«ЗИНДАГӢ БЕ ОРЗУ ШИРИН НАБУД...»

Мавзӯъ барои баҳс

Мисли шеър ва ҳунари нависандагиву наққошӣ дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик ҳунари тарҷума низ бесобиқа нест. Пас, он ояндаи дурахшон дорад.
Донишмандони соҳа бар онанд, ки дар аҳди Эҳёи адабиёту ҳунар аз забонҳои дигар осори зиёди хонданӣ, мисли «Калила ва Димна», «Ҳазору як шаб», «Марзбоннома», «Таърихи Табарӣ» ва ҳоказо хеле шоиставу боиста ба забони форсӣ-тоҷикӣ баргардонида шудаанд.
Тарҷумаҳои доир ба илми адвор (мусиқӣ), метафизика, буня (физиология), кимиё, мантиқ, маъданшиносӣ, маллоҳӣ (дарёнавардӣ), мусалласот (тригонометрия), муҳосибат (дафтардорӣ), наботот (гиёҳшиносӣ), расад (ситорашиносӣ), табиатшиносӣ, фиросат (қиёфа), ҳайат (астрономия), тиб, ҷуғрофия ва фалсафа суратгирифта дар ин аҳд ба рушди илм ва ташаккули тафаккури илмии донишмандон саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар аҳди шӯравӣ низ аз забони русӣ ва дигар забонҳо осори зиёди илмиву бадеӣ ва публитсистӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд. Ҳадаф аз ин навишта таҳлили осори тарҷумавӣ ва баҳо додан ба ҳунару салиқаи тарҷумонҳо нест. Вале ҳар нафари аз нозукиҳои забони форсӣ-тоҷикӣ як андоза бохабар тарҷумаҳоро қиёсан мавриди омӯзиш қарор диҳад, мебинад, ки дар кори баъзе тарҷумонҳои садаи ХХ тоҷик тобеъшавӣ ба қонуну қавоид ва табиати забони мавриди тарҷума бартарӣ дорад.
Албатта, дар кори тарҷума, ҷараёни соддакунии забон, ки дар ибтидои қарни ХХ оғоз ёфта буд, беасар намонд, тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарфи бархе аз китобҳои дарсӣ, адабиёти сиёсӣ ва бадеӣ шираву шаҳди забонро то ҷое аз байн бурданд.
Гуфтанд, ки салларо биёр, мо калларо бурдем. Дар баробари беш аз андоза содда кардани забон, қолаби сарфу наҳви қадимиро низ шикастем. Вале ҳамзабонони хориҷии мо ин корро накарданд...
Ба яке аз ёварони беминнати тарҷумонҳо – фарҳангҳо низ тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ роҳ ёфтанд. Бигирем, «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ»-ро, ки соли 1984 нашриёти «Русский язык»-и Маскав ба дасти чоп супурдааст. Дар ин фарҳанги муътабар мураттибон дар шарҳи вожаи «пчеловодство» овардаанд: «занбӯриасалдорӣ», «занбӯриасалпарварӣ», ки дар роҳи талаффузашон забон як андак пешпо мехӯрад. Ба фикрам, мо «пчеловодство»-ро «занбӯрдорӣ» ё «занбӯрпарварӣ» гӯем, саҳв нахоҳад шуд. Зеро, ба мақсади ҷамъоварии асал, танҳо як ҷинси занбӯр – занбӯри асал парвариш карда мешавад. Ва мо вақте мегӯем «занбӯрдор» ё «занбӯрпарвар» танҳо ҳамоне пеши назар меояд, ки занбӯри асал парвариш менамояд. Дар фарҳангҳо чунин тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ бисёр вомехӯранд.
Бояд ёдоварӣ намуд, ки аз дербоз истилоҳи дандоншикани «занбӯриасалдорӣ» аҳли забонро ба андеша водор кардааст. Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз он адабиётшиноси тоҷик Рустами Ваҳҳоб низ пешниҳоди ҷолибе кардааст. Ӯ дар саҳифаи фейсбукии «Дуруст бинависем» меоварад: «Бо ном бурдани ин ҷонвари шарифи Худо ҳамеша эҳсоси мушкил мекунем, чун таркибест ва иборат аз ду калима: занбӯр+асал. Хусусан дар таркиби ҷумлаҳое, ки дорои таъбирҳои занбӯриасалпарварон ва занбӯриасалпарварӣ ҳастанд, ин таркиби дароз ширинии асалро аз байн мебарад. Аммо дар фарҳангҳо аввалин маънои калимаи муъҷазу зебои «мунҷ» занбӯри асал аст ва шоири ҳамшаҳрамон Мунҷики Тирмизӣ, ки низ номи шоиронааш ба ин ҷонвар рабт дорад, ба нисбати маънавии худ ба он ишора кардааст:
Ҳарчанд ҳақирам, суханам оливу ширин,
Оре, асали ширин н-ояд магар аз мунҷ.

Хулоса мешавад, ки барои осонии кори забони мо бо занбӯри асал минбаъд ба ҷойи он истилоҳи «мунҷ»-ро ба кор барем. Чӣ мегӯянд мунҷдорон, мунҷпарварон, мунҷшиносон, мунҷпизишкон?».
Тарҷумаи таҳтуллафзӣ дар адабиёти бадеӣ, илмӣ ва матбуот солҳои баъдӣ идома пайдо кард. Бар асари ин ибораву ифодаҳои аз табиату гӯйиши тоҷикӣ дур ба маротиб афзуданд, ки имрӯз забони мо ба як поккории доманадор ниёз дорад.
Инак, барои ин ки хонанда ба ин гуфтаҳо итминон ҳосил кунад, тасмим гирифтем, ки аз тарҷумаи матолиби расмӣ ва бадеии солҳои ҳафтодуми қарни сипаригардида, бастаи солҳои 1970-1973-юми рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ки маводи расмияш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол мегардид, намунае чанд пешниҳод намоем.
«Бюрои Сиёсии КМ КПСС, Президиуми Совети Олии СССР, Совети Вазирони СССР, ахборотро дар бораи моҳи июни соли 1973 бо Президенти Республикаи Франция Ж.Помпиду мулоқот намудани Котиби Генералии КМ КПСС рафиқ Л.И.Брежнев шунида, натиҷаи онро, ки ба манфиати халқҳои ҳар ду мамлакат мувофиқ буда, барои инкишофи процесси пастшавии вазъияти Европа ва тамоми ҷаҳон аҳамияти мусбат дорад, пурра маъқул донист.» (рӯзномаи «Ҳ.Ӯ.», №78, соли 1973).
Ҳар касе, ки аз қонуну қавоиди забони русӣ як андак огоҳӣ дорад, натиҷа хоҳад гирифт, ки тарҷумаи мазкур таҳтуллафзист. Тарҷумон ҳангоми турҷума қонуну қавоиди забони тоҷикиро ба қонуну қавоиди забони русӣ мутеъ сохтааст. Ҳол он ки бояд акси ин ҳол рӯй медод.
Инҷониб дар тарҷума дасти тамом надорам. Вале то ҷое кӯшиш ба харҷ додам, ки матни мазкур суфтаву тоҷикитар шавад. Итминони қавӣ дорам, ки тарҷумонҳои чирадаст ин корро хубтару саҳеҳтар анҷом медиҳанд: «Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ, Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои вазирони ИҶШС ахборро доир ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва Котиби генералии КМ ҲКИШ рафиқ Л.И.Брежнев шуниданд ва натиҷаи онро, ки ба манфиати ҳар ду мамлакат, коҳиш додани вазъи шадиди Аврупо ва ҷаҳон нигаронида шудааст, комилан пазируфтанд».
Дар забони русӣ ибораи «высокий урожай» вуҷуд дорад, ки онро баъзе тарҷумонҳо, «ҳосили баланд» қаламдод кардаанд. Ҳол он ки ҳосил фаровон мешавад, на «баланд». Барои тасдиқи фикр ҷумлае пешниҳод менамоем: «Пахтаро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш карданд. Дар натиҷа ҳосили баланд рӯид». Шояд «ҳосили баланд» ба даст омадагист?
Баъзе тарҷумонҳо вақте матнеро аз забони ӯзбекӣ тарҷума мекунанд, ҳолати ба қонуну қоидаҳои забони ӯзбекӣ тобеъ кардани қоидаҳои забони тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад. Мисол: «1926 йили мактабга, мактабни тамомлагандан кейин Шаҳрисабздаги қишлоқ хӯжалиги техникумига кириб ӯқидим». Тарҷумааш: «Соли 1926 ба мактаб, баъди тамом кардани он ба техникуми хоҷагии қишлоқи Шаҳрисабз даромада хондам». (Аз бастаи соли 1972-уми рӯзномаи «Ҳ.Ӯ.») Шояд тарҷумаи зер тоҷикитар аст: «Соли 1926 по ба остонаи мактаби таълими ҳамагонӣ ниҳодам, баъди хатми он таҳсилро дар омӯзишгоҳи кишоварзии Шаҳрисабз идома додам». 
Мо бар онем, ки ҷумлаи зерин низ бар асари тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ сохта шудааст. Мутаваҷҷеҳ бошед: «Адабиёти синфи ҳукмрон чӣ дар ҷамъияти феодалӣ ва чӣ дар ҷамъияти капиталистӣ сохти иқтисодии ҳар яке аз ин ҷамъиятҳоро мудофиа карда, эҳтиёҷ ва манфиатҳои синфи ҳукмрон – феодалҳо ва капиталистонро ҳимоя кардааст» («Адабиёти тоҷик барои синфи 8, саҳ.5 нашриёти «Маориф», с.1978).
Камина ба хотири афзудан ба равонию салосати ҷумла, онро ба таври зайл пардохтам: «Адабиёти синфи ҳукмрон сохти иқтисодии ҷамъияти феодалию капиталистиро дифоъ намуда, бо назардошти манфиати феодалону капиталистон офарида шудааст».
Дар ҷойи дигари китоби мазкур (саҳ.4) хонанда ба ҷумлае рӯ ба рӯ меояд, ки ба таҳрир ниёз дорад: «Мутолиаи асарҳои адабии нависандагон ва шоирони давраҳои ҷудогона таъсири афкор ва назарияҳои илмӣ ва фалсафии синфҳо ва табақаҳои иҷтимоии  давраҳои махсусро ба хубӣ ифода менамоянд».
Ба назари мо, дар ин ҷумла вожаи «мутолиа» зиёдатист ва ибораҳои «давраҳои ҷудогона»-ю «давраҳои махсус» то ҷое якдигарро такрор кардаанд. Шояд пешниҳоди ҷумла бад-ин тарз ба равонию салосати он афзояд: «Осори бадеии нависандагону шоирони давраҳои ҷудогона таъсири афкор, назарияҳои илмӣ ва фалсафии синфу табақаҳои иҷтимоиро ба хубӣ ифода менамоянд».
Барои ба дарозо накашидани навишта ин ҷо аз овардани мисолҳо худдорӣ менамоем. Чанде қабл бахши адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Овози тоҷик» як ҳикояи нависандаи муосири ӯзбек Муҳаммад Алиро зери номи «Ситораи Насри Тоир» ба дасти чоп супурда буд. Онро, ки аз охирин рӯзҳои пурфоҷиаи ситорашиноси бузург ва фармонфармои Мовароуннаҳр Мирзо Улуғбек ҳикоя мекунад, нависандаи боистеъдод Юнуси Имомназар ба тоҷикӣ баргардондааст. Дар ҳикоя гӯйишу ифодаҳо куллан форсии тоҷикианд. Агар номи муаллифи ҳикоя – Муҳаммад Алӣ сарфи назар гардад, хонанда гумон мекунад, ки ҳикояро худи Юнус навиштааст.
Бино ба фикри мутахассисони соҳа ҳадаф аз тарҷума ба мулки маънавии халқи худ табдил додани беҳтарин осори адибони ҷаҳон мебошад. Ба фикрам, Юнус ин корро ӯҳда кардааст ва ба назар мерасад, ки ӯ аз мактаби тарҷумаи адибони муосири Эрон хеле баҳра бардоштааст. Адибони Эрон имрӯз низ чун дар аҳди қадим, вақте беҳтарин осори адибони дунёро тарҷума карданӣ мешаванд, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба сарвати маънавии форсигӯёни дунё табдил ёбанд.
Агар номи ғайриэронии қаҳрамони тарҷумаҳои ононро сарфи назар намоем, тасвиру гӯйиш ва ифодаҳо ҳама миллиянд. Ба фикрам, ана ҳамин маҳорат ва салиқаю тавоноӣ ба тарҷумонҳои мо намерасад. Дар баргардони (дубляж)-и филмҳо низ мо ба тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарф дучор меоем, ки дар кушодани мазмуни муҳтавои онҳо мушкилӣ эҷод мекунанд...
Коре осонтар аз нуктагирӣ нест. Дар тарҷумаҳои инҷониб низ ифодаҳои дур аз табиати гӯйиши тоҷикӣ фаровонанд. Пас, камина низ дар ин ҷода дар домани кӯҳи орзу гашту гузор дорам. Бисёр мехостам, ки мо дар баландии ин кӯҳ – тарҷумаи шоиставу боиста бошем, дар кори тарҷумаи адибону мутарҷимони тоҷик гардиши куллие ба вуқӯъ пайвандад.
Чӣ некӯ фармудааст Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.

А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: