ЗИЁРАТГОҲҲОИ ЗАРХОНА

АТОБАК

АТОБАК

Зиёратгоҳи Атобак дар пушти кӯҳи рӯ ба рӯйи деҳаи Зархона воқеъ мебошад. Барои ба он ҷо рафтан аз паҳлӯйи масҷиди деҳа гузашта, ба мавзеи Қадобаи деҳа мерасед. Баъд хонаҳои дар мавзеи Теғзардолу бунёд шударо гузашта, ҷониби кӯҳ роҳ пеш мегиред. 
Ҳамин тавр, бо роҳи пурпечутоб қариб як соат роҳ гашта ба қуллаи кӯҳ мерасед. Аз қуллаи кӯҳ 200-250 метр фуромада ба ғоре мерасед, ки дар зери камар воқеаст. Хам шуда дуним-се метр мегардед, ба суфа мерасед. Ба шифти ғор даст намерасад, мисли хона васеъ аст. Дар тобистон ҳам сард аст. Аз шифт об мечакад. Дар пешгаҳи ғор бинобар гувоҳии пирони деҳа дар даҳсолаи аввали асри мо ҳам ҷойи гузоштани чароғу шамъдон, санге дар шакли гаҳвора, инчунин товасанге дар шакли парчам бо катиба мавҷуд будааст. Ҳоло аз шифт чӯкида, онҳоро нопадид кардааст. 
Дар замони шӯравӣ, (солҳои 30-юми асри ХХ) дар ин ғор Домулло Шоҳмурод ибни домулло Абдурозиқ чанд муддат пинҳон шуда, хешовандони наздик шабона пинҳонӣ ба эшон хӯрокворӣ мерасонидаанд. 
Дар сари қулла дегу чойҷӯш, табақу косаҳо мавҷуданд, обро аз деҳа мебаранд. Мардум ба он ҷо рафта, тиловат мекунанд, дуо мехонанд. Аз Атобак обанбори Тӯпаланг намудор аст. Доир ба шахсияти Атобак, таърихи он маълумот надорем. Лекин аз таърих медонем, ки сулолаи Атобак аз нимаи якуми асри ХII (аз соли 1136) то истилои муғулҳо дар Аҷам (дар ҳудуди Эрону Озарбойҷони имрӯза) ҳукумат рондаанд, пойтахти давлаташон шаҳри Табрез буд.
Шояд сокинони аввалини деҳаи Зархона аз сулолаи парҳезгорони зикршуда бошанд. Чунонки Абӯалӣ Сино дар Ҳамадон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб хок шудаанд. Дар ғор сукунат ихтиёр намудани бузургонро бисёр шунидаем. Шайх Саъдӣ фармудааст:

Бузурге дидам 
андар кӯҳсоре,
Қаноат карда аз дунё 
ба ғоре.

 БУЗУРГ
Мазори Хоҷа Бузург дар қисми болои Зархона ҷойгир буда, дар паҳлӯяш дарахти азимҷуссаи заранг рустааст, ки  аз бисёр мавзеҳои деҳа намоён мебошад. Аз қабристони деҳа то мазори Хоҷа Бузург тахминан ду километр роҳ аст. Турбати Хоҷа Бузург дар баландии як метр қарор дорад. Атрофи қабр девор гирифта шудааст, ки даври он 90-100 метр аст.
ХОҶА
Дар бораи ному насаби аслию пурраи Хоҷа Бузург маълумот нест. Халқ ба ин мазор ихлосу эҳтироми баланд дорад. Ибораи Хоҷа Бузург аломати шахси муҳтарам, донишманди дин, зоҳиду порсоеро мефаҳмонад, ки тарки дунё кардааст. Дар Хоҷа Бузург низ дегу косаю табақ... ҳаст ва мардум ба ин ҷо омада, тиловат ва дуо мехонанд.
Домулло Шоҳмурод ибни  Абдурозиқ  шабона ба ин мазор рафта тиловату муноҷот мекардаанд.

ҲАЗРАТИ ЭШОН
Аз Зархона ба болои деҳа, ба тарафи шимол роҳ пеш гиред, мавзеи Кандук намоён мешавад. Дар офтобнишини он қабристони Ҳазрати Эшон ҷойгир шудааст. Аз Зархона тақрибан яксоата роҳ аст. 
Масоҳати қабристон аз 10 сотих зиёд буда, дар он қабри алоҳидаи атрофаш сангдевор гирифташуда ҳаст, ки онро гӯри Ҳазрати Эшон мегӯянд. Атрофи қабристон солҳои 1979 ва 1980 бо ташаббуси марди хайрхоҳ Ҳакимбой Муродов бо тӯри симин печонида шудааст. Ному насаби аслии Ҳазрати Эшон маълум нест. 
Ҳазрат калимаи эҳтиромӣ буда, дар зикри номи шахсони бузург истифода мешавад. Маълум аст, ки эшон маънои домулло, шайхро дорад. Рӯҳониёни намоёнеро, ки гузаштагонашон ба ҳамин табақа мансубанд, эшон меноманд. Бармеояд, ки Ҳазрати Эшон аз уламои бузурги замон будаанд. 
Дар ин маҳал инчунин зиёратгоҳҳои Хоҷа Сарпӯш дар мавзеи Таги Хиноӣ, Хоҷаи Хон дар мавзеи Сари Копат, Бибӣ Нодира дар Қадобаи паси кӯҳ, марқади  Ҳазрати Махдуми Ҳанафии Нақшбандӣ дар қабристони деҳа воқеъ мебошанд.

Маҳкам ҶАЪФАРОВ,
омӯзгори мактаби рақами 7-уми  
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: