«ЗИКРИ ХАЙР» ЗИНДА КУНАД НОМРО

Асари адабиётшинос, устоди ДДС ба номи Алишер Навоӣ Абдусалом Самадӣ аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси» бо номи «Зикри хайр» аз чоп баромад.

Муаллиф ба ҳадиси «гузаштагонро фақат ба некӣ ёд кардан кори савоб аст» амал карда, хотираҳои ширину гуворои хешро дар бораи чеҳраҳои шиносу машҳури Ӯзбекистону Тоҷикистон навиштааст. 
Дӯсти ҷонӣ ва ҷавониям А.Самадӣ аз одамони накӯкору накӯсиришт, ки дар зиндагӣ ҳалолу пок умр ба сар бурданду ба халқу Ватан аз сидқи дил хизмат кардаанд, ба некӣ ёд мекунад. Зеро шоири хирадманд, аллома Абдураҳмони Ҷомӣ насиҳат кардааст:
Умр сарфи касби номи нек кун, к-он номаро
Чун аҷал кӯтаҳ кунад, боқӣ намонад ғайри ном.
Воқеан, дар ин дунёи гузарону фонӣ аз инсон бояд кору амали хайр монад, ки боиси ба некӣ ёд кардан мешавад.
Абдусалом Самадӣ нахуст дар бораи доктори илмҳои филология, профессор Раҳим Муқимов қисса мекунад. Зеро аксарият муаллимони забон ва адабиёт ӯро ҳамчун омӯзгори варзидаю инсони дилписанд бо эҳтиром поси хотир мекунанд.
Хотираи ӯ доир ба ҳаёт ва фаъолияти номзади илми филология, собиқадори ҷангу меҳнат Раҳмон Эгамбердиев низ ҷолиби диққат аст. Мавсуф дар омода кардани луғати дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» саҳмгузор буд. Р.Эгамбердиев инчунин, дӯсти бачагӣ ва ҳамсабақи шоир Ҳабиб Юсуфӣ буда, дар бораи ӯ китоб ҳам навиштааст.
Дар очерки «Суханшиноси некмаҳзар» сурату сирати доктори улуми филология, профессор Раззоқ Ғаффоров ниҳоят дақиқ қаламдод шуда, фазилатҳои неки марҳум рӯйи коғаз омадаанд.
Инчунин, хотираҳои муаллиф оид ба устодони донишгоҳ Талъат Абдуҷабборов, Рауф Маъруфӣ, Ҳодӣ Ҳусайн Далилӣ, Нуриддин Шукуров, Солеҳҷон Ҳалимов, Шавкат Шукуров, Насриддин Шарофов, Абдуқодир Носиров, Малик Адашев ҷолиби диққатанд.
Муаллиф солҳои 1977-1980 дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») қалами худро чарх намуда, ба бисёр ходимони он «даъвои» шогирдӣ дорад. Банда он солҳо зуд-зуд ба идораи рӯзнома рафтуо доштам. Гарчанд суҳбатамон бо раҳматӣ Ҷонибек Қувноқ, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Муҳсин Умарзода ва дигарон ба қавле қаймоқ мебаст, аммо ҳамкорӣ ва ҳаммуаллифӣ бо Абдусалом мустаҳкам буд. Баъзан чунин мешуд, ки аз саргармии суҳбату шатранҷбозӣ гузаштани вақтро нафаҳмида мемондем. Дар чунин лаҳзаҳо Абдусалом маро ҳамроҳи худ ба кулбаи худ мебурд. 
Ӯ дар китоб доир ба ранҷу азобҳои рӯҳӣ, маънавӣ ва иқтисодии худ қисса накардааст, аммо дар бораи ходимони рӯзнома бо сипосгузорӣ хотираҳои нек дорад. Шояд аз ҳамин сабаб мақолаҳояш доир ба ҳаёти журналисти шуълавар Раҳматҷон Норов, шоир Ҷонибек Қувноқ ва дигарон хонандаро бефарқ намегузорад.
Бинобар хулосаи муаллиф месазад, ки ҳамаи онҳоро ба некӣ ёд кунем. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: