ЗИЁРАТГОҲ БОЗ ҲАМ ОБОД МЕГАРДАД

Обидаҳоеро, ки таърихи ҳазорсола доранд, ба пуррагӣ ба авлоди оянда расонидан, ҳолати аслии онҳоро барқарор намудан ва ба ин восита ба баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии мамлакатамон эътибори алоҳида дода мешавад.

Зиёратгоҳи Абулмуин ан-Насафии ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё аз ҷумлаи чунин қадамҷойҳост. Айни замон дар маҷмӯаи мазкур дар асоси барномаи муайяншуда корҳои васеъмиқёси бунёдкориву таъмирӣ бурда мешавад. 
Зиёратгоҳи Абулмуин ан-Насафӣ, ки дар деҳаи Қовчини ноҳияи Қаршӣ ҷойгир шудааст, таърихи ҳазорсола дорад. Аз биноҳои ин ҷо сар карда то дарахтҳои туте, ки печҳояшон аз асрҳои зиёд дарак медиҳанд ва санги қабрҳое, ки бо навиштаҷоти қадимӣ оро дода шудаанд, далели ин гуфтаҳост. Дар қадамҷо мақбараи алломаи бузург, ҳазрати Абулмуин ан-Насафӣ, ҳамчунин, масҷиде бо ҳамин ном ҷойгир аст.
Бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ба зоироне, ки ба ин қадамҷойи муқаддас ташриф меоранд, дар иншооти мазкур корҳои бунёдкориву таъмирсозӣ ва азнавсозии васеъмиқёс ба иҷро мерасанд, – мегӯяд намояндаи вилоятии идораи мусулмонони Ӯзбекистон Раҳматуллохон Усмонов. – Аз ҷумла, масҷиди ҷомеи бузурге, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст, барпо мегардад. Масҷиди мазкур дорои ҳамаи созгориҳои замонавӣ буда, барои шаҳрвандоне, ки дар ин ҷо ибодат мекунанд, ҳама шароит муҳайё карда мешавад. Ба ғайр аз ин, мақбарае, ки дар он ҳазрати Абулмуин ан-Насафӣ маъво гирифтааст, ба пуррагӣ таъмир карда мешавад. Маҷмӯа наздик ба 1,5 гектар майдонро фаро гирифтааст. Барилова, дар дохили маҷмӯа китобхонаи дорои хазинаи бузурги китоб ва толори муҳташами хониш бунёд мегардад. Дар ин китобхона китобҳои ба забонҳои ӯзбекӣ ва арабӣ навишташудае, ки барои оммаи китобхонҳо пешбинӣ гардидааст, ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Дар ҷараёни таъмири зиёратгоҳи Абулмуин ан-Насафӣ барои ҳифзи худшиносии таърихӣ, дар баробари ин ба зиёраткунандагон шароити мусоид фароҳам овардан эътибори алоҳида дода мешавад.
– Дар зиёратгоҳ он қадар дигаргуниҳо ба амал омаданд, ки нафари як сол пеш ба ин ҷо буда онро мумкин аст нашиносад, – мегӯяд собиқадори деҳа Неъматбобо Холматов. – Ба сабаби ин обида деҳаи мо ба тамоми дунё машҳур шуд. Айни замон қадами зиёратгарон аз ин ҷо канда нест. Ҳатто аз мамлакатҳои хориҷӣ низ зиёратгарон ташриф меоранд. Сокинони деҳаи мо аз чунин корҳои ободонӣ ва дигаргуниҳои мусбате, ки дар ҳудуди мо амалӣ мешаванд, хурсанданд. Барои қиёфаи нотакрор касб кардани зиёратгоҳ меъморон ва бунёдкорон аз таҳти дил хидмат мекунанд. Аз чунин эҳтироме, ки ба аҷдоди бузурги мо ва хидматҳои онҳо нишон дода мешавад, ҳамагон миннатдоранд.

Ӯ.БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: