ЗИНДАГӢ

(Тарона)

Ту ин қадар ширинӣ! Ба чашм  нуру ба дил сурур мебахшӣ. Пару болат пур аз атри орзуву умедҳои ширин аст. Чеҳраи нурборат дилҳоро гарм нигоҳ медорад.
Ту ба одамон мадору қувват, кӯшишу ҳаракат, орзуву умед ва азми қатъиву боварии комил мебахшӣ. Ту инсонро ба сабру таҳаммул, қаноат ва шукргузорӣ ҳидоят мекунӣ.
Ту дарёи ҳамеша дар ҳаракатӣ. Амвоҷат дамандаю хурӯшанда аст. Рӯишу ободониҳо аз туст. Ту ҳастиву ман аз хушиҳоят баҳра мегирам. Ман, ки ҷавонам, ту низ ҷавонӣ, эй зиндагӣ!
Ҳарду дар вуҷуди якдигар зиндагонӣ мекунем. Якҷону яктанем.
Биё, то ба паҳлӯи дигар гаштанат, аз мастиҳои ҷавонӣ баҳра бардорем. Аз худ ба фардо бори армон нагузорем. Мисли ману ту фардоиён низ бо орзуву нишот, хуррамию сарсабзӣ ҳаёт гузаронанд.
Биё, то хушкиҳои зеҳнҳоро обӣ кунем, эй маншаи рӯишу сарсабзиҳо!

Эркиной СУЛТОНОВА,
омӯзгори мактаби 
рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: