Зухриддин Қодиров дар таърихи Ӯзбекистон аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шамшербозӣ шуд

Шамшербози ӯзбекистонӣ Зухриддин Қодиров дар чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ байни наврасон ва кадетҳо, ки рӯзҳои 2-10 апрел дар Дубай баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Ӯ аввалин ӯзбекистоние гардид, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.

Намояндаи мо, ки дар сабқати наврасон баромад кард, намояндагони Канада, Миср, Маҷористон, ИМА-ро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Олмон пеш гузашт. Дар бозии ҳалкунанда Қодиров Колин Хэткокро бо ҳисоби 15:13 шикаст дод.

Дирӯз дар ҷараёни мусобиқа Самира Шокирова ва Мусо Айтмуродов ба чорякфинал баромаданд. Мутаассифона, аз ҷоизаҳои чемпионати ҷаҳон як қадам дур монданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: