«ЗИНДАГӢ БО ЗАН ХУШАСТУ УМР БО ЗАН БАРДАВОМ»

Сарчашмаи ҳаёт, файзу барака, ҷозибаю нафосат, такягоҳу нирӯбахши мо дар шебу фарози зиндагӣ бонувонанд.

Онҳо на фақат бо ишқи оламафрӯз, меҳру вафо, садоқати беандоза дилҳоро ба ҷӯш меоранд, балки бо ақлу фаросати комил ва қувваи бозу ба пешравии ҷомеа саҳм мегиранд. Шоири машҳур ва ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзода беҳуда нафармудааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ҳоло дар кишвари мо масъалаҳои таъмин сохтани ҳуқуқу манфиатҳои занон, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо самти устувори сиёсати давлат мебошанд.
Дар арафаи Иди байналхалқии бонувон – 8 Март мо бо ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро, раиси кумитаи занон ва духтарони вилоят Фирӯза ИБРОҲИМОВА, ки муддате депутати Олий Маҷлис буда, номзади илмҳои техникӣ низ мебошад, дар бораи мавқеи бонувон дар ҳаёти вилоят суҳбат доштем, ки инак фишурдаи он ба диққати хонандагони азиз ҳавола мегардад.
– Фирӯза Баҳодурхоновна, аввало Ид муборак бошад! Имрӯз дар вилоят соҳае нест, ки дар он саҳми занон ва духтарон эҳсос нашавад?
– Оре, ҳоло аҳолӣ дар вилоят ба беш аз 1 миллиону 891 ҳазор расидааст ва қариб нисфи онҳо занону духтаронанд. Алҳол қариб 12 ҳазор нафари онҳо дар низоми давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. 70 нафари бонувон намояндаи шӯроҳои маҳаллӣ мебошанд. Ду нафар сазовори мукофоти олӣ – Қаҳрамони Ӯзбекистон, 20 нафар духтарони боистеъдод соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, 22 нафар барандаи ҷоизаҳои гуногуни давлатӣ шудаанд. Дар рушду равнақи илм ва соҳаи таълими вилоят нақши 5 нафар профессор, 16 докторони илм, 125 номзади илм аз ҷумлаи бонувон сазовори таъкиду тавсиф аст. Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 2 апрели соли 2018-ум 15 нафар бонувонамон, ки дар ҳаёти давлатию ҷамоатӣ фаъолу ташаббускор буда, бо меҳнати пурмаҳсул баҳри мустаҳкамкунию фаровонии оила саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» тақдир карда шуданд.
– Комёбии бонувони вилоят бахусус дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ назаррас аст. Оё ҳамин тавр нест?
– Албатта. Мудири кафедраи забонҳои олмониву фаронсавии ДДБ Малоҳат Ҷӯраева дар марҳалаи ҷумҳуриявии озмун-азназаргузаронии «Бонуи сол» ғолиб гардид. Дар озмуни дуюми ҷумҳуриявии «100 беҳтарин лоиҳаи инноватсионии бонувони Ӯзбекистон» омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти ДДБ Ҳулкар Туробова, муаллимаи «Графикаи санъати тасвирӣ ва муҳандисӣ» Дилфуза Маъмурова, омӯзгори Донишкадаи тиббӣ Шаҳноза Муҳаммедова, дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Матлуба Ҳотамова, роҳбари корхонаи хусусии «Рушанатекс» Шоира Бӯлдиева комёб шуданд.
– Ғамхории давлат нисбат ба дастгирии занон ва оила беш аз пеш меафзояд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 феврали соли 2018 «Дар бораи куллан такмил додани фаъолият дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила» ба ин мисоли равшан аст...
– Бешубҳа. Мувофиқи ин фармон сохтори Кумитаи бонувон ва шуъбаҳои он дар ҳудудҳо такмил ёфта, имконият ва ваколатҳои онҳо афзуд. Дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо вазифаи мутахассис оид ба кор бо бонувон ва мустаҳкам кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оила ҷорӣ гардид. Дар натиҷа дар 540 маҳаллаи вилоят 554 нафар бонувони муносиб ба ин вазифа таъин шуданд. Мақомоти сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ, ки дар тасарруфи садорати адлия буд, ба тасарруфи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо гузашт. Ҳоло дар 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 нафар кормандони соҳаи сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ фаъолият доранд.
– Дар вилоят масъалаи дастгирии заноне, ки дар вазъияти мураккаби иҷтимоӣ қарор доранд, чӣ гуна аст?
– Рӯйхати 193 нафар бонувонеро, ки дар шароити мураккаб кор мекунанд, таҳия кардем. Ба 100 нафари онҳо аз ҳисоби Бунёди ҷамъиятии дастгирии ҳамаҷонибаи бонувону оилаҳо 25 фоизи арзиши умумии манзили зисташон – беш аз 3 миллиарду 888 миллион сӯм пардохта шуд. Ба 93 нафар аз бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» 982 миллион сӯм маблағ ҷудо гардид. Бо мақсади бо кор таъминкунии заноне, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд, аз ҳисоби «Бунёди махсуси дастгирии шуғли аҳолӣ»-и назди ҳокимияти вилоят, шуъбаҳои вилоятии «Микрокредитбонк», Бонки халқӣ ва «Агробонк» ба сифати кредити кӯчак ба андозаи як миллиард сӯм (дар асоси нақшаи тиҷоратии тасдиқшуда) маблағ ҷудо гардида, дар шаҳри Когон ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Текстил», дар ноҳияи Олот корхонаи оилавии «Шерзод Отамурод равнақи», дар ноҳияи Шофиркон ҶММ «Алибек», дар ноҳияи Ҷондор корхонаи «Алипаҳлавон» ташкил шуданд ва ба фаъолият оғоз карданд.
– Ташвишҳои оила оё ба ҷараёни коратон халал намерасонанд?
– Хушбахтона, аҳли оила, арӯси хонадон мушкиламро осон мекунанд. Аз имконият истифода бурда, бонувони заҳматкашу сарбаланди диёрро бо рӯзи фархунда – 8 Март муборакбод мегӯям.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: