ЗИНДАГИИ АРЗАНДА

Инсоният ҳамеша аз пайи рӯзҳои нек шуда, кӯшиш мекунад, ки дар оилаи шоиста умр ба сар барад.

Аз хонаводаи Илҳом Инъомов, ки дар маҳаллаи «Қаҳрамон»-и ноҳияи Оққӯрғон зиндагӣ мекунад, бисёриҳо бо эҳтиром ва таваҷҷуҳи хоса ёдовар мешаванд. Зеро волидони оила Инъом Расулов ва апаи Ҷамила ба фарзандонашон Раҳмонқул, Замирахон, Илҳом, Ӯктам, Собирҷон, Абдухалил, Ҳалима ва Гулҷаҳон тамоми дарси меҳру муҳаббат ва зиндагиро дода ба камол расониданд, ки хидматрасони халқу ватан бошанд. 
Қаҳрамони мо Илҳом Иномов касби механизаториро интихоб намуд. Ӯ мисли падараш баробари илми пахтакорӣ асрори парвариши байни қаторҳои пахтаро азхуд карда, дар хоҷагӣ саҳми муносиб гузошт. Ташкили дурусти кор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо гардид. Ҳосилнокии пахта дар панҷсолаи аввал аз 22 ба 32 сентнер расид. Ин ҷидду ҷаҳди Илҳомҷон беҳуда нарафт. Меҳнаташ қадр ёфт. Ӯ бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шуд ва  сардори бригадаи пахтакорӣ таъин гардид. 
Ӯ ба устодаш, қаҳрамони меҳнат – Таласбой Ғазатов шогирд шуд. Таҷрибаи И. Иномов дере нагузашта байни пешқадамони ноҳия ба забон гирифта шуд.
Вақте ки пиронсолони деҳа ӯро медиданд, Аллоҳ нигаҳбонат бод, – гӯён даст ба дуои хайр мекушоданд.
Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки дар муваффақияти мард хидмати ҳамсараш ниҳоят муҳим аст. Гулнорахон аз чунин қабил бонувонест, ки бори гарони зиндагиро бо сабру тоқат паси сар кардааст. Якҷоя бо ҳамсараш фарзандонашон Тоҳир, Аброр, Аҳрор, Акмал ва Умедро ба воя расонданд, ки ҳоло дар маҳалла яке аз оилаҳои намунаи ибратанд.
Илҳом Иномов ба синни нафақа расида бошад ҳам, дар хоҷагии фермерии «Ҷамила Расулова» ҳамчун устоди омӯзгор фаъолият мебарад. Бо саъю кӯшиши оила дар 10 гектар замини бекорхобида боғ бунёд карда шуд, ки дар фаровонии дасторхони мардум саҳми муносиб мегузоранд.
—  Комёбиҳои ин оила дар китобдӯстии онҳост, – афзуд ҳангоми суҳбат сокини маҳалла Каримбердӣ Таласбоев. – Ба гуфтаашон падаркалони оила низ дӯстдори китоб буданд. Оила «қоидаи тиллоӣ»-и худро дорад, ки аз сарвари оила сар карда, ҳама ба қоидаи «Ганҷ нагир, китоб гир!» риоя мекунанд.
Дар ҳар хона рафи китоб мавҷуд буда, китобҳои кӯҳнаю нави таърихию бадеӣ гузошта шудаанд. Пиру хурди оила, ки аз китоб гули одоб мечинанд, ҳамчун фарзанди арзандаи ватани саодатманд умр ба сар мебаранд. Зиндагии арзанда доранд.

Пардабой ЭРГАШЕВ,
ноҳияи ОҚҚӮРҒОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: