ЗӮР

Дар чорсӯи зиндагӣ

Дар мусобиқаи «Паҳлавонҳои маҳаллаамон» ғолиб аниқ гардид. Писарак, аз он ки падараш дар бозиҳои ниҳоявӣ низ рақибони худро ба доғ мононд, аз хурсандӣ меҷаҳид: «Додом чемпион!»
Чӣ қадар тезутунд ва сершавқ гузаштани зӯрозмоии финалиро таври худ шарҳ дода, бачаҳо ба хонадони худ раҳсипор шуданд.  Писарак бол баровард гӯё, сӯи хонаашон парвоз кард. Ҳисси ифтихор дар ҳастиаш ҷавлон мезад.
«Аз худам калонҳо ҳам бо чашми ҳавас ба ман нигаристанд. Ҳамааш ба туфайли шумо. Додо, раҳмат!»
Аз ҳама бузургсоли деҳа – бобояш низ мамнун мешавад аз ин. Як вақтҳо вай ҳам гӯштингири зӯр будааст. Акнун, мисле, додояш «эстафета»-ро қабул мекунад. Фарзанди оне, ки як замонҳо марди майдон буду дар тамоми водӣ шуҳратманд, имрӯз беҳтарин гӯштингири маҳалла. Чемпион! 
Писарак, дар дил завқу сурур, ба хона наздик мешавад. «Чемпиони маҳалла шудани падарам аз ҳама зиёд киро ба ваҷд меорад? Албатта, бобомро!»
Ду дасти бобоҷон доим бар дуо. «Рӯҳи ҳазрати Алӣ – шери Худо мададгорат бод!», мегуфт писарашро. Дуо иҷобат мешавад, аз афти кор...
Падараш нав ба хона даромада будааст.
Аз даре, ки нимво буд, овози ҳаяҷонпахшкардаи ӯ шунида мешуд:
– Ҳамаро афтонда, ҷои якум шудам, додо!
– Паҳлавони худам! – бо чолокии ба синну сол номувофиқ аз ҷо хеста, мӯйсафед писарашро ба бар кашид.
Ҳамин вақт, аз бом тароша афтидагӣ барин, медонед, падараш чӣ гуфта фиристод:
– Шумо ҳам паҳлавон ном доред. Гӯштин намегирем?
Писарак карахт шуда монд. Ба гӯшҳояш бовар накард: «Вай чӣ гуфт?»
Нигоҳи мағруронаи ба бобояш дӯхтаи падарашро дида, писарак ба худ шармид. Бармеояд, таклифаш ҷиддист. Аҷиб, кас мӯйсафеди падарро низ ба гӯштин даъват мекунад?
Вале дар гунаи мӯйсафед ифодаи тааҷҷуб ҳувайдо набуд.
– Хуб, – гуфт ӯ бо аломати ризоят.
– Канӣ, биёед. Лекин ман зӯр!
Нафас дар гулӯи писарак ях баста, ҷои истодааш шах шуда монд. «Додом чӣ кор карданӣ? Аз ростӣ, гӯштӣ гирифтанӣ бо бобом? Ақли худ нахӯрдааст?» 
Вай ба падараш, ки даст ба миёни падар мебурд:
– Истед! – гуфт бо садои ҳаяҷономез.
Падараш дасти худ кашид ва ба вай нигарист. – Модарам ҷеғ мезананд, – сар хам карда, писарак базӯр даҳон кушод.
– Модарат? Табрик карданӣ будагист-да.
– Тез бароед будааст.
– Маъқул.
Берун баромада истода, чемпиони нав:
– Ман зӯр! – гуфт дигарбора рӯ ҷониби падар.
– Медонам, – мӯйсафед лабханд кард.
Писарак аз худситоии падари қувваёфта, ақлгумкардааш ларзида рафт. «Ин тавр ҳам мешавад? Шарм надошта, бе ҳеҷ андеша «Ман зӯр» мегӯяд-а, батакрор!»
– Баррекам, ба ту чӣ шуд? – пурсид бобо изтироби ботинии ӯро пай бурда.
Писарак зӯракӣ табассум кард:
– Ман, ҳамту... Лекин додом ҳазл карданд. Эркагӣ карданд, «ман зӯр» гуфта. Шумо хафа нашавед. 
Мӯйсафед қоҳ-қоҳ зад:
– Бачаҷонам, чаро хафа шавам? Ӯ гапи ҳақ гуфт-ку. Қуввае, ки як вақтҳо доштам, ҳозир дар падарат. Имрӯз чемпион шуд. Ба «ман зӯр» гуфтан ҳақ дорад!
– Ҳеҷ ҳам-да бобо. Одами зӯри хонадон – худатон! – дили писарак вайрон шуда, ба чашмонаш ашк тохт.
Бобо ӯро ба бар кашид:
– Ту додоятро нодуруст фаҳмидӣ!
Ҳамин маҳал:
– Канӣ, очет? Наметобад-ку? – гӯён падараш даромад.
Писарак ашки чашм пок карда,бо шиддат аз дар баромад.
– Ба вай чӣ шуд? – падараш ҳайрон.
Пагоҳаш вақте писарак ба мактаб рафт, бачаҳо суҳбаткунон қуввасанҷии дирӯзаи паҳлавононро муҳокима мекарданд. «Ман зӯр»-гӯии падараш паси гӯшаш садо доду беихтиёр сараш хам гардид.
Аз байн ҳафтаҳо мегузаштанд. Падараш ҳамон аз «додо, ман зӯр!» гуфтанҳо монда намешуд. Гӯё барои барқасд қаҳри писаракро овардан ҳамин тавр гуфта, пешобағал медамонд.
– Донистем, шумо зӯр, – гуфт рӯзе вай.
– Зӯрро зӯр мегӯянд-да, бача!
– Фаҳмидем.
– Додо, – ба мӯйсафед рӯй овард падараш, – «ман зӯр» гӯям, чаро намефорад ба тирмизак? Каҷ-каҷ нигаристанашро бинед. Худатон гӯед, ман зӯр ҳастам ё не?
– Рост, ту зӯр, – гуфт бобо, китфи писари худписанд ба бар кашида. – Сарат амон бошад... Лекин рӯзе омада, мана ҳамин набераам зӯр мешавад!
Мӯйсафед бемор шуда, ба бистар афтод.
Дере нагузашта, вафот кард. Дунё ба чашмони писарак торик. Чӣ хел дӯст медошт-а...
Дар падари чемпионаш ҳам дигар шасти пештара нест.
Аз байн як сол гузашт. Гап-гап шуд, ки боз зӯрозмоиҳо сар мешаванд. Писарак аз падараш пурсид: 
– Ба майдон мебароед?
– Не, – гӯён маҳзун лабханд кард додояш.
– Акнун.. Ман акнун...
– Чӣ шуд? Зӯр будед-ку, додо?
Изтироб ба гунаи падар соя андохта буд. Вай оҳи чуқур кашид ва гуфт:
– Ҳа, зӯр будам. Ман як вақтҳо зӯр будам, бачем. Ман...
Ӯ ин суханонро бо як дард, изтироби ботин тавре ба забон овард, ки аъзои бадани писарак ларзид. Хонаро сукунати вазнин фаро гирифт. 
Писарак ба чашмони ғамгини падар дида дӯхт.
Додояш бошад ба сурати дар пешорӯ, даруни чаҳорчӯбаи зарҳалӣ гирифташудаи мӯйсафед маҳзун нигоҳ мекард. «Падар, ман чӣ шудам? Бе шумо чӣ шуда мондам, падар?!»
Писарак падарро, ки беовоз мегирист, аз қафо ба оғӯш кашид. Нодуруст мефаҳмидааст ӯро. Як вақтҳо «ман зӯр» гӯён вай ду даст аз миёни мӯйсафед мегузаронд. Дар асл гӯштӣ гирифтан дар хаёл надошт. Нозаш ғунҷида «ман зӯр» мегуфт ва ӯро ба бар мекашид. Акнун вай нест.
Ҳоло ба кӣ лозим эркагиҳои одами калон?
Вай наздиктарин дӯст аз даст дод. Кӯҳ буд падар барояш. Такягоҳи ӯ сарнагун гашт.
Раҳми писарак омад.
– Гӯш андозед, додо.
– Гӯш андозам? Ба чӣ? – падараш қафо нигарист.
– Ба суханони бобоҷон.
Писарак чунин гуфт ва нигоҳи хаёломез ба сурати бобо кӯчонд.
Баъд ба падараш рӯй овард:
– Ба шумо не, ба ман чизе гуфтанд. Ба додот гӯй, афтодаҳолӣ хуб нест, ман дар ҳамин ҷо, паҳлуи шумо, – гуфтанд бобоҷон.
– Наход? – падараш сахт ба ҳаяҷон омад.
Писарак ӯро ба оғӯш кашид ва:
– Шумо зӯред, додо, – даҳон кушод бо оҳанги тасаллӣ. – Ман зӯр, гӯед, илтимос. Чун пештара «ман зӯр» гӯед, ҷон додо!
– Ман зӯр, – гуфт падараш ханда зада.
Ин вақт ӯ ҳақиқатан дар вуҷудаш ба ҷунбишоии кадом як қувваеро эҳсос мекард. Вай бо чашмони пурдурахш ба сурати мӯйсафед мамнун нигарист ва бо рӯҳбаландӣ гуфт:
– Хато мекардаам, ман тамом, гуфта. Дар ҳамин ҷо будаед, додоҷон, ман зӯр. Ман зӯр, додо!

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: