...ЗИНДАГИРО ОРЗУ ШИРИН НАМУД

Толиби илм баробари ба даргоҳи илму маърифат қадам ранҷа намудан аввалин сабақро аз устоди худ меомӯзад.

Толиби илм баробари ба даргоҳи илму маърифат қадам ранҷа намудан аввалин сабақро аз устоди худ меомӯзад. Устод  ҳамеша барояш аввалин қаҳрамони зиндагӣ ва мояи ифтихору болидарӯҳии ӯст. 
Сӯҳробҷон Муродов яке аз омӯзгоронест, ки шоҳроҳи ҳаётро тай намуда, ба муроди дил расидааст. Вай собиқаи кории зиёда аз бистсолаи омӯзгорӣ дорад, бо вуҷуди ин пайваста машғули омӯзиши илму маърифат ва такмили касби худ мебошад. Вай дар байни кормандони соҳаи таълими халқи ноҳияи Сӯх ҳамчун яке аз омӯзгорони хушсалиқаи дабистони рақами дувум шинохта шудааст. 
Сӯҳробҷон дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадааст. Ӯ санъату адабиётро хеле дӯст медорад. Аз ҷавонӣ то кунун машқи шеъру суруд мекунад. Баъди ба камол расидан, касби волидони худро интихоб кард. Волидони ӯ низ солҳои дароз ба насли наврас таълиму тарбия додаанд ва дар зиндагӣ мақоми волоро соҳиб гаштаанд. Тақдири худро ба ана ҳамин касби пуршараф ва бомашаққат бахшидаанд.
Сӯҳробҷон то соли 1995 дар мактаби деҳаи худ аз устодонаш таълиму тарбия гирифтааст ва мактабро бо баҳоҳои аъло хатм намуда, худи ҳамон сол барои хондан ба омӯзишгоҳи омӯзгории Косонсой рафтааст. Соли 1997 омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ҳамон сол фаъолияти кории худро дар мактаби деҳааш  Янгиариқ, ки он ҷо таълим гирифтааст, оғоз кардааст. Инак, зиёда аз 20 сол аст, ки ӯ дар ҳамин даргоҳ ба тарбияи насли наврас машғул мебошад. 
 Ӯ яке аз муаллимони фаъол ва пешқадам буда, шабу рӯз пайваста эҷод мекунад. Баробари касби муаллимӣ тавассути овози форамаш дили ҳар як шунавандаро ром месозад. Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст, мегӯянд дар урфият. Сӯҳробҷон Муродов  ҳамчун омӯзгори эҷодкор ба қалби кӯдакон роҳ ёфта тавонистааст. 
Шогирдони ӯ, аллакай, дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ мавқеи худро пайдо кардаанд. Хислатҳои ҷавонмардӣ, ростқавлию росткорӣ обрӯ ва эътибори ӯро боз ҳам афзудаанд. Ҳамеша барои дасти ёрӣ дароз намудан тайёр асту кӯмаки хешро аз дӯстону шогирдон дареғ намедорад. Дар чорабиниҳои гуногуни маънавӣ-маърифатии мактаб ва ноҳия фаъолона ширкат меварзад. Чанд  маротиба дар толори хонаи маданияти ноҳия барномаҳои консертии ӯ рӯи саҳнаро дидаанд, ки боиси эътироф гаштааст. 
– Ман бо нони пурмашаққати муаллимӣ калон шудаам. Аз ин ҷост, ки консерти аввалини ман ба омӯзгорон бахшида шуд, – мегӯяд бо ифтихор ҳамсуҳбати мо. 
Сӯҳробҷон Муродов соҳиби 4 фарзанду як набера мебошад. Ҳанӯз дар дил орзу мекард, ки соҳиби маълумоти олӣ гардад. Ҳоло дар курси 4-уми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил мегирад. 
Соли 2020 барои тамоми мардуми олам соли пурмашаққат буд, вале барои Сӯҳробҷон ва оилаи ӯ ҳамчун соли накӯ ва фаромӯшнашаванда ёд мешавад. Фарзанди ӯ Сулаймонҷон ба бахти донишҷӯӣ муяссар шуд ва зану шавҳар аз ин муваффақияти фарзандашон хеле хушҳол шуданд.  Сулаймонҷон соли гузашта баробари хатми мактаби миёна, мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 30-юми ноҳияро бо баҳоҳои аъло ба итмом расонд. 
Дар худи ноҳияи Сӯх гузаронидани имтиҳонҳои қабул ба дили Сулаймонҷон як навъ қувват бахшид. Ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи санъат ва мусиқии Донишкадаи давлатии  омӯзгории Қӯқанд супорид. Ӯ дар давоми 6 соли омӯзиши илму дониш ва ҳунар ҳамаро дар ҳайрат гузошт ва дар имтиҳонҳои дохилшавӣ 145,7 хол ба даст даровард ва дар асоси гранти давлатӣ ба сафи донишҷӯён пазируфта шуд. 
– Ин дастовардҳои писарам орзуи деринаи моро рӯи об баровард. Вай аз меваҳои аввалини Мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 30-юми ноҳия мебошад, – гуфт бо қаноатмандӣ Сӯҳробҷон Муродов.
Хеле аҷиб аст, ки падару писар дар як давру замон даврони донишҷӯиро паси сар мекунанд. Сӯҳробҷон ҳамеша дар андешаи таъмини рӯзгор ва меҳнати ҳалол мебошад ва дидани роҳату фароғати фарзандонашро дар сар мепарварад. 
– Сулаймонҷон низ дар дил орзу дошт, ки мисли ман омӯзгор шавад ва ҳам аз паи санъат равад, дар ҳарду ҷабҳа қуллаҳои баландро забт намояд, ба устодони худ шогирди муносиб гардад, – изҳор кард Сӯҳробҷон Муродов.

Санҷар ИСМОИЛЗОДА,
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: