ЗИНАИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Аз соли 2017 бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев марҳилаи нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.

Аз соли 2017 бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев марҳилаи нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Дар ин муддат шоҳиди он шудем, ки бисёр монеаҳо барои рафту омади шаҳрвандон бартараф карда шуда, алоқаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ барқарор гардиданд. Рӯзҳои мадании байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пайи ҳам мегузаранд. Ҳамаи ин ба манфиати халқҳои ҳамсояву ҳамҷавор хидмат хоҳад кард. Аз он мардуми минтақа хурсанданд.

Сафари навбатии Президентамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта ба амал омад, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маданӣ ва илмӣ нигаронида шудааст. Алҳол Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат, коммуникатсия, логистика, технологияҳои пешқадам, илму таълим, тиббиёт дар пояи таҷрибаи ғании худ ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, вақтҳои охир ҳамкории энергетикии байни ду давлат ҷолиби диққат аст. Дар арафаи сафари Президент дар Тоҷикистон рӯзҳои кинои ӯзбек гузаронида шуд, дар оянда чунин тадбир дар Ӯзбекистон ҳам гузаронида мешавад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: