ЗИМИСТОН

Шаб худро ноҳинҷор ҳис кардам.

Константин ПАУСТОВСКИЙ 
(адиби рус)

То дер хобам набурд. Хоб дидам, ки гаранг шудаам. Чашмамро кушодаму гӯшҳоямро  маҳкам  карда хоб кардам. Кар наям, он сӯйи девор сукунати ғайриодӣ мавҷуд буд. Ингуна сукунатро  “мурда” ҳам мегӯянд. Борон меборид, шамол мевазид, боғ ором буд. Танҳо хурраккашии гурба шунида мешуд. Як вақт ба худ омадам, ки нур хонаро рӯшан мекард. Дар осмони меғолуд танҳо моҳ менамуд, ки гирдогирдашро ҳола фаро гирифтааст.
Дар рӯшноӣ ақрабакҳои соат сиёҳтоб менамуд. Соат ду шудааст. Ними шаб хоб рафта будам, худоё, наход, ки дар давоми ду соат курраи замин ин қадар тағйир ёфта, аз ғояти сардӣ ларзад?! 
Аз оина гунҷишки хокистаррангеро дар шохи чинор дидам. Вақте гунҷишк парида рафт, барф мисли шишарезаҳое, ки аз арча мерехта бошад ба замин рехт. Баъд боз атрофро хомӯшӣ фаро гирифт. 
Рувим бедор шуд. 
Барфи аввал ба замин чун нигин дар ангуштарин менамуд.
Гирду атроф мисли арӯси шармгин буд. Саҳарӣ ҳамаи мавҷудоти олам аз барфу хунукӣ ғиҷиррос мезад.
Ба нонуштаи саҳарӣ Митричбобо омаду ҳамаро бо барфи аввал табрик гуфт.
– Бо оби барф табиат хуб шустушӯй кард – гуфт Митрич. 
– Ин қабил гапҳоро аз куҷо меёбӣ, Митрич, – ҳайрон шуда гуфт Рувим.
– Дуруст-дия. Модари марҳумам мегуфт, ки замонҳои пеш занони соҳибҷамол бо оби барф оббозӣ мекардаанд, гӯё оби барф зебоии онҳоро то дер нигоҳ медоштааст.
Рӯзи барфи аввал куҷо хонашинӣ, мо роҳи кӯлеро, ки дар бешазор буд, пеш мегирифтем. Митрич бобо, ки пояш дард мекард бо мо то манзил рафта наметавонист. Бешазори равшан сокин буд. Гӯё, ки рӯз оҳиста мегузашт. Аз осмон гоҳ-гоҳ барфпораҳо мерехтанд.
Ҳарчӣ ба дарунтари дарахтзор медаромадем, меғ ғализтар мешуду лек ҳама ҷо ором буд.
Ниҳоят ғарами барф аз ҷояш лағжид. Ин ғарам сӯйи кӯл ҳаракат мекард. Шамолаш рӯйро харошида, бешаро чун дуд зер карда, обаш сӯйи кӯл мерафт.
Зимистон ба замин ҳукми худро мегузаронд...

Тарҷумаи 
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: