ЗИНАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА МИСР ОҒОЗ МЕЁБАД

Чи хеле ки пештар хабар шуда буд, бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ Саид Ҳусайн Халил ас-Сисӣ 4-5 сентябр бо боздиди расмӣ ба мамлакати мо ташриф овард.

Чорабиниҳои асосии ташриф 5 сентябр дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омад. 
Баъд аз маросими пазироии расмӣ музокироти Шавкат Мирзиёев ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ дар доираи танг ба амал омад.
Сарвари давлатамон меҳмони олимартабаро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ташрифи мазкур дар муносибатҳои дуҷониба воқеаи таърихӣ ба ҳисоб меравад.
– Мо Мисрро ҳамчун яке аз гаҳвораҳои тамаддун, давлати таърихаш ғанӣ ва иқтидораш бузург мешуморем. Равобити маданӣ ва илмии байни халқҳоямон аз даврҳои қадим вуҷуд доштанд. Гузаштагонамон якҷоя илм, савдоро байни худ ривоҷ дода, ҳамкории маданӣ ва савдоро ба роҳ мондаанд, ки дар таърих мисолҳои зиёд мавҷуд мебошанд. Имрӯз дар ҳамкории Ӯзбекистон ва Миср зинаи нав оғоз меёбад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
– Пеш аз ҳама барои даъват ба Ӯзбекистон мехостам миннатдорӣ изҳор намоям, – гуфт Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ. – Аз дақиқаҳои аввали ташриф ба мамлакататон ман худро дар хонаи худ эҳсос намудам. Халқҳои Миср ва Ӯзбекистон равобити наздики бисёрасрина дошта, дар мо Ӯзбекистон ва халқи онро эҳтиром менамоянд. Ба фикрам ташрифи мазкур на танҳо ба мустаҳкам кардани ҳамкории дуҷониба, балки рушди он дар тамоми соҳаҳо таҳрик мебахшад.
Ӯзбекистон ва Мисрро сарфи назар аз масофаи дури байни онҳо наздикии таърихиву маданӣ, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории зич ба ҳам наздик месозад. Ташрифи нахустини Президенти Миср ба мамлакатамон боз аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки он барои рушди алоқаҳои қадима дар дараҷаи нав бо назардошти талаботи имрӯз мунҷар гаштааст.
Мамлакатҳоямон ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ аҳамияти калон медиҳанд. Аз он ҷумла ҳайати Миср дар сессияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки моҳи октябри соли 2016 дар Тошканд баргузор гардид, иштирок намуда буд. Коршиносони маъруфи ин мамлакат дар интихоботи Ӯзбекистон ба сифати нозир муттасил иштирок менамоянд.
Мамлакатҳои мо нисбат ба масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибати шабеҳ ва ё наздик доранд. Ӯзбекистон ва Миср тарафдори истиқрори сулҳ дар Афғонистон бо кӯшиши худи мардуми ин кишвар мебошанд.
Дар бобати муттаҳид сохтани кӯшишот дар роҳи истиқрори сулҳи босубот ва осудагӣ дар Афғонистон, баргузор намудани машварати сиёсии мунтазам байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад.
Президентҳо ба масъалаи бехатарӣ эътибори алоҳида нигаронданд. Масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифроткорӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, табодули маводи мухаддир, ҷиноёти муташаккили фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо аз ҳар ҷиҳат муҳокима гардиданд.
Дар гуфтугӯҳои президентҳои Ӯзбекистон ва Миср дар ҳайати васеъ масъалаҳои рушди тиҷорат ва ҳамкории сармоягузорӣ, васеъ ва босамар ҷалб намудани имконоти мавҷуда ҷойгоҳи марказӣ ишғол намуданд.
Ҳамкории иқтисодӣ дар муносибати дуҷониба самти муҳим ба шумор меравад. Ногузирии идома додани кӯшиш, ки ба васеъ намудани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва афзудани ҳаҷми табодули мол, вуҷуд доштани имконоти зиёди истифоданашуда барои афзоиши тиҷорат дар солҳои наздик ба якчанд баробар таъкид гардид.
Ӯзбекистон ба Миср метавонад амволи электротехникӣ, мошинсозӣ, филизот, кимиё ва нафту кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайрае, ки дар бозори ин мамлакат ниёз ҳаст, содир намояд. Миср молики имконоти ба мамлакати мо гузоштани доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, мебел, маҳсулоти нафту кимиё, мармар, чинниворӣ, маҳсулоти чарму пластик ва ғайра мебошад.
Ба идораҳои дахлдори ду мамлакат ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои савдои дуҷониба, диверсификатсияи сохтор ва афзоиши ҳаҷми табодули мол супурда шуд. Ҷонибҳо аҳду паймон намуданд, ки дар заминаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам дар ҷанбаи кишоварзӣ табодул намоянд, иштироки вакилони доираҳои корчаллонро дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳое, ки дар мамлакатҳоямон баргузор мегарданд, рағбатнок созанд.
Бизнес-форуме, ки дар доираи ташрифи Президенти Миср дар байни соҳибкорони ду мамлакат баргузор гардид, дар ин самт давоми мантиқии он буд. Дар форум қарордодҳо ба миқдори беш аз 400 миллион доллар ба имзо расиданд, ки ин аз вуҷуд доштани имконоти зиёд ва захираҳо барои ҳамкории иқтисодӣ далолат менамояд.
Мамлакатҳоямон дар муҳимтарин чорроҳаҳои Роҳи бузурги абрешим қарор доранд. Имрӯз рушди даҳлезҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, ки наздиктарин роҳҳоро барои бозорҳои хориҷӣ баромадан таъмин менамоянд, барои афзоиши савдои дуҷониба аҳамияти муҳимро моликанд. Дар ин замина канали Суэтс – роҳи обии молики аҳамияти байналхалқӣ ҷойгоҳи муҳимро соҳиб аст. Минтақаи иқтисодӣ дар канали Суэтс барои ба бозори ҷаҳон баровардани маҳсулоти сохти Ӯзбекистон шароити муносибро фароҳам меорад.
Ҳамкории байниминтақавӣ дар вусъат бахшидани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ ҷойгоҳи муҳимро касб менамояд. Дар гуфтугӯҳо аҳду паймон дар бобати роҳандозии ҳамкории бевосита байни вилояти Намангон ва музофоти Искандария, ташкили сафари ҳайати ин музофот дар рӯзҳои наздик ба мамлакатамон ба вуҷуд омад.
Миср молики зарфияти бузург ва таҷрибаи калон дар ҷанбаи сайёҳӣ мебошад. Ҳоли ҳозир ин соҳа дар Ӯзбекистон низ бо суръати баланд инкишоф меёбад. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои васеъ сохтани равобит дар ин ҷанба, афзоиши мавҷи сайёҳони Миср ба Ӯзбекистон барои боздид аз шаҳрҳои қадима ва зиёратгоҳҳо муҳокима гардиданд. Имконоти роҳандозии хатсайрҳои байни Тошканд, Қоҳира ва Ҳургада баррасӣ гардид.
Мероси нодири илмиву маърифатии ниёгонамон, ки дар Мовароуннаҳр ва Миср зиндагӣ ва эҷод намудаанд, сармояи беназири тамоми ҷаҳони ислом ба шумор меравад. Мо воқеан бо он ифтихор дорем, ки олими бузургамон Аҳмад Фарғонӣ дар Миср зиндагӣ намуд ва машғули илм буд, аз он ҷумла иншооти ченакро барои чен кардани сатҳи оби Нил ихтироъ намуд. Муҷассамае, ки дар соҳили дарёи боҳашамати Нил дар Қоҳира ба Аҳмад Фарғонӣ гузошта шудааст, рамзи равшани дӯстии қадимаи байни халқҳоямон ба ҳисоб меравад.
Ҳамкории маданиву инсонпарварӣ низ торафт авҷ мегирад. Дар бораи барқарор намудани ҳамкории фаъол байни Донишгоҳи ал-Азҳар ва дигар муассисаҳои илмиву тадқиқотии Миср бо Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Маркази тамаддуни исломӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад.
Дар мулоқот бо назардошти қаринии маънавии халқҳоямон, масъалаҳои ташкили чорабиниҳои ҳарчи бештари маданӣ, мустаҳкамсозии робитаҳо дар заминаи таълим, илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, маданият, варзиш ва ҷанбаҳои дигар муҳокима гардиданд.
Дар поёни гуфтугӯҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ қабул гардид.
12 ҳуҷҷат ба имзо расида, дар байни онҳо меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ, дар заминаи ҳамкорӣ дар ҷиҳати ҷавонон, варзиш, сармоя, кишоварзӣ, муоҳидаҳо дар бобати ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, сайёҳӣ, археология, мероси маданӣ ва музейшиносӣ, Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар солҳои 2019-2020 ва меморандум дар бораи ҳамкории байни вазоратҳои адлия вуҷуд доранд.
Дар вохӯрӣ бо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ президентҳо таъкид намуданд, ки гуфтугӯҳо дар фазои кушод, дӯстона ва муфид баргузор гардида, теъдоди зиёди масъалаҳои рушди ҳамкорӣ муҳокима гардиданд. Роҳбарони давлатҳо таъкид карданд, ки ҳуҷҷатҳои имзогардида барои манфиатҳои дарозмуддати Ӯзбекистон ва Миср, рушди мамлакатҳоямон ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум хизмат менамоянд.
– Ташрифи Президенти Миср ба Ӯзбекистон дар муносибати байни мамлакатҳоямон рӯйдоди таърихӣ гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мо дар заминаи масъалаҳои марбут ба муносибати тарафайн ва ҳамчунин мавзӯъҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муфассал табодули афкор намудем. Боварӣ дорам, ки аҳду паймонҳои ҳоло бавуҷудомада муносибати байни Ӯзбекистону Мисрро сифатан ва мазмунан ғанӣ сохта, ҳамкории моро ба дараҷаи нав ва аз ин баландтар мебардорад.
– Ба Президенти Ӯзбекистон барои мулоқоти пурмуҳтаво ва пазироии гарм, барои мардуми ин мамлакати зебо барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ изҳор менамоям, – гуфт Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ. – Ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз ба имзо расиданд, ба вусъатёбӣ ва фаъол гардидани ҳамкории байни мамлакатҳоямон дар ояндаи наздик хидмат менамоянд. Ин қарордодҳо натиҷаи кӯшиши мамлакат ва халқҳоямон барои ба ҳамдигар наздик гардидан ба шумор меравад.
Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ Шавкат Мирзиёевро барои боздиди расмӣ ба Миср даъват намуд.
Бо ҳамин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба поён расид.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: