ЗИНДАГӢ ПАНД АСТ

Шунидам, марде ба ҳамнишинаш мегуфт:

Шунидам, марде  ба ҳамнишинаш мегуфт: 
– Замоне ҳамин одаме, ки шумо мепурсед, ончунон  майхора буд, ки ҳама аз диданаш канораҷӯӣ мекарданд.  Маълумоташ  олӣ, касбу кораш ҳам ҳамчунин. Вале одати майхорагиаш ӯро ба чашми мардум бад  намудор мекард. Дар маҷлисҳои корхонааш аз муҳокимашавиҳо хулоса намебаровард ва парвои касе надошт. На ба оила ва на ба худ нигоҳ мекард. Ёфту тофташ сарфи майхорагӣ, улфатбозӣ буд.  
Чӣ шуду чӣ монд, ки ин одам яку якбора аз  ин одати бадаш даст кашид ва мисли мардум аз пайи кору зиндагониаш шуда монд. Ҳама ҳайрон. Ҳатто улфатҳояш ҳам бехабар аз ин ҳол шуданд. Ба саволҳои  дӯстонаш на мисли пештара бо дағалӣ, балки мулоиму нарм ҷавоб медод:
– «Хуб маишат кардам, акнун бас, фаҳмидам, ки таги кор ҳеҷ аст ва фоидае ба ҷуз зарар нест. Бинобар ҳамин даст аз майхорагӣ  шустам». 
Ҳама, ҳатто ман ҳам ба дил мегуфтам, ки ин ҳама  зоҳиран асту албатта як рӯз дили ин одам боз май меҷӯяд ва... дили одаткарда-дия,  боз менӯшад. Вале ҳайҳот! Аз байн як сол гузашт, панҷ сол гузашт, ки тағйирот дар зиндагии ӯ рӯй надод, балки рӯзгораш обод ва фаровон гашт.  Дар ҷойи кораш обрӯманд  ва мансабаш боло шуд. Чанд тӯю маъракаҳои баобрӯ гузаронд ва ба нафақа баромад.  Ба зиёрати ҳаҷ рафт ва ҳоҷӣ шуда омад..
Саводаш хуб, ки буд, илми куҳан омӯхт ва алҳол имоматии маҳаллаи худро ба дӯш дорад. Дар маҳалла  тадбирҳои тӯю маросимҳоро ба тартиб дароварда,  баҳри ободонии он заҳмат мекашад. Баъзе майхорагони имрӯза бошанд, гоҳо ба насиҳатҳои ӯ эрод мегиранд ва мегӯянд, ки худи ӯ замоне чӣ касе буд. Вай як гапи хубе дорад: «Ман аз сар гузаронида, донистам ва фаҳмидам, ки маънии ҳаёт чист ва лаззати дунё чист, барои ҳамин сари вақт аз майхорагӣ даст шустам ва то ҳамин дараҷа расидам, ки ба Худованди мутаъол барои инсофи додааш шукргузорӣ мекунам. Дигаронро низ ба некӣ ва накӯкорӣ даъват мекунам, ки шукронаи ин замону ин замин бикунанд ва бо некроӣ умр ба сар бибаранд».
Ана ҳамин одаме, ки шумо суроғаш мекунед, ҳаммаҳаллаи ман аст ва ман ҳозир наздаш мебарам ва шумо ҳаргиз гумон намекунед, ки вай замоне чӣ касе буд... 
Муҳаммад Иқбол фармуда:
Манеҳ аз каф чароғи 
орзуро,
Ба даст овар мақоми ҳою 
ҳуро.
Машав дар чорсӯи ин 
ҷаҳон гум,
Ба худ боз ою бишкан 
чорсуро. 

Раҳимбердӣ
ТОШМАТОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: