«ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МУАЛЛИМ!»

– Ало, ало, – шунида шуд аз гӯшаки телефон, ки пас аз садои занги он бардошта будам.

Рафиқи деринаам аз воҳаи Қашқадарё телефон мекард ва аз ҳоли ману то обу ҳавои Тошканд ва вазъи идораи рӯзнома ва кормандонаш пурсон мекард. Аслан чунин суҳбатҳои маъмулӣ бо алоқадорони рӯзнома як падидаи оддӣ аст. Вале пас аз ягон даҳ дақиқаи суҳбат рафиқам гуфт, ки дар синф ҳастаму дарс медиҳам, якбора тааҷҷубам даҳчандон афзуд, ки аз ҳисоби дарси ҳамагӣ 45 дақиқа агар даҳ дақиқааш фақат бо як нафар барои суҳбати телефонӣ зоеъ шавад, ё худ дар тӯли ин як соат дарс боз ба як-ду занги телефон руҷӯъ карда шавад, пас аз он дарс чӣ қадар вақт мемонад, ки муаллим бо вазифаи бевоситаи худ машғул гардад.
Вақте ки ба чунин манзараҳо шоҳид мегардед ва ё беихтиёр дар он иштирок мекунед, ба содагӣ дарк мекунед, ки низом ва тартибу масъулиятшиносӣ дар омӯзгорон ҳанӯз то чӣ андоза аз он ченаке, ки ҳамаи мо орзу мекунем, дур аст. Дар хусуси мактабу таълиму муаллим ҳама бе лоқайдӣ гап мезанад, чунки ҳамаи мо аз ҳамин мактаб гузаштаем ва ин мавзӯъ дар ҳар дараҷа барои ҳар кас алоқаманд аст. Аз ин рӯ ҳар каси дилхоҳ мехоҳад дар ин хусус радду бадал кунад, андешаву мулоҳизоти худро баён намояд. Ва табиист, ки ин бетафовут набудан нисбат ба таълиму тадрис аз ғамхорӣ ва дилсӯзӣ ба фарзандон ва умуман насли наврас сарчашма мегирад. Бо вуҷуди қабули низому қонунҳои фарогир ва ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳа, хусусан шуури аҳли маориф ҳанӯз мисле ки дигар нашудааст. Бефарқӣ ба шогирдону ҷараёни дарс ва сифату азхудкунии хонандагон, ба истиснои баъзе дигаргуниҳои зоҳирӣ – ин ҳама ҳанӯз аз шуури устодон сутурда нашудааст, яъне «хар ҳамону полонаш дигар». Вагарна воқеаи зеринро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст?
Бо коре ба шиносам телефон кардам, ки зиёда аз чоряк аср дар мактаби таълими ҳамагонӣ дар вилояти Тошканд дарс медиҳад. Аз садои гиру дораш чунин тасаввурот ҳосил гардид, ки гӯё дар синф бошад. Маро хотирҷамъ карду гуфт, ки суҳбатро давом диҳам. Ва дар омади гап гуфт, ки ба хонааш як-ду нафар ҷиянони коллеҷхонаш омадааст ва ба онҳо дафтарҳои хонандагонашро додааст, то ки ба ҷои ӯ онҳоро санҷанд(?).
Худ ба худ фикр мекардам, ки чӣ гуна шогирдони коллеҷ кори хаттии хонандагони мактаби миёнаро метавонанд бисанҷанд. Ва ин санҷишҳои хаттӣ чӣ аҳамият доранд, агар онҳоро шогирдони коллеҷ баҳо гузоранд? Худи муаллим ин ҳамаро чӣ гуна тасаввур мекарда бошад?
Ин ҳама як тараф, аммо тартиб ва интизом дар даргоҳи маърифат ҳамеша аз сутунҳои асосии ҷараёни таълим ба шумор мерафт ва аз рӯи принсипи ҳамешагӣ ин ҷиҳати кор ҳоло ҳам дар соҳа ҳамин тавр бояд бошад. Ин аксиома дар рӯи коғаз ҳамин тавр аст, дар асл-чӣ?
Ба ёдам мерасад лавҳае, ки чанд муддат пеш дар телевизор тамошо карда будам. Лавҳа аз он бозгӯӣ мекард, ки масъулон аз прокуратура ва милитсия ба мактабе омада, давомоти хонандагонро месанҷиданд. Онро тамошо мекардаму солҳои мактабиам ба ёд мерасид, ки дар мактаб пайдо шудани намояндагони идораҳои низомипӯш чун ҳодисаи фавқулодда ба назар менамуд. Барои он ки аз ин мақомот касе ба мактаб ояд, бояд ҷинояти сахт содир мегардид ва чунин манзараи номатлубро дар даҳ соли таҳсил дар мактаби миёна шоҳид нагаштаам. Агар дар таълимгоҳ бо давомоти хонандагон идораҳои интизомӣ машғул гардад, пас роҳбарон ва маъмурони мактаб чӣ кор мекунанд? Дар ин маврид ҳар гуна тахмин ҷой дошта метавонад – аз нобоварӣ ба онҳо то бемасъулиятӣ ва назарфиребии маъмурони мактаб. Инро мехоҳам боз бо як далели дигар пурра намоям, ки бо шахси наздики ҳамдеҳаам рух дода буд. 
Хонаводаи ӯро бо ду кӯдакаш, ки яке дар синфи ибтидоӣ мехонд, дар аввали ҳафта дар маркази ноҳия дидам ва ҳолпурсӣ кардаму сабаб пурсидам, ки бо чӣ корҳо дар марказ мегардад. Дар ҷавоб гуфт, ки ба тӯйи хешон омадаасту боз чанд рӯзи дигар ин ҷо мебошад ва охири ҳафта ба деҳа бармегардад. Гумон намекардам, ки хонандаи мактаб низ бо падару модараш як ҳафтаи тамом бе мактаб мемонад ва аз ин боис пурсидам, ки «мактаб чӣ мешавад?» Падари хонанда бо хотирҷамъӣ гуфт, ки «ҷавоб гирифтем».
Боз ҳам тасаввур карда натавонистам, ки дар вақти таҳсил хонандаи мактаб чӣ гуна метавонад бе ягон сабаби ҷиддӣ як ҳафта аз дарс монад. Он чӣ мактаб, чӣ маъмурият ва чӣ гуна роҳбарият аст, ки бафурҷа, бе ягон андешаи масъулиятшиносӣ хонандаи мактабро як ҳафта аз дарс рухсат медиҳад. Хеле фикр кардам, ки ягон дафъа ҳадди ақалл барои як рӯз, ё гузашта аз ин, барои як соати дарс ҷавоб гирифта бошам? Ба ёдам наомад...
Дар ҳар сурат муҳит ва вазъияте, ки дар соҳаи таълим, хусусан дар робита бо салиқаву савияи дониш, истеъдоди касбӣ, муносибат ба пешаи пуршарафи муаллим  ба вуҷуд омадааст, коре нест, ки бо як-ду ҳуҷҷат ва низом тағйир дода шавад, чунки кайҳо «хишт аз қолаб кӯчидааст». Табиист, ки ин муносибат ва тинату тафаккури шахшударо ба зудӣ ва содагӣ дигаргун кардан кори саҳл нест. Барои ин солҳо зарур аст, то ки сифати таълим аз пойгоҳи ибтидоии худ бозсозӣ гардад ва бо мурури вақт то ба сатҳи дилхоҳе, ки дар гузаштаи начандон дур доштему ҳанӯз аз ёдҳо сутурда нашудааст, бирасем. Дар ин роҳ кори ночиз ва амали беаҳамият набояд вуҷуд дошта бошад, ҳатто ба маросимҳои иззатталабӣ ва тамаъгарии ночиз ҷалб намудани хонандагон.
Яке аз рӯзҳои сарду боронӣ тирагии шаб наздик мешуд, ки ба зодгоҳ омадам ва дар рӯи ҳавлии падарӣ духтари додарамро дидам, ки дар бар борониву дар даст чатр худро назди девор гирифта, бо дили ғаш меистод, мисле ки кореро дилаш намехосту аммо водор буд. «Чаро хона намедароӣ?» пурсидам ба ҳолаш дилам сӯхта. «Не, бояд равам» гуфт боз бо дилхирагӣ. Хостам, ки бидонам – ӯ чӣ кор дораду ба куҷо равона аст дар ин тирагии бегоҳ ва лою борон. Маълум гардид, ки муаллимашон зодрӯз доштаасту аҳли ин синфи ибтидоӣ ҳама якҷоя ба хонаи устодашон рафта, ӯро бояд табрик кунанд.
Дар худ фикр кардам, ки наход муаллими синфи ибтидоӣ ба ҷои он ки шогирдонро барои шабона, дар ҳавои сарду боронӣ ва кӯчаҳои лойгини қишлоқ дар хонаи гарму назди падару модар хотирҷамъ нишастан ташвиқ ва насиҳат намояд, дилаш мехоҳад, ки ин кӯдакон дар маҳаллаи дигар ба хонаи вай омада, табрик карда, иззаташро ба ҷо оранд!
Кунҷковӣ карда аз вай пурсидам, ки «агар наравӣ чӣ мешавад?» Аз ин саволи ман тааҷҷуб кард ва ҳайрон буд, ки чаро ман ӯро аз роҳ мегардонам, чунки, бинобар мазмуни гапҳояш, дарк кардам, ки ин гуна «маросимҳо» дар мактабиён ба ҳукми анъана даромадааст. «Агар нараваму зодрӯзи муаллимро табрик гуфта, ҳадяро насупорем, фардо ба рӯи муаллим чӣ хел нигоҳ мекунам?» – аз ин «нодонии» ман тааҷҷубаш афзуда суханашро идома медод толибаи синфи ибтидоӣ.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик», Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: