ЗУЛФИЯБЕГИМРО БА ЁД ОВАРДА

Ман бо Зулфияапа борҳо вохӯрда, дар сафарҳо ҳамроҳ будем.

Аз суҳбати ин зани боиффат, нозуктабиат, сариштакор, шоираи номдор панди ҳаёт омӯхтам гӯям, хато намекунам. Ба ӯ бо ҳавас нигоҳ мекардам. Якчанд мақолаҳоямро бо хоҳиши Зулфияапа навишта будам. Бо устод дар қолаби мавзӯъҳои мухталиф – илмӣ-адабӣ, ҳаёт ва фаъолияти шоиру нависандагон, устоду шогирдон, дӯстон, оиди тарзи омода кардани хӯрокҳои бомазза, либосҳои хушдӯхт ва ҳоказо суҳбат мекардем. 
Зулфияапа инсони батамкин, дурандеш, дилкаш ва суҳбаташ самимӣ буд. Шоираи номдори давр, соҳиби унвону мукофотҳои давлатӣ, сазовори эҳтироми халқ бошад ҳам, сурат ва сирати камтарона дошт. Яке аз китобҳояшро бо чунин дастхат ба ман туҳфа карда буд: « Маҷмуаи ноарзандаи худро ба Суйимахонуми ширинсухан бо тамоми орзуву ниятҳои нек тақдим менамоям. Чӣ илоҷ, як саҳифаи ҳаёт аз субҳ, саҳифаи дигараш аз шом иборат будааст». Хотираҳоям дар бораи Зулфияапа ҷоннок, фаромӯшнопазир ва пурҳарорат...
9 феврали соли 1957 бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Алишери Навоӣ дар маҷлисгоҳи Академияи фанҳои Ӯзбекистон чорабинии бошукӯҳи адабию маърифатӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ маротибаи аввал баромад кардам. «Муҳассили Ленинград будаед, дар корҳои илмиатон муваффақиятҳо», гуфта буд Зулфияапа.
Моҳи майи соли 1967. Дар но-ҳияи Чилонзор истиқомат мекардам. Рӯзе Зулфияапа телефон карда гуфт, ки «Ҳозир меравам, тайёр бошед. Оиди бунёдкориҳои пас аз зилзила  мақолае навиштаниям. Ҳамроҳ мавзеъро давр мезанем». Пас аз ба бар кардани либосҳоям, вақте атр мепошидам, Зулфияапа даромада омад. «Атратон «Шанел» аст?»– пурсид ӯ. «Бале, аз Маскав харида будам» гуфтам ва бори дигар ба зиракии Зулфияапа аҳсан гуфтам. 
Аввал бо мошин, баъд пиёда Чилонзорро давр задем. Биноҳои серошёнаи нав, роҳҳои асфалтпӯш, дарахтони манзаравиро дида, «Чӣ илоҷ, инсон дар назди табиат оҷиз. Шукри Аллоҳ, мардуми босабру меҳнаткаш ва бомеҳру баоқибат дорем. Дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои фалокатовари зилзиларо пинҳон кардаанд», гуфтем. Дере нагузашта шеъри «Хотира сатрлари»-и шоира тавлид ёфт:
Унутилар тӯйлар, севинчлар,
Мақсад йӯлидаги заҳмат 
унутилар.
Лекин севги унутилмас,
Унутилмас ӯлим, 
Унутилмас уйинг вайрон 
бӯлгани...
Дертар аз шафати бинои Консерваторияи давлатии Тошканд хона харидам. Барои беҳуда нагузарондани вақти холии худ аз консерватория ду-се соат дарс гирифтам. Дар чорабиниву суҳбатҳо, ҷашнвора ва гирдиҳамоии маҳфилҳои адабӣ бо устодон ва омӯзгорони ҷавон дар мулоқот будем. Рӯзе композитори ҷавон Рустам Абдуллоев дар хусуси шеърҳои ба модарон бахшидаи Зулфияапа ҳарф зада гуфт, ки дар аксарияти шеърҳои шоира маҳбубият, даъват ба инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, садоқат эҳсос мегардад. Ба як шеъри шоира оҳанг бастам, мехоҳам ба шумо навозам.
Оҳангро гӯш кардам. Шеър, ба назарам, «ба ангуштарӣ – нигин» гуфтагӣ барин, бо оҳангаш боз ҳам пурратар шудааст. Ҳамин тариқ, Рустам ба якчанд шеъри Зулфияапа оҳанг баста, худаш дар зери садои фортепиано сароидааст. 
Дар яке аз суҳбатҳо Рустам иброз намуд, ки дар асоси шеърҳои шоира як силсилаи асар офариданиям. 
– Рустам, ғазале, ки Нодирабегимро ҳамчун шоираи замон машҳур гардонид, ба Амир Умархон навиштаи ӯ мебошад. Дар шеърҳои ба Ҳамид Олимҷон бахшидашудаи Зулфияапа низ дард, алам, ҷудоӣ, ҳиссиёти дилбаронаи шоира ифода ёфтаанд ва аз ин лиҳоз ба умқи дили ҳар як хонанда ҷой гирифтаанд, ки шоираро на ҳамчун адибаву шоира, балки сарояндаи ишқи пок, вафо, садоқат ва дӯст эътироф менамоянд.
«Зинати тоҷи инсоният, гавҳари аслии он ишқ ва садоқат аст» фармудааст Навоии бузург. 
Дар операи «Садоқат», ки аз ҷониби Рустам Абдуллоев ва шоир Амон Матҷон офарида шудааст, шеърияти давраи нави Зулфия, вохӯрии ӯ бо Ҳамид Олимҷон, издивоҷи онҳо, ба олами сеҳрноки шеър ворид шудани онҳо, ба сари шоира афтидани мусибати ҷудоӣ бо шеъру оҳанг якҷоя нафис ва таъсирбахш ифода ёфтааст. 
Баҳори соли 1981 бо ҳамроҳии Рустам Абдуллоев, Отаназар Матёқубов, Амон Матҷон ва дигарон ба тақдимоти операи «Садоқат» ба Самарқанд даъват шудем. Бо садои форам ва маҳини шоира оғоз ёфтани опера аҳли толорро ба по хезонд, ки ин ба назарам, гӯё дирӯзакак буд...
Бу бир уйқу, беҳуда бир туш,
Охир бу бир алдоқчи рӯё.
Билармисан, севган кишига, 
Содиқ бӯлиш ӯзи саодат...
Яке аз рӯзҳои соли 1996. Зулфияапа занг зада чун одат пурсид: «Дил шеъри тоза мехоҳад. Аз шеърҳои нав ҳаст? Ба форсӣ бошад ҳам майлаш, якҷоя «мағзашро мешиканем». 
Ман аз Нурҷаҳонбегим хондам. Зулфияапа рубоиро такроран қироат намуд. «Обшор»-ро «шаршара» гӯям ё «шалола?» – пурсидам ман. Зулфияапа гуфт:  «Шалола» хубтар, аммо дар «шаршара» овоз ҳам, зарб ҳам ҳаст, ин ба мазмуни рубоӣ мос. Суйимахон, ин рубоӣ гӯё дар ҳақи ман гуфта шуда бошад. Шаршара аз дард сарашро ба сангҳо занад, болиштҳои ман аллакай ба санг табдил ёфтаанд...»
Ҳамон рӯз Зулфияапа бо ҳолати ғайритабиӣ, гӯё аз эҷод кӯфта шуда бошад, суҳбатро ба охир расонд, дар телефон «то боздид» гуфтем.   
Ин суҳбати охиринамон шуд...

Суйима ҒАНИЕВА, 
профессор.
(Аз китоби «Зулфия дар хотири ҳамзамонон»).        
                      

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: