз масофаи 18,2 километр барои эҳтиёҷи аҳолиро бо оби ошомиданӣ қонеъ сохтан хати об кашида мешавад. То ҳозир дар 15 километри он корҳои хобонидани қубурҳои обгузар ба анҷом расидаанд.
– Солҳост, ки дар маҳаллаи ба номи Эргаш Калонови маркази ноҳия зиндагӣ мекунем. Барқарорсозӣ ва азнавсозиҳои хусусан солҳои охирро дида хеле хушҳол мегардем, – мегӯяд Бунёд Сироҷов ва модараш Дилрабо Сироҷова. – Корхонаҳои нав сохта ба истифода супурда мешаванд. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар ояндаи наздик салоҳияти иқтисодии ноҳия баланд мегардад.
Дар ҳақиқат, ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи саноатии «Mega Invest Industry» дар қаламрави ноҳия боиси хурсандии аҳолӣ гардид. Баробари ба охир расидани канали «Караман» имконият фароҳам оварда мешавад, ки бист ҳазор гектар замин корам гардад.
Заводи коркарди семент бо номи «Экосемент» сохта мешавад. Лоиҳаи сохтмони ин завод 1,1 триллион сӯм қимат дорад.
Мавриди гуфтан аст, ки дар маҳаллаҳои «Оқтеппа», «Нурак» ва «Дӯстлик» корҳои азими таъмиру тармим ба сомон расонида шуд. Чунончи, дар ҷамоати маҳаллаи «Дӯстлик» қариб чор ҳазор нафар умр ба сар мебарад. Дувуним ҳазор нафар аҳолӣ бо кор банданд. 6,5 километр масофаи роҳ рӯи таъмирро дид. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Давр қурилиш зиёси» корҳои таъмирро дар ҳудуди маҳалла иҷро кард.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: