ЗИНАИ НАВИ РУШДИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН

Панҷ ташаббуси Президент

ИМРӮЗРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ
Ӯзбекистон сол ба сол, рӯз ба рӯз ба зинаҳои рушду такомул қадам мениҳад ва боиси эътирофи ҷаҳониён мегардад. Дар чунин як замони муташанниҷ рӯ ба беҳбудӣ овардани мамлакати мо нишонаи он аст, ки халқи бисёрмиллати он аз як гиребон сар бароварда, барои ободиву осоиштагии Ватани худ пайваста заҳмат мекашад ва фурсати ғаниматро аз даст надода, дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои бузург ноил мегардад.
Инак, аз ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон 28 сол сипарӣ мешавад, онҳое, ки дар соли ноилгардӣ ба истиқлолият ба дунё омада буданд, имрӯз ба 28 қадам мегузоранд ва соҳиби оила, хонаву дар гардида, ба роҳбари оила ё корхонаву ташкилот табдил ёфтаанд.
Корҳои созандагие, ки махсусан, дар беш аз ду соли охир ба амал омадаанд, ба фардои дурахшон эътимод мебахшад, қалби миллионҳо нафарро аз ҳисси шодиву фараҳ лабрез месозад. 
Халқ мамнун аст, ки таҳти роҳбарии Президент Ш. Мирзиёев корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд ва фарёди онҳо фарёдрасе пайдо кардааст. Агар имрӯзро бо чанд соли пеш муқоиса кунем, фарқ аз замин то осмон аст. Аз ин хотир, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкории миқёси мамлакат камарбаста будани мардум эҳсос карда мешавад.
Воқеан, ҳаёт бо шиддат идома дорад, касе, ки фурсати имрӯзро аз даст медиҳад, фардо ба ҳеҷ комёбие ноил гашта наметавонад. Касе, ки имрӯз ба корҳои муҳим даст зада, онҳоро ба хубӣ ба сомон мерасонад, ояндае бузург пеши рӯ дорад, ки аз ба даст овардани муваффақиятҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёт иборат аст .
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бо ба инобат гирифтани ташаббусҳое, ки таҳти роҳбарии ӯ дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дарназардошти ҳифзи одату анъанаҳои ниёгон пиёда карда мешаванд, қайд мекунад. «...Ӯзбекистони азизи мо дар зинаи нави рушди миллӣ қарор дорад. Ин  зинаи нави ҳаёти озоду мустақил, мақоми боз ҳам баландтари бунёдкорӣ ва некӯаҳволӣ мебошад».
Панҷ ташаббуси муҳим, ки бо низоми нав бинобар ташкил кардани корҳои иҷтимоӣ ва маънавиву маърифатӣ бо насли ҷавон роҳандозӣ карда мешаванд, дар мисоли ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд татбиқ мегардад.
Мувофиқи маълумотҳо бо корҳое, ки бинобар панҷ ташаббуси муҳим дар ноҳияи Бӯка амалӣ мешаванд, ҳайатҳои вилоятҳо омада бо чунин дигаргуниҳо шинос гардида, таҷриба меандӯзанд. Аз ҷумла, ҳайати вилояти Сурхондарё рӯзҳои охир ба ноҳияи мазкур ташриф оварданд ва Хонаи маданияти ҳудуди маҳаллаи «Бӯстон», Боғи ҷавонон, иншооти соҳибкории замонавӣ, Китобхонаи халқӣ, маҷмӯи варзиш ба онҳо таассуроти амиқ гузошт. 
Ободии хонаводаҳо, ки бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд, шабакаҳои коммуникатсионии ба тозагӣ кашидашуда диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуданд. Хусусан, китобхонаи халқӣ бо мазмуну муҳтавои худ рӯҳияи одамонро болида сохт. Айни замон бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Тошканд бинобар ҷиҳозонидани китобхонаҳо чораҳо андешида мешаванд. 
Корҳои бунёдкорӣ ва маънавиву маърифатие, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Бӯка амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама, ҷавонон ва бонувонро ба ҳаёт, ба ояндаи дурахшон дилгарм месозад ва бар дӯши онҳо бори масъулият мегузорад, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда болои худ кор карда, ҷой ва мақоми махсуси худро дар ҷомеа пайдо кунанд ва ба дигарон намунаи ибрат шаванд. Дарвоқеъ, устувории ояндаи мамлакат ва миллат ба бонувон вобастагии қавӣ дорад, аз ин рӯ, бо шуғл таъмин кардани онҳо пояҳои ҳаёти солимро барои авлоди оянда мустаҳкам месозад. Дар ҳудуди ноҳия дидорбинӣ бо адибони машҳур, баргузоршавии чорабиниҳои варзишӣ, роҳандозии ярмаркаи китоб ҳаёти аҳолӣ, махсусан, ҷавононро рангин хоҳад кард.
Чандест, ки ноҳияи Бӯка рӯз то рӯз ба дигаргуниҳои назаррас мувоҷеҳ мешавад ва аҳолӣ дар шароити мусоид бо як ҳисси мамнуният кӯшиш мекунад, ки дар корҳои ободонӣ саҳми боризи худро гузорад ва ҳамқадами замон ба дастовардҳои бузурги моддиву маънавӣ ноил гардад.


ТАШАББУСИ ЯКУМ
Баланд бардоштани майли ҷавонон ба мусиқӣ, расмкашӣ, адабиёт, театр ва намудҳои дигари санъат
Бинобар маълумоти дастрас вақте ки корҳо доири панҷ ташаббуси муҳим, ки дари панҷ имкониятро боз мекунанд, шурӯъ шуд, дар мактаби №39 ноҳияи Бӯка ифтитоҳ намудани маҳфилҳои нав  бинобар сурудхонӣ, рубобнавозӣ ва доиразанӣ, технологияи компутерӣ роҳандозӣ мегардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар соҳаи варзиш аллакай комёбиҳо ба чашм мерасанд: байни бачагон чемпионҳои кишвар бинобар гӯштини камарбанд фаъолият доранд.
Таъкид мегардад, ки сафи маҳфилҳои китобдӯстон афзоиш меёбад, дар баробари ин, даҳҳо нафар хонандагон дар маҳфилҳои драма ширкат меварзанд.
Мувофиқи нишондодҳо беш аз 800 маркази маданият, 312 мактаби мусиқӣ ва санъате, ки дар миқёси ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамагӣ 130 ҳазор нафар писарону духтаронро фаро гирифтаанд. Ҳол он ки сафи иштирокдоронро зиёд намуда, завқи аксарияти ҷавононро нисбати намудҳои санъат бедор кардан мумкин аст. Бинобар ин, бо назардошти таваҷҷуҳи ҷавонон дар марказҳои маданият ва мактабҳои ҳамагонӣ фаъолияти 1 ҳазору 500 маҳфил роҳандозӣ карда мешавад.
Барои рафъи норасоии дастурҳои таълимӣ, маҷмӯи нотаҳо, асбобҳои мусиқӣ ва ҷиҳозҳо дар муассисаҳои мазкур,  марказҳои маданият ҷамоаҳои ҳаваскорони бадеӣ, студияҳои театри ҷавонон ва клубҳои ҷавонон созмон дода мешаванд.
Ба ҷуз ин, бинобар мавзӯъҳои муайян, дар музей, обидаҳои таърихӣ, қадамҷойҳо ва театрҳо дарсҳои сайёри таърих гузаронда мешаванд.
Дар ҳудудҳо бо ба инобат гирифтани ҳавасмандии ҷавонон маҳфилҳои иловагӣ ифтитоҳ мегарданд.


ТАШАББУСИ ДУЮМ 
Обутоби ҷисмонии ҷавонон, барои дар соҳаи варзиш қобилияти худро намоён кардани онҳо шароити зарурӣ фароҳам овардан

Дар миқёси мамлакат беш аз 12 ҳазор иншооти варзишӣ мавҷуд буда, онҳо барои фарогирии ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ кифоя намекунанд. Барои ҳалли ин муаммо мутахассисони малаканок доир ба соҳаи мазкур ҷалб карда мешаванд.
Дар миқёси ҷумҳурӣ бо анҷомҳои варзиш ҷиҳозонидани мактабҳои ҳамагонӣ ба ҳисоби миёна 56 фоизро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур дар вилояти Сурхондарё ҳамагӣ 12 фоиз бошад, дар вилояти Хоразм ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 15 фоизро ташкил медиҳад.
Варзиш гарави саломатӣ мебошад, махсусан, ҷавононро бо назардошти имкониятҳои физиологиву равоншиносиашон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб кардан натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳад овард. Пешгирии норасоии варзишгоҳҳо, ҷиҳозҳо ва мураббиёни малаканок боиси дилгармии аҳолӣ ба ин соҳа хоҳад гашт ва танҳо дар сурати ҳалли чунин масъалаҳо обутобёбии варзишгарони боиқтидор таъмин карда мешавад.
Дар мисоли маҳаллаи «Бӯстон»-и ноҳияи Бӯка гуфтан мумкин аст, ки тибқи нишондоди манбаъҳо дар он ҷо 4,6 ҳазор ҷавонони 14-30 сола будубош доранд. Аз онҳо 1,2 ҳазор нафар мехоҳанд, ки бо 14 намуди фаъолияти ҷисмонӣ шуғл варзанд. 
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш, махсусан футбол, майдони маҳаллаи мазкур таъмир карда шудааст. Бинобар таъкиди варзишгарони ҷавон дар чунин майдон тӯбронӣ кардан завқи алоҳида дорад. Дар маҳалла роҳандозии корҳои дигар оид ба варзиш, аз ҷумла ташкил кардани майдони волейболу бадминтон низ пешбинӣ гардидааст.


ТАШАББУСИ САВУМ 
Ташкил кардани истифодаи самарабахш аз компутер ва технологияи Интернет


Барои бартараф кардани норасоии барномаҳои таълимии иловагие, ки барои соҳаи IТ-ро омӯхтани ҷавонон имкон медиҳад, дар ноҳия ва шаҳрҳо ташкил кардани марказҳои таълимии технологияи рақамӣ, ба ҷавонон ба таври ройгон омӯзондани барномасозӣ ва тиҷорати электронӣ, офаридани лоиҳаҳои старт-ап дар соҳаи IT пешбинӣ мегардад. Дар деҳот хидматҳои компутер ва интернет ба дараҷаи даркорӣ роҳандозӣ нашудааст. Бинобар ин, дар назар аст, ки то соли 2021 синфҳои компутерии мактабҳои таълими ҳамагонӣ, ки маҳз аз тариқи онҳо хонандагон ҳангоми дарс бо олами маҷозӣ пайваст мешаванд, бо шабакаи интернети баландсуръат таъмин карда хоҳад шуд. 
Дар маркази ноҳияи Бӯка маркази таълим, бинобар технологияи рақамӣ ба истифода супурда мешавад. Дар ин ҷо ҷавонони 14-30 сола дар соҳаи IT метавонанд дар курсҳои ройгон, бинобар тиҷорати электронӣ, барномасозӣ ва асосҳои кибер-варзиш таҳсил гиранд. Дар давоми соли хониш дар он ҷо иштирок кардани 430 нафар писарону духтарон мадди назар аст,
Дар натиҷа ҷавонони деҳот касбҳои замонавиро мисли веб-дизайнер ва  барномасозӣ азхуд мекунанд, барои офаридани замимаи мобилӣ шурӯъ карда, дар ин соҳа тиҷорати худро роҳандозӣ месозанд,
Дарвоқеъ, интернет олами пур аз ахбору дониш аст, ки ҳар кас мувофиқи талабу эҳтиёҷи худ дар фурсати дилхоҳ аз он метавонад самаранок истифода барад. Ба воситаи он ба бисёр адабиётҳои дохиливу хориҷии соҳаҳои гуногун дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ, санъатҳои гуногунро низ пиёда кардан имкон дорад. 

ТАШАББУСИ ЧОРУМ
Баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ 

Ҳаёти инсонро бидуни мутолиаи китоб тасаввур кардан имконпазир нест. Китоб боиси он мешавад, ки инсонҳо худро шиносанд ва дар зиндагӣ ба комёбиҳои моддиву маънавӣ ноил гарданд. Пас, назорати мутолиаи ҷавонон ва дар ин бобат ҳавасманд кардани онҳо кори ҳатмист, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ба ин масъала эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи ҳолати 1 январи соли 2018 2 ҳазору 898 китобхона фаъолият нишон медиҳад. Дар деҳот ва авулҳо ҳамагӣ 968 китобхона мавҷуд буда, эҳтиёҷи ҷавононе, ки дар ҷойҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, қонеъ карда нашудааст. Бо мақсади пешгирии чунин норасоиҳо ва мушкилиҳои дигари ба мутолиаи китоб марбут дар доираи лоиҳаи «Корвони маърифат» дар мавзӯъҳои бадеӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ нашр кардани китобҳо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо ба миқдори на кам аз 1 миллион нусха китоб расонда додан, аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар ҳар як шаҳр ва ноҳия яктогӣ ташкил кардани дукони китоби намунавӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ тавассути «Библиобус»-ҳо ба аҳолии деҳот ва авулҳо расондани хидмати китобхона, аз ҷониби соҳибкорон ифтитоҳ ёфтани китобхонаҳои халқӣ пешбинӣ гардидааст.
Муносибат ба китоб муносибати одамонро ба маънавият ва маърифат муайян мекунад. Бар ин бино ҷалби аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ба китобхонӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, гирифтани донишҳои нав ба нав, донистани таърихи халқу ватани худ, омӯхтани усулҳои беҳтарини зиндагии хушбахтона мусоидат мекунад. Беҳуда донишмандон китобхонаро биҳишти ин дунё нагуфтаанд.
Имрӯз ҳаёт тақозо мекунад, ки ба ҷавонон усулҳои мутолиа омӯзонда шавад ва китобҳои саратарин, чӣ аз адабиёти ҷаҳон ва чӣ аз адабиёти милливу ватанӣ, интихобан пешниҳод гардад. Ҳамчунин ҳангоми хариду тавсияи китоб ба инобат гирифтани синну соли ҷавонон, мазмуну мундариҷаи китоб аҳамияти алоҳида касб мекунад. Танҳо дар ин сурат мутолиакунандагони китоб метавонанд ба саволҳои худ ҷавоб ёбанд, ки ҳадафи асосӣ аз ба даст гирифтани китоб ва вақтро болои он бедареғ сарф кардан ҳам ҳамин аст.
Дар мисоли ноҳияи Бӯка таъкид мегардад, ки аҳолӣ ба мутолиаи китоб иштиёқманд аст. Пештар дар маҳаллаи «Бӯстон» китобхона мавҷуд буд, аммо баъдтар баста шуд ва кормандони он барканор гардиданд. Китобҳо ба маркази захираҳои ахбори коллеҷ супурда шуда буданд. Бинобар таъкиди манбаъҳо яке аз зиёиёни ташаббускор Турдинисо Ҷуманова баъди шунидани паёми панҷ ташаббуси Президенти кишвар, бо вуҷуди он ки худ дорушинос аст, барои барқарор кардани китобхонаи маҳалла камари ҳиммат баст. Дар он ҷо наздики 7 ҳазор китоб аз иттифоқҳои ҷавонон ва нависандагон, созмонҳои дигар гирдоварӣ мешаванд. Интизор меравад, ки дар ин ҷо вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намояндагони соҳаҳои дигар ба роҳ монда мешавад. Инчунин, ярмаркаи китоб ва викторинаҳо баргузор хоҳанд шуд. 


ТАШАББУСИ ПАНҶУМ
Таъмини шуғли занону духтарон

Маълум аст, дар пешрафти ҷомеа занону духтарон ҳиссаи муносиб доранд ва барои ободии оилаҳо бар замми корҳои касбии худ заҳмати зиёд мекашанд.
Баъди омӯзиши фаъолияти аҳолӣ аён шудааст, ки дар ҳудудҳо ҷойҳои кории ба занону духтарон мувофиқ нест. Бар замми ин, моҳонаи занону духтарон кам аст. Барои бартарафсозии чунин ҳолатҳо ва мушкилиҳои дигаре, ки ба бо шуғл фаро гирифтани бонувон вобаста аст, дар солҳои 2019-2020 дар ҳама ноҳияҳо аз панелҳои сандвич ташкил кардани 195 корхонаи дӯзандагиву трикотажӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи барои занону духтарон созмон додани  корхонаҳои мазкур  беш аз 24 ҳазор ҷойи кории доимӣ муҳайё карда мешавад. 
Дар деҳот ҷойи кор  асосан ба мардон вобаста аст, зеро касбҳое, ки аҳолӣ дар он ҷо машғул мешаванд, башумор аст ва ягонтои онҳо занона нест. Ин як ҳолати ташвишовар аст, ки мутахассисонро сари он ба андеша водор мекунад. 
Дар мисоли таҷрибаи Бӯка метавон гуфт, ки панҷ ташаббуси Президент зина ба зина амалӣ мешавад ва ба ҳалли масъалаи таъмини занон бо шуғл эътибори махсус дода мешавад.
Мувофиқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ беш аз 687 ҳазор нафар ҷавонони бекор муайян шудааст, ки 38 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Таҳти ин рақамҳо ҳаёти ҳазорон нафар ҷавонон нуҳуфтааст, ки мехоҳанд зиндагии аз ҳар ҷиҳат пешрафта дошта бошанд ва оилаи худро бо ғизову пӯшок ва дигар васоили зист таъмин кунанд. 
Бо шуғли доимӣ таъмин гардидани бонувон аз як тараф барои буҷаи оила ёрӣ расонад, аз ҷониби дигар омили густариш ёфтани ҷаҳонбинии бонувон ва саҳми муносиби худро гузоштани онҳо дар ҷомеа мегардад.  
Ба фабрикае, ки дар маҳаллаи «Бӯстон»-и ноҳияи Бӯка бунёд гардидааст, 112 мошинаи чокдӯзӣ оварда шуд. 300 нафар занону духтарон бинобар касби дӯзандагӣ омӯзонда мешаванд. Дар фабрикаи маҳаллаи «Чавлисой» низ 100 мошинаи чокдӯзӣ насб гардида, дар худи ҳамин ҷо гузаштани амалиёти хониш фароҳам оварда шудааст.  
Саволе пайдо мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани ин панҷ ташаббуси муҳим чист? Бидуни ҳеҷ истиҳола, метавон гуфт, ки омӯхтани ҳаёти аҳолӣ ва мулоқот бо халқ. Маҳз, шинос шудан бо тарзи ҳаёти мардум нишон дод, ки дар деҳот ҷавонон аз ахбори рӯз ва ислоҳоти дар мамлакат татбиқшаванда бехабар мондаанд ва аз ин ҷиҳат ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ азоб мекашанд. Занону духтарон дар деҳот асосан бо корҳои пухтупаз ва рӯбучини хона, тарбияи фарзандон машғуланд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин нестанд ва истеъдоду ҳунари худ наметавонанд мавриди истифода қарор дода, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд. Дар мактабҳо на танҳо норасоии адабиётҳои бадеӣ ва ҷиҳозҳои варзишӣ эҳсос мешавад, балки дар баъзе ҷойҳо ҳатто варзишгоҳи ҷавонон мавҷуд нест, китобхонаҳо танҳо аз китобу дастурҳои таълимӣ иборатанд. Дигар фурсати он расидааст, ки чунин муаммоҳо ба зудӣ бартараф карда шаванд, ҷавонони деҳот низ ҳақ доранд, чун ҳамтоёни шаҳрии худ таълиму тарбияи босифат гирифта, ҷойи худро дар ҳаёт пайдо кунанд. Имрӯзро бояд аз даст надиҳем, вагарна фардо дер хоҳад шуд. Бо ба инобат гирифтани чунин масъалаҳои ҳалталаб роҳбари кишвар бо ҳисси масъулияти баланд таъкид мекунад: «Фурсати он расид, ки маънавият ва  ифтихори мо ба ҷойи якум барояд. Барои ҳамин гуна авлоди пешқадам тарбия кардани фарзандонамон ҳамаи мо масъулем. Мо барои ин маблағу вақтро дареғ намедорем, ҳамаи имкониятҳоямонро ба кор мегирем».


ТАҶРИБАИ БӮКА
Дирӯз

– мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъат – 1-то;
– хонаи маданият – 4-то (3-тои онҳо таъмирталабанд);
– аъзои 11 маҳфили равияи маданият ва санъат – 136 нафар;
– дар мактабҳо қариб маҳфилҳои маданият ва санъат мавҷуд нест.

– дар ихтиёри маҳалла – 9 варзишгоҳ;
– дар 49 мактаб – 42 майдони футбол, 34 варзишгоҳ;
– мактаби варзиши бачагон ва наврасон – 1-то;
– дар 7 коллеҷ – 7 варзишгоҳи хурд;
– майдони варзиши хусусӣ – 1-то.

– аз 49 мактаб танҳо дар 7-тои онҳо 1 компутери ба интернет пайваст аст;
– муассисаҳои тиббӣ ва таълими томактабӣ бо интернет пайваст нестанд;
– сифати алоқаи мобилӣ хеле паст;
– дар 60 хонаи информатикаи мактабҳо 276 компутер намерасад. 

– дар китобхонаи мактабҳо 382 рафи китоб, 136 номгӯ адабиёти бадеӣ бо беш аз 36 ҳазор нусха намерасад.

– занони бекор – 1970 нафар.

Имрӯз
– дар 3 маркази маданият корҳои таъмир ба анҷом расонда мешавад: дар онҳо 30 маҳфил ифтитоҳ мегардад ва 600 нафар писарону духтарон ҷалб мешаванд;
– дар 129 маҳфиле, ки дар 49 мактаб ташкил карда мешаванд, 4 ҳазору 272 нафар донишомӯзон ҷалб  хоҳанд шуд;
– дар мактабҳо 150 маҳфили ройгон ва 35 маҳфили пулакӣ ба фаъолият мепардозанд.

– дар маҳаллаҳои «Бӯстон», «Чавлисой» майдонҳо таъмир карда мешаванд, дар маҳаллаи «Равот» бо рӯйпӯши сунъӣ майдони мини-футбол бунёд мегардад;
– дар Боғи ҷавонон барои баскетбол, мини-футбол ва тенниси рӯйи миз майдонҳо сохта мешаванд;
– дар 3 мактаб варзишгоҳҳо бунёд мегарданд;
– варзишгоҳҳои мактабӣ бо 17 ҳазору 205 ҷиҳози варзишӣ таъмин карда мешаванд;
– дар машғулиятҳои варзиш 7 ҳазору 442 нафар писарону духтарон ҷалб карда мешаванд.

– барои 555,8 км хати алоқаи нахину оптикӣ 17,6 миллиард сӯм ҷудо шудааст;
– 47 мактаб (97,3 фоиз), 13 МТТ (95 фоиз), 10 муассисаи ҳифзи тандурустӣ (100 фоиз) ба хати алоқаи нахину оптикӣ пайваст шудааст;
– ихтисоси 45 нафар муаллими информатика ва технологияи ахбор баланд бардошта шуд;
– маркази таълими технологияи рақамӣ бунёд карда мешавад.

– низоми фиристондани ғолибони озмуни китоб (ба ҳисоби миёна аз ҳар як мактаб се нафарӣ донишомӯз) бинобар сафари сайёҳӣ ба Самарқанд, Бухоро ва шаҳрҳои дигар;
– дар 14 маҳалла китобхонаи халқӣ бунёд карда мешавад;
– дар маҳаллаи «Дӯстлик» Боғи экологии маънавиву маърифатӣ бунёд мегардад;
– барои машғулиятҳои маҳфилии беш аз 7 ҳазор китобхонҳои ҷавон шароит муҳайё карда мешавад.

– дар маҳаллаҳои «Бӯстон», «Чавлисой», «Хоҷақӯрғон», «Рамазон» ва «Янгиқӯрғон» маҷмӯаҳои дӯзандагиву трикотажӣ созмон меёбад. Дар онҳо 1 ҳазору 385 нафар бонувон кор мекунанд;
– 585 нафар занони бекоре, ки дар шароити душвор ба сар мебаранд, ба 80 нафар занони косиб дар асоси анъанаи «устоду шогирд» вобаста карда шудаанд;
– барои ташкил кардани  соҳибкории оилавӣ бинобар самти кори дӯзандагӣ, чорводорӣ, харгӯшпарварӣ таъмин кардани шуғли 756 нафар аҳолӣ 20,4 миллиард сӯм маблағи вом ҷудо карда мешавад.
Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» Хусрав ҲАМИДОВ ба чоп омода кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: