ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ...

Таърихи як суҳбате, ки камина рӯзгоре бо шарқшиноси бузург Шоислом Шомуҳамедов анҷом дода будам.

Таърихи як суҳбате, ки камина рӯзгоре бо шарқшиноси бузург Шоислом Шомуҳамедов анҷом дода будам.
Моҳи марти соли 1967 буд. Шӯрои Академияи фанҳои Ӯзбекистон ба диссертатсияи номзадии ман доктори илмҳои филологӣ, ҷоизадори мукофоти байналхалқии Фирдавсӣ Шоислом Шомуҳамедовро оппонент интихоб намуд. Рӯзи дигар диссертатсияро бо нусхаи роҳхат ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд бурдам. Ба деканат, ки дар ошёнаи дуюм ҷойгир шуда буд, даромадам.
– Дар ҳузури домулло одам бисёр, интизор шавед,– гуфт котиба.
Баъд аз чанд дақиқа аз дарун 4-5 нафар баромаданд. Котиба ба шахси миёнқад, ки сарулибосаш шинам буд, ишора карда «ҳамин кас» гуфтагӣ барин шуд. Ба ӯ салом додам ва хати шӯрои илмӣ ирсолдоштаро дароз кардам. Хатро аз назар гузаронда:
– Э, Ҳамидҷон, шумоед? – гуфту аз дастам дошта ба дарун таклиф кард. Баъд аз пурсупос диссертатсияро варақ зада гуфт:
– Мавзӯи хубро интихоб кардаед. Аз номи ман ба устодатон Натан Маллаев салом гӯед, тақриз дар 15 рӯз тайёр мешавад.
Ҳақиқатан ҳам, баъд аз 15 рӯз тақриз тайёр шуд ва ман ниҳоят хурсанд шудам. Ба баҳои шарқшиноси машҳур сазовор гаштан барои ман бахт буд. Ҳамин тариқ, бо Шоислом Шомуҳамедов устоду шогирд шудем. Рӯзе бо мақсади 80-солагиашонро табрик намудан, ба ҳавлиашон, ки дар маҳаллаи Оқсойи мавзеи Кӯкчаи пойтахт воқеъ буд, рафтам. Сари як пиёла чой суҳбатамон қӯр хӯрд.
– Устод, барои чӣ шумо соҳаи шарқшиносиро интихоб намудед? Оё ин тасодуф аст?
– Тасодуф нест. Зеро бобом, падарам, тағоям, модарам – ҳамаи аъзои оилаамон шахсони зиёӣ буданд. Тағоям Ҳорун Сулаймонов ва модарам Шарофатая «навоихон» буданд. Онҳо «Чор девон»-ро, ки бо алифбои арабӣ навишта шуда буд, мехонданд. Шоирони машҳур Ҳамид Олимҷон, Уйғун ва Амин Умариҳо асарҳои Навоиро ба чоп ҳозир менамуданд.
Соли 1939 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии қӯшунҳои пиёдаи Тошканд маро ба фронт фиристоданд. Дар ҷанг захмдор шудам. Дар госпиталҳо табобат гирифтам. Баъд аз он дар штаби сарҳади Тирмиз кор кардам. Соли 1947 аз хидмати ҳарбӣ баргаштам ва ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд бино ба ихтисоси филологияи эрон-афғон дохил шудам. 
Рӯзе модаркалонам маро ҷеғ зада ба дастам дастхати ноёби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро дода гуфтанд:
– Бачам, ин китоби муқаддас, онро эҳтиёт намо. Вақте бобоят инро мехонданд, оби дидаашон рӯйи ришу мӯйлабҳояшон мешорид.
Моҳи майи соли 1921 ман дар ҳамин хонадон ба дунё омадам. Ман дороиям – китобхонаамро ба Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, ки бароям даргоҳи муқаддас аст, инъом намудам. Ҳамон нусхаҳо ҳанӯз дар китобхонаи институт нигоҳ дошта мешавад. Яъне, шарқшинос шудан дар хуни ман будааст.
– Солҳои шастум баҳри омӯхтани таърихи адабиёти форс-тоҷик ҷиддитар машғул шудед, тадқиқот, тарҷумаи ҳол ва асарҳои адибони форсигӯйро тарҷума ва ба чоп ҳозир намудед. Ин корҳо эҳтиёҷи маънавӣ буд ё тақозои замон?
– Баъди хатми дорулфунун дар кафедра мондам. Ана ҳамин барои ман муҳити муносиби корро офарид. Ба омӯхтани ашъори форсии Навоӣ оғоз намудам, дар асоси он маҷмӯа ва гулдастаҳо тартиб додам. Аз миёнаи солҳои шастум сар карда, «Эҳсон Табарӣ», «Дар роҳи ҳақиқат», «Умари Хайём», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Классикони адабиёти форсу тоҷик», «Саъдии Шерозӣ», «Маликушшуаро Баҳор», «Гуманизм дар адабиёти классикони форс-тоҷик», «Амир Хусрави Деҳлавӣ» барин рисола, монография, мақола, тарҷумаҳоям дар шакли китоб аз чоп баромаданд. Соли 1969 доир ба ихтисоси адабиёти форсӣ дараҷаи илмии доктори фанҳоро гирифтам.
Ҳамон солҳо дар назди Нашриёти давлатии адабиёти бадеии Тошканд таҳририяти «Адабиёти халқҳои Шарқ» созмон ёфт ва маро роҳбар таъин намуданд. Ин барои ташаккулёбии эҷодиёти ман имконият фароҳам овард ва аз Рӯдакӣ сар карда ашъори гаронбаҳои шоирони классики форсигӯйро тарҷума намуда ба дасти чоп супурдам. Аз ҷумла, рубоиёти Хайём, ки сода, равон ва оммафаҳм аст, 12 маротиба аз нав нашр гардид. Дар тарҷума ҳаракат мекунам, ки асолати рубоиҳоро нигоҳ дорам. Баъзан барои офаридани ягон асар маслиҳати устодон лозим меояд. Рӯзе шоир Эркин Воҳидов гуфт, ки «Шоҳнома» қариб ба ҳамаи забонҳои халқҳо тарҷума шудааст. Аммо тарҷумаи шеърии он ба забони ӯзбекӣ ҳанӯз ба миён наомадааст. Ин корро худатон ба зимма мегирифтед. Варианти Мирии «Рустам ва Суҳроб» асари оригиналӣ мебошад. 
Баъд аз ин, ба тарҷумаи «Шоҳнома» пардохтам. Ба иҷро расондани ин кори масъулиятнок бароям мушкил буд, аз ин лиҳоз донишмандони шеърияти забони форсӣ, шоирон Ҷумъаниёз Ҷабборов, Назармат, Ҳамид Ғуломро ҷалб намудам. Баъд аз заҳмати чандинсола тарҷумаи шеърии сеҷилдаи «Шоҳнома» дастраси китобхонон гардид. (Тарҷумаи пурраи ҷилди якуми китоб ба қалами Ш. Шомуҳамедов мансуб аст. Устод баргардониҳоро ба услуби ҷангноманависии Фирдавсӣ хос тарҷума кардааст. Китоб ба аҳли илму адаб писанд омад). 
Солҳои баъдина «Гуманизм – байрақи абадият», «Ҷилои хазинаҳо», «Эпос», «Таърихи адабиёти форс-тоҷик», «Шоҳкитоб ва муаллифи он», «Адабиёте, ки ҷаҳонро шефта кардааст» барин китоб ва якчанд тарҷумаи навам дар рӯзномаву маҷаллаҳо рӯйи чопро диданд. 
– Медонем, ки шумо ба адабиёт, ба ҷараёни адабӣ хеле дертар дохил шудед. Оё ин сабабе дорад?
– Дар асл, ба адабиёт хеле барвақт қадам мондам. Аз давраи мактабхонӣ машқи шеър мекардам. Саволи шумо ҳам ҷон дорад. Баъди нӯҳ соли хидмати ҳарбӣ ва панҷ соли таҳсил дар олигоҳ ба майдони адабиёт дохил шудам. Таҷрибаи бисёрсола, ҷидду ҷаҳд, иқтидор ва ҷустуҷӯҳо самараи худро доданд. Китобҳоям бо номи «Вақт», «Рубоиҳо», «Гулбоғ», «Сайри Гулбоғ», «Одам ҳаст, ки», «Дурдонаҳо» ва ғайра рӯйи чопро диданд. Бо Ғафур Ғулом, Миртемир, Юнус Раҷабӣ, Иброҳим Мӯъминов барин намояндагони адабиёт, илм, санъат ҳамкорӣ кардам, ошноӣ пайдо намудам.
– Аз шогирдонатон ҳарф мезадед.
– Беш аз 45 сол аст, ки дар муассисаҳои таълими олӣ ба донишҷӯён дарс медиҳам, ба аспирант, докторанту тадқиқотчиён роҳнамоӣ мекунам. Пас, шогирдонам бисёр. Байни онҳо академик, профессор, арбобони давлатӣ ва ҷамоатӣ низ ҳастанд. Шукри беадад, шогирдони ман боиқтидор, илмдӯст ва инсонпарвар ба воя расиданд. Ба шарқшиносии Ватан ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Шарқшиносӣ фанни мураккаб, ҳозир имкониятҳо васеъ, шароит торафт беҳтар мегардад, шарқшиносӣ низ, бешубҳа, пеш меравад.
Соли 2006 рубоиҳои устод бо рубоиҳои Умари Хайём дар як ҷилд нашр гардид. Дар Институти шарқшиносии Тошканд тақдимоти ин китоб ба вуқӯъ пайваст. Ҳамон рӯз Ш. Шомуҳамедов бетоб будаанд ва ба чорабинӣ омада натавонистанд.
Имрӯз чунин эҷодкори беназир дар байни мо нест, вале асарҳои илмӣ, бадеӣ, аз ҳама муҳимаш, хислатҳои неки инсонии ӯ ҳамеша бо мост. Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд ҳар 
кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр 
зинда кунад номро.

Ҳ. ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: