ЗИНАИ ХОТИМАВИИ АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ-ОЗМУНИ «ЯГОНАӢ ТУ, ВАТАНИ МУҚАДДАС!»

Дар қасри санъати «Туркистон»-и пойтахт зинаи хотимавии азназаргузаронӣ-озмуни «Ягонаӣ ту, Ватани муқаддас!» баргузор гардид.

Озмун барои офаридани сурудҳои нав, ки муҳаббат ба кишвари маҳбуб, садоқат ба Ватан, ҳаёти осоиштаи дар кишвар ҳукмфармо, дӯстии байнимиллӣ ва ҳамҷиҳатӣ, ҳисси шукргузориро ситоиш менамоянд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Озмун, ки ба 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шудааст, соли равон таҳти шиори «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» ташкил карда шуд. Дар озмун рағбатноксозии офаридани сурудҳое, ки мазмуни амиқ дошта, ҳисси дахлдорӣ ба тақдири Ватанро ситоиш менамоянд ва сарвати маънавии мамлакатамонро ғанӣ мегардонанд, пешбинӣ шудааст.
Зинаи аввали ин азназаргузаронӣ-озмуни анъанавӣ дар низоми вазоратҳои маданият, корҳои дохилӣ,  мудофиа, таълими олӣ ва миёнаи махсус, Гвардияи миллӣ, Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон, муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» гузаронда шуданд. Соли равон дар азназаргузаронӣ-озмуни «Ягонаӣ ту, Ватани муқаддас!», ки миқёсу нуфузаш сол аз сол баланд мегардад, беш аз 2 ҳазору 180 нафар ширкат варзид.
Дар зинаи хотимавӣ 10 иҷрогари эстрада, инчунин Дастаи халқии суруд ва рақси «Келажак ниҳоллари» аз Вазорати маданият, ҷамоаҳои вокалии «Гулдаста», «Зиё садолари» аз Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, 2 иҷрогари эстрада аз Вазорати мудофиа, дастаи суруду рақси Қасри маданияти Вазорати корҳои дохилӣ, 3 иҷрогари эстрада аз Гвардияи миллӣ, 2 иҷрогари эстрада аз Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон барои ғалаба байни худ баҳс карданд.
– Дар озмун маҳдудиятҳои синну сол, жанр ва дигар вуҷуд надоранд, – мегӯяд узви дастаи суруду рақси Қасри маданияти Вазорати корҳои дохилӣ Шералӣ Бекмуродов. – Дар зинаи аввали озмун, ки ба мақсади офаридани сурудҳои васфи Ватан ташкил карда шудааст, иҷрогарони касбӣ ва ҳаваскорон, ҷамоаҳои худфаъол, намояндагони муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар, иҷрогарони пуристеъдоди дастаҳои бадеии академӣ ва халқӣ ширкат варзиданд. Дар қатори онҳо мо низ бо дастаамон иштирок карда, ба зинаи хотимавӣ расидем ва «Аввал Ватан» ном сурудамонро иҷро намудем.
Аъзои ҳакам ба асарҳои мусиқа ва савияи матни шеър, маҳорати иҷро, либос ва маданияти саҳна баҳо доданд.
Ғолибони зинаи ҷумҳуриявӣ дар арафаи иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз – 28-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон эълон карда мешаванд.

Х. ҚОДИРОВ, 
мухбири ӮзА.    
 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: