Маҷмааи “Майдони хотира” дар маркази маъмурии ноҳия – Зомин воқеъ гаштааст.
Вақте ба ин ҷо расидем, офтоб болои сар шӯълапошӣ менамуд, аммо насими форам ин гармии офтобро барҳам мезад. Ҳама ба назди пояи муҷассамаи модар омадем ва зери он гулчанбар гузоштем.
Дар ин ҷо беихтиёр варақҳои китоби оҳанини пешайвони ду тарафи маҷмааи “Майдони хотира”-ро рӯйгардон мекунем. Мебинем, ки дар ҳар сафҳаи он исму насаби ҷанговарони зоминӣ ва мухтасари шарҳи ҳоли онҳо бо хати заррин сабт ёфтааст. Аксарияти онҳо дар ҷанги зидди фашизм ҷони худро нисор кардаанд.
Дар як тарафи ин маҷмаа чойхонаеро барои мӯйсафедони барнодил бунёд кардаанд. Рӯзе, ки мо аз ноҳияи Зомин боздид мекардем, як гурӯҳ мӯйсафедон чанд кат ва мизу курсиҳоро ишғол карда, нони чошт тановул мекарданд.
– Инҳоро бинед, ки чӣ гуна вақти худро хушу гуворо мегузаронанд. Албатта, онҳо ба ин гуна истироҳат ҳақ доранд, чунки солҳои дароз меҳнати сахту машаққатнокро пушти сар намудаанд, – эҳсоси хушҳолии худро пинҳон дошта натавонист раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистон Олимҷон Ӯсаров.
– Дар вилояти мо чунин чорабиниҳо зуд-зуд баргузор мегарданд. Имрӯзҳо шароити иқтисодӣ куллан мусоидат мекунад, ки ба собиқадорони меҳнат эҳтироми бештар гузошта шаванд. Ин қадршиносиҳо мувофиқи Барномаи давлатии Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол боз бештар доман фарох кардааст,– мегӯяд ҳокими ноҳияи Зомин Алишер Абдуғаниев.
Дарвоқеъ, панҷ сол муқаддам ба ноҳия омада будам. Ин бор куллан Зомини дигарро кашф намудам. Симои он дар ин муддати кӯтоҳ хеле тағйир ёфтааст. Кӯчаву хиёбонҳои зебо, роҳҳои равону васеи мошингард, роҳравҳои пиёдаҳо, дарахтони пурсабз, иморату иншооти гуногун ва амсоли он ҳусну шукӯҳи шаҳри наву замонавиро боз ҳам бештар афзудаанд.
Раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи журналистон Эркин Шерманов ташреҳ намуд, ки дар ин шаҳристон Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зодаву парварда шудааст.
– Президент ана дар ҳамин ҳавлӣ давраи кӯдакиву наврасии худро сипарӣ кардаанд. Баъд бо мурури замон барои таҳсил ба Тошканд рафтаанд. Соли 1981 таҳсилро дар Донишкадаи ирригатсия ва муҳандисони механизатсиякунонии хоҷагии қишлоқ ба анҷом расонидаанд. То ишғоли мақоми нахуствазир ва пирӯзӣ дар интихоботи раисҷумҳур дар шаҳру вилоятҳои гуногун ифои вазифа намудаанд. Ин ҳавлӣ ҳанӯз ба сифати ҳавлии як духтури оддии ноҳия ба мерос боқӣ мондааст ва кас гумон намекунад, ки ин ҳавлии падари Президенти мамлакат аст,– изҳор намуд Эркин Шерманов.
Ҳавлӣ дар яке аз кӯчаҳои асосии маркази ноҳия воқеъ гашта, аз шаҳомат орӣ менамуд. Дарвозааш ҳам аз дарвозаҳои мардуми дигар фарқ намекард.
Вақте мо ба самти дараи “Боғи миллии табиат”-и Зомин роҳ пеш гирифтем, ҳавои берун рафта-рафта серунтар мешуд.
То дарвозаи “Боғи миллии табиат” дар ду тарафи роҳ меҳмонхонаҳо ва хостели зиёди оилавӣ бунёд кардаанд. Ҳатто дар яке аз ин меҳмонхонаҳо барои мо пухтани қурутоб ва чалпакеро намоиш доданд, ки хоси мардуми ин минтақа маҳсуб меёбад. Маълум шуд, ки баъди хӯрдани чунин чалпак мазаи он дар даҳон вақти дароз боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, ҷараёни пухтани нони чуқури дегиро назора кардем.
Вақте ки нон пухта шуд, як коса равғани зардро ба рӯи ин нони чуқур андохтанд. Баъди чанд лаҳза ин равған об шуд ва мизбонон аз мо даъват карданд, ки мувофиқи хостаамон як лаби нони гармро шикаста, ба равған тар карда хӯрем.
– Мо ҳар рӯз мувофиқи дархости меҳмонони худ масолеҳ, нону ҷурғот тайёр мекунем. Имрӯз лозим меояд, ки ҳудуди 25 нони дегӣ пазем ва аз чалпакҳое, ки шумоён низ истеъмол кардед, то 75-80 дона тайёр кунем. Амри муҳол аст, ки чунин нону чалпакҳоро одамон дар берун аз минтақаи кӯҳии Зомин пайдо кунанд. Ин маъниро ҳар як меҳмони ин меҳмонхонаамон тасдиқ мекунад, – мегӯяд Руқияхон Шоузоқова.
Нони дегӣ танҳо бо оташи ҳезуми себ ё зардолу пухта мешудааст. Хамири он ним соат дам мехӯрдааст ва баъд онро рост кардаву дар дег бо усули хос мепухтаанд.
Дар ду соҳили оби равони рӯди кӯҳӣ, ки аз байни рустои Тоғтерак ба поён ҷорӣ мешавад, катҳои зиёд гузошта шудаанд, ки рӯзмарра ҷои дамгириву истироҳати одамон маҳсуб меёбад. Шароит фароҳам оварда шудааст, ки муштариён баъди хӯрдани хӯрок ва сайру тамошо дар хонаҳои он ҷо бо фароғат истироҳат кунанд.
Роҳбалад ишора кард, ки мо бояд сафари худро давом диҳем. Вақте ки ба яке аз меҳмонхонаҳои шафати осоишгоҳи “Зомин” расидем:
– Дар ин меҳмонхона анҷомҳои худро гузоред ва ҳама ба тамошои талу теппаҳои атроф мебароем. То фаромадани шом аз ин манзараҳои биҳиштӣ баҳраманд мешавед. Ҳавои кӯҳистони ин ҷоро бисёриҳо ҳавас мекунанд. Нӯшидани оби зулоли он ба ҷони кас марҳам мебахшад. Шумо рафта бо гӯшҳои худ садои шарроси шаршараро низ хоҳед шунид, – гуфт роҳбалад Нодир Нурматов ва афзуд, ки агар аз вақту фурсат босамар истифода барем, ба манфиати худи мост.
Маълум шуд, ки то сарҳади Тоҷикистон масофа тамоман наздик мондааст ва дар яке аз баландиҳо суфаи хос сохтаанд, ки аз болои он чаҳор самтро чун кафи даст метавон назора кард. Ростӣ, манзараҳо бештар аз ҳарфҳои роҳбалад ҷолибтару дилписанд менамуданд. Бӯи арчаҳои атроф нафаскаширо сабук мегардонид. Барои ҳамин шахсоне, ки ба бемории диққи нафас гирифторанд, талош мекардаанд, ки маҳз ба ин минтақа сафар кунанд.
– Солона ҳазорҳо нафар шаҳрвандони кишварамон, инчунин аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ одамони зиёд барои барқарор кардани саломатии худ, фароғат ба ин гӯшаи биҳиштосо меоянд. Санаторияи “Зомин” дар даврони шӯравӣ бо амри Шароф Рашидов сохта шудааст. Ҳоло барои ба ин ҷо омадану саломатии худро барқарор намудан одамон моҳҳо навбат мепоянд, – тазаккур дод Эркин Шерманов.
Маълум шуд, ки мо, журналистон дар як шабонарӯз наметавонем аз тамоми имкониятҳо истифода кунем. Зеро ҳадди ақал 10-12 рӯз лозим аст, ки кас аз бӯи муаттари арчаҳои сарсабзу хуррам ва гиёҳҳои худрӯй баҳраманд шавад ва беҳбуди саломатиашро эҳсос намояд. Гузашта аз ин, имкон низ мавҷуд будааст, ки ягон ҳавлии сокинони маҳаллӣ ё меҳмонхонаи оилавии қисмати поёнро ба иҷора гирифт ва барои муолиҷа худро ба анбӯҳи арчаҳову рустанӣ ва гиёҳҳо расонд.
Ногуфта намонад, ки истеъмоли гиёҳҳои ин минтақа барои инсон фоидаи калон дорад. Ӯзбекистон боз чандин минтақае дорад, ки дар он имкони ривоҷи экотуризм мавҷуд. Дар вилояти Ҷиззах ноҳияи Зомин ба сифати минтақаи экотуристӣ муаррифӣ шудааст.
Ноиби ҳокими вилоят оид ба туризм, фарҳанг, мероси фарҳангӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ Синдор Раҳмонқулов лоиҳаеро муаррифӣ намуд, ки имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Зоминро фаро гирифтааст.
– Ин лоиҳа масоҳати бештар аз 2 ҳазор гектарро ишғол хоҳад кард. Дар он истгоҳи мошин, роҳи танобӣ, се меҳмонхона ва коммуникатсияҳои дигар сохта хоҳанд шуд. Аммо анҷоми корҳои сохтмонӣ ба вазъияти экологии ин ҷо ягон халал ворид намекунад, – изҳор намуд Синдор Раҳмонқулов.
Ногуфта намонад, ки “Ҷиззахи нав – аз нигоҳи хабарнигорон” лоиҳае буд, ки бо ташаббуси Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва ҳокимияти вилояти Ҷиззах таҳти татбиқ қарор гирифт ва хеле хубу хотирмон сипарӣ гардид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
ҶИЗЗАХ – ЗОМИН – ТОШКАНД.