ЗОМИН ЗЕБОТАР МЕГАРДАД

Зомин аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаи сабз, баландӣ ва дар наздикии кӯҳ воқеъ аст.

Табиати зебо, манзараҳои дилфиреб, фароғатгоҳҳои доманаи кӯҳи он таваҷҷуҳи  ҳар як бинандаро ба худ мекашад.
Дар атрофи канали начандон калони  «Зоминсой» бо сарпарастӣ ва кумаки молиявии бонкҳои тиҷоратӣ корҳои бунёдкорӣ баҳри созмон додани масканҳои истироҳатӣ  ҷараён доранд. Чунончи, дар тарафи чапи канал корҳои асосии 17 объекте, ки барои бунёди он бонки тиҷоративу саҳҳомии «Асакабанк» масъуланд, дар сурати ба анҷом расидан аст. Дар соҳили рости «Зоминсой» бонки тиҷоратии «Миллий банк» дуто объект  месозад.
Дар бунёди ин объектҳо 311 нафар меҳнат мекунанд.
Дар миқёси ноҳия бунёди  ҳамагӣ 69 бинои дуошёнадор, нӯҳто панҷ-қабата ва 27-то якошёна идома дорад. Қимати умумии 69 бинои истиқоматӣ 51 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Ин гуна корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи Қӯрғони ноҳия ҷараён дорад. Дар ҳудуди ин маҳалла ҳамчунин «Музейи таърихӣ ва кишваршиносии Зомин»-ро фирмаи бинокории «Диамонд» месозад.
Барпо намудани боғ-ҳо, ташкили плантатсияҳо дар ноҳия бо суръат афзун меёбад. Дар 232 гектар адирҳову баландиҳо дарахтони мевадор ва манзаравӣ барпо мекунанд. То ҳозир қариб сад ҳазор бех дарахт шинонданд. 
Флора ва фаунаи Зомин аз ҳисоби ҳифзи табиат  ва боигариҳои он ғанӣ мегардад.
Танҳо як боғи милливу табиии Зомин 24000  гектар замин  дорад.
Азбаски аз Зомин тӯли сол пойи меҳмонон канда нест, шумораи меҳмонхонаҳо торафт афзун мегардад. Зомини зебо торафт зеботар мегардад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: