Зоир МИРЗОЕВ: БА ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ГУЗОШТА ҚОДИР ҲАСТЕМ!

Ҳоло дар ҷумлаи вилоятҳои ҷумҳурӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев низ дар сессияи Шӯрои намояндагони вилоят ба мардум муроҷиат намуд.

Ҳоло дар ҷумлаи вилоятҳои ҷумҳурӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев низ дар сессияи Шӯрои намояндагони вилоят ба мардум муроҷиат намуд. Агар дар даврони нави ҳаёти ҷумҳурӣ дар ин вилоят чандин бор иваз шудани роҳбарро ба ҳисоб гирем, ин аз вазъу муҳити чандон ноҷӯри минтақаи атрофи пойтахт далолат менамояд. Эҳтимол бо ин далел бошад, ки дар муроҷиати ҳокими навтаъин рӯҳияи танқид ва таҳлили амиқу мӯшикофона бартарият дошт.
Аз суханони З.Мирзоев бармеояд, ки вилояти қариб семиллионнафараи Тошканд бо саҳм ва нақши худ дар ҳаёти иқтисодиву кишоварзӣ ва хидматрасонӣ мавқеи аз имрӯза намоёнтару мутаассиртар бояд дошта бошад. Дар асл бошад, фаразан, саҳми соҳаи хидматрасонӣ дар маҳсулоти умумии ҳудуд ҳамагӣ 25 фоизро ташкил менамояд, ки ин ба муодили маблағ 18 трлн. сӯмро ташкил менамояд. Ҳол он ки саҳми он дар баъзе вилоятҳои водии Фарғона то 80 фоиз мерасад.
Бино бар ҳокими вилоят соли 2022 ба вуҷуд овардани 162 ҳазор ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст, ки ҳаҷми зиёди он ба далели вуҷуд доштани заминаҳои мусоид ба сайёҳӣ ва маконҳои фароғатӣ ба ҷанбаи хидматрасонӣ рост хоҳад омад. Назар ба соли ҷорӣ, ки бештар аз сад ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шудааст, ин ба маротиб зиёд аст. Дар хориҷ аз мамлакат аз пайи қути лоямут рафтани 135 ҳазор нафар ба эътибор гирифта шавад, ба вуҷуд оварда шудани беш аз 160 ҳазор ҷойи кор айни муддао хоҳад буд.
Санҷишҳо ифшо намудаанд, ки дар муомилоти замин 7 ҳазор ҳолати сохтакорӣ рӯй додааст. Дар натиҷаи пинҳон кардан ва ё аз рӯйи муқаррароташ истифода нанамудани замин, аз 13 ҳазор гектар андоз пардохта нашудааст.
Боиси дар рӯйхати соҳибкорон зикр нашудани номи 370 нафар дар он аст, ки онҳо ғайриқонунӣ фаъолият менамудаанд.
Мирзоев бо таассуф гуфт, ки дар даҳҳо объекти муқаррароти таълимиву маданӣ ва тиббӣ маблағи ҷудошуда азхуд нашудааст ва дар натиҷаи тӯл кашидан ва дар муддати муқарраршуда сохта нашудани онҳо нархашон меафзояд ва маблағи барои онҳо муқарраршуда кифоя намекунад.
Нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои таълим ва тандурустӣ боз як ҳолати дигари нигаронкунанда аст. Дар муассисаҳои таълимиву табобатии шаҳрҳои Чирчиқу Ангрен ва Олмалиқ, ноҳияи Бӯстонлиқ даҳҳо кормандони ихтисосӣ намерасанд.
Қатъ гардидани равуои автобусҳо дар баъзе маҳалҳо ончунон бармаҳал рӯй дода буд, ки ин роҳатии нақлиёт ҳатто аз хотири мардум бардошта шудааст. Дар ҳоле ки дар вилоят барои қонеъ кардани талаби аҳолӣ 900 автобус намерасад, дар тӯли як соли оянда ин қадар мошинро пайдо карда, ба роҳ андохтан кори ғайриимкон менамояд. Аммо Зоир Тоирович дар қисми сеюми муроҷиати худ зикр кард, ки ин нақшаҳо барои соли оянда иқдоми асосӣ хоҳад буд.
Ин ҷамъомади намояндагони Шӯрои вилоят ва фаъолону роҳбарони секторҳо, инчунин аз тариқи видео бо намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳо, дар маркази нави вилоят – шаҳри Нурафшон ба вуқӯъ пайваст, ки бинобар ба мақоми наву баланд соҳиб гардиданаш бо суръати баланд ободу зебову муҷаҳҳаз мегардад ва ҳоло аксарияти идораҳои маъмурии вилоят ба он ҷо кӯчидааст.
Пас аз маҷлис қисме аз иштирокдорон аз бинои ҳокимият берун баромада, бо боғи он шинос шуданд, ки барои мардум ва истироҳату фароғати он бунёд мегардад. Дар ин ҷо курсиҳову суҳбатгоҳҳо, китобхонаву майдони шоҳмот ва амфитеатр барои бештар аз ҳазор нафар бунёд гаштааст. Дар ҳамин ҷо, ки ҳанӯз корҳои ободонӣ ва хуррамсозӣ идома дошт, нафаре чолоктар пеш омад ва бо ҳама бо чеҳраи кушод салом намуд. Шинос намуданд, ки вай ҳокими шаҳри Нурафшон Музаффар Солиев мебошад. Ӯ зуд журналистонро бо ҷараёни кор шинос кард ва аз нақшаҳои хеле доманфарохи ояндаи маркази нави вилоят, роҳу нақлиёт ва меъмории он ҳарф зад. Дар либосе, ки аз коргарони оддии ин боғ кам фарқ мекард, ӯ худро боварибахш ва дилпур эҳсос мекард. Тавре ки ҳамкасбон баъд нақл карданд, ӯ собиқ аз роҳбарони Вазорати мудофиа дар рутбаи генерал-майор будааст ва дар сароғози таъсиси Вазорати хидмати хоҷагии коммуналӣ вазифаи вазирро дар ӯҳда доштааст. Аз гирудор ва оҳанги суҳбаташ маълум мегардид, ки аз руҳу шеваи кори расмиятпарастӣ орӣ мебошад. Дар суҳбати кӯтоҳе, ки доштем, аз усули маъмулии ҳокимон сухан ба миён овард, ки бино ба оҳанги маҳкумкунандааш аз он хушаш намеомад. Аз ҷумла, аз мусобиқаи бузкашӣ барои Ҷоми ҳокими вилоят ҳарф зад, ки роҳбарони зинаҳои ноҳиявиву шаҳрӣ хостаанд ҷоизаҳои мусобиқаро аз ҳисоби фермерон ва соҳибкорон ҷамъ кунанд. (Дар бораи ин мусобиқа «Овози тоҷик» 10 ноябри соли ҷорӣ навишта буд). – Гуфтам, ки «не, ин корро набояд кард, монед, ки фермеру соҳибкорон нафаси осуда кашида, ба даромадашон худашон соҳибӣ кунанд», – мегӯяд оташинона ин ҳокими боғайрат, ки аз аввали соли ҷорӣ инҷониб ба ин вазифа таъин шудааст.
Кас чунин роҳбарони бошуҷоату ҷуръатноки давраи навинро мебинаду бовараш намеояд, ки ба тарзи ба тасаввуротамон номувофиқ ҳам дар чунин вазифаҳо кор кардан мумкин аст. Аз ҷиҳати дигар чунин роҳбарони зинаи миёнаву дараҷаи ноҳияву шаҳрҳо, ки тафаккурашон аз пешиниён фарқ мекунад, эҳтимол ба ҳокими нави вилоят такягоҳ гарданд, ки бо ҳам вазифаҳои бузурги дар пеш гузоштаашро ба сомон расонанд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: