«ЗИНДАГӢ ПАЙРОҲАИ КАСНОГУЗАР ҲАМ ДОШТАСТ...»

Аз боди тунд ва тарақ-туруқи ба ҳам задани тунукаи бом ва шохи дарахтон шаби дароз холаи Анбаргул миҷҷа таҳ накард.

Аз боди тунд ва тарақ-туруқи ба ҳам задани тунукаи бом ва шохи дарахтон шаби дароз холаи Анбаргул миҷҷа таҳ накард. Шамол барфи боридаро бошиддат пош медод. 
«Додош дар сари мол, дару тирезаи молхона ҳам он қадар мустаҳкам набуд, ин шамоли сахти барфолуд онҳоро канда бурданаш мумкин, алафу хошок ҳам кироӣ намондааст, барраҳои навзод хунук мехӯранд, эҳ, оқибаташ бахайр шавад...», аз дил гузаронд ӯ. (Одатан, бошишгоҳҳои чӯпонон  аз деҳа хеле дур, дар саҳро ҷойгиранд). Пас, ба фарзандонаш, ки қатор хобида буданд, нигоҳ кард. Бачаҳои мактабравашро бояд барвақттар бедор мекард. Онҳо 4 километр роҳро пиёда тай намуда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя мераванд. Ё имрӯз онҳоро ба мактаб нафиристад? Не-е, додош меранҷад. Ӯ доим таъкид мекард, ки дар кадом вазъият набошад, бачаҳо бояд аз мактаб намонанд, хубу аъло хонанд. Хола бачаҳоро як-як ном гирифту аз хоби ширинашон бедор кард.
Баъд ба даҳлез баромаду аз ҳезумҳои шаб омодакардааш як банд гирифта, дар бухорӣ чинду гӯгирд зад. Шамол аз дудбарои бухорӣ ба дарун мезад ва намегузошт, ки ҳезумҳо даргиранд. Пуф-пуфкунон бо як азоб чой ҷӯшонд, нонуштаи бачаҳояшро омода кард. Пойафзор ва либоси гарми онҳоро аз назар гузаронд. «Либосҳояшон ин зимистонро ҳам мегузаронанд», ба худ таскин дод холаи Анбаргул.
Рӯзгоре тақрибан дар чунин шароит зиндагӣ ба сар мебурданд аҳли деҳаҳои кӯҳии ноҳияи Нурато...
Падари Очил – Бозорамак яке аз чӯпонҳои пешқадами хоҷагии ҷамоавии наслпарварӣ ва қарокӯлпарварии ноҳияи Нурато буд, ӯҳдадориҳоро ҳар сол барзиёд иҷро менамуд. Бо нони ҳалоли чӯпонӣ шаш писару ду духтарро ба воя расонд. Ӯ мехост фарзандонаш хонанд, маълумоти олӣ гиранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Писари калонӣ – Низом Бозоров Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқандро хатм намуд, Очил, Одил ва Ширинбой Бозоровҳо бошанд, дастпарварони донишгоҳҳои олии Тоҷикистонанд.
Зодаи деҳаи Сойихурди ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ — Очил Бозоров аввал аз падару модари меҳнаткаш, хоксор ва дар қӯраи зиндагӣ обутобёфтааш тарбия гирифт. Соли 1968 ба остонаи мактаби миёнаи рақами 30-юми деҳа қадам гузошт, аз синфи як то синфи сеюм муаллими аввалинаш Субҳон Рӯзиев (ёдаш бахайр!) ба ӯ сабақ дод. То соли 1985 хонандагони аз синфи 4 боло таҳсилро дар мактаби рақами 43-юми деҳаи Эҷ идома медоданд. 
Очили хурдсол дар даст ҷузвдони латтагини дӯхтаи модар қатори дигар бачаҳо ҳар рӯз роҳи 8 километраро пиёда тай намуда, ба мактаб рафта меомад.
– Дар зери барфу борон ва шамоли сахт, рӯзҳои гарму тафсон масофаи дурро тай намуда хонда будем. Кафшамон баъзан аз борону барф пур мешуд. Вазифаи хонагӣ ва шеърҳоеро, ки устодон барои азёд кардан медоданд, раҳораҳ иҷро мекардем. Як бурда нонро ба оби чашма тар карда мехӯрдем. Ба чунин шароит нигоҳ накарда, бо баҳоҳои аъло хондем. Ҳар як варақи китобу дафтар, қаламу сиёҳдон ва дигар ҷиҳози хонишро эҳтиёт менамудем. Ба туфайли таълиму тарбияи устодони фидоӣ – Боймурод Йӯлдошев, Даврон Мансуров, Ӯзбекбой Рӯзиев, Турсун Султонов, Эсан Муродов, Йӯлдош Самадов, Тинглаш Қӯрғонов, Эргаш Мехлиев, Ҳазрат Бакриев...(ёдашон бахайр!), Бурҳон Ҳайдаров ва роҳбари синфамон Абдуназар Набиев, баъди хатми мактаб, танҳо аз синфи мо 9 нафар ба донишгоҳҳо дохил шуданд, – солҳои мактабиашро ёдовар мешавад Очил.
Очил соли 1986 баъди хатми донишкада, фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби зодгоҳ оғоз намуд. Инак, 35 сол аст, ки ӯ аз фанни забон ва адабиёти рус ба насли наврас сабақ меомӯзад. Алҳол шогирдони ӯ дар соҳаҳои мухталифи мамлакат кору фаъолият доранд.
Дар мактабҳои миёна таълими 11-сола ҷорӣ шуд. Инро Очил Бозоров низ хуш истиқбол кард. Дигаргуниҳои куллие, ки дар таълимгоҳҳо дар асоси фармону қарорҳои роҳбари давлат рӯй медиҳанд, омӯзгоронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли ҷавон бо диди тоза наздик шаванд, аз технологияҳои нави педагогӣ пурсамар истифода баранд.
Маоши омӯзгорони мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ зиёд карда шуд. Аз 1 ноябри соли 2020 сар карда, пардохти ҳаққи меҳнати роҳбарони синф 1,5 баробар зиёд карда мешавад. Ин ҳама ба дӯши омӯзгорон бори масъулият мегузорад. Талаб карда мешавад, ки тамоми дониш ва маҳорату малакаашонро ба омӯзондани асосҳои илм ва тарбияи дурусти насли ҷавон сарф намоянд, пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд.
Забондонӣ – ҷаҳондонист мегӯянд. Очил Бозоров ин ҳикматро дар мисоли забони Пушкину Лермонтов ва Толстою Есенин мефаҳмонад. Кор бо луғат яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи ӯст. Сари кам шудани соатҳои таълими забони русӣ дар мактабҳо Очил Бозоров низ меандешад, ки ба комилан омӯхтани нозукиҳои он мусоидат намекунад. Бо вуҷуди ин, саъю кӯшиш менамояд, ки аз вақт пурсамар истифода намояд.  
– Очил гӯё дирӯзакак ба мактаб барои кор омада буд. Омӯзгорони соҳибтаҷриба Б. Ҳайдаров, С. Ҳайдаров, Н. Бозоров ва дигарон ӯро табрик гуфта барори кор хоста буданд. Ӯ байни ҷамоаи мактаб обрӯю эътибори калон дорад. Дар тӯли умри худ аз пайи сарват, мансабу вазифа нагашт. Аз ҳама муҳимаш, ҳар боре, ки шогирдон ӯро боэҳтиром «устод» мегӯянд, сараш ба осмон мерасад, – мегӯяд яке аз ҳамкорони ӯ Ӯзбакбой Раҳмонов, – барои муаллим ин эътирофу эътибори бузург аст.
Оилаи муаллим яке аз оилаҳои намунавии деҳа мебошад. Ҳамсараш Шаҳодат ҳамшираи шафқат, кӯмакрасон ва ҳамдарди мардум аст. Фарзандонаш низ ахлоқи ҳамида доранд.
Омӯзгори соҳибтаҷриба имрӯзҳо шасти камолоташро истиқбол менамояд. Воқеан, барои онҳое, ки бо меҳнати ақлӣ сару кор доранд, синни 60 синни камолот аст, зеро дониш ва таҷрибаи корашон зиёдтар мешавад, роҳи ба кадом тараф хам кардани ниҳолҳои ҷавон – насли наврасро хуб медонанд.
Роҳи пуштисаргузоштаи омӯзгори заҳматписанд – Очил Бозоров ин сатрҳоро ба ёд меоваранд:
Зиндагӣ пайроҳаи 
касногузар ҳам доштаст,
Обу оташ, рӯзу шаб, суду 
зарар ҳам доштаст.
Аз паси шоми сиёҳу 
тундбоди фасли дай,
Бас шаби маҳтобию нури 
саҳар ҳам доштаст...

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: