ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД...

Бо ташаббуси ректорати Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба садсолагии устоди шодравон Каримҷон Юсупов конфронси илмиву адабӣ баргузор шуд.

Каримҷон Юсупов аз зумраи он омӯзгороне мебошад, ки муддати тӯлонӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона пурсамар фаъолият намуда ва аз худ номи нек боқӣ гузоштааст. 
Зимни таҷлил дар баробари профессорону омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанги Фарғона ва Андиҷон, ҳамчунин доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдувалӣ Бердиев ва доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Раҷабалӣ Хидиров ширкат карданд.
 – Устод Каримҷон Юсупов дар бобати пешрафти илму маърифат ва тайёр кардани шогирдони  зиёд  саҳми калон гузоштааст. Банда низ аз зумраи шогирдони ҳамин устоди шодравон мебошам. Вай барои мо ҳам илму фарҳанг додааст ва ҳам дарси зиндагӣ омӯхтааст. Маҳз барои ҳамин кору номи неки ӯ дар хотири шогирдонаш боқӣ мондааст, – гуфт ректори донишгоҳ Равшанҷон Мақсудов.
– Ман борҳо бо устод Каримҷон Юсупов мулоқот кардаам ва аз маҳсули корҳои илмияш баҳра бурдаам. Вай роҷеъ ба гуногунии хусусиятҳои забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ корҳои илмӣ бурдааст ва бар ин асос се монография низ таълиф намудааст. Ҳамчунин, маҳсули корҳои илмиву пажуҳишии Каримҷон Юсупов дар китобҳои зиёди дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Шумораи умумии мақолаҳои илмиву таҳқиқотии вай аз сад мегузаранд,– гуфт Абдувалӣ Бердиев.
 – Вай дар деҳаи Каттатоҷики ноҳияи Асака ба дунё омадааст. Каримҷон Юсупов охири солҳои чилуми қарни гузашта аввал курси муаллимтайёркунии Андиҷонро хатм намудааст. Баъд  солҳои 1953-1958 бахши суханшиносии Донишгоҳи давлатии Фарғонаро ба поён расондааст. Иттифоқ афтод, ки чанд сол бо устод Каримҷон Юсупов дар донишгоҳ ҳамроҳ кор кунам ва аз таҷрибаи илмиву ҳаётии он кас баҳраҳо барам,– иброз дошт мудири кафедраи забоншиносии донишгоҳи мазкур Эҳтиётхон Иброҳимова.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи 
Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: