Зураб ПОЛОЛИКАШВИЛӢ: ӮЗБЕКИСТОН ШАРИКИ БЕҲТАРИНИ МОСТ

2 март Ӯзбекистон ва СММ 30-юмин солгарди ҳамкориро ҷашн мегиранд. Кишвари мо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои махсуси он, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) ҳамкории пурсамар дорад.

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ муассисаи махсуси байниҳукуматии системаи СММ буда, 158 кишвари узв, аз ҷумла Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад. Ба муносибати таҷлили 30-солагии ҳамкории Ӯзбекистон ва СММ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ба оилаи СММ шомил мегардад, табрикномаи худро фиристод:
“Ҳамкасбони муҳтарам, дӯстони азиз!
Табрикии самимии маро кабул кунед. 30 сол қабл Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба оилаи СММ дохил шуд. Аз он вақт инҷониб, кишвар дар иқтисодиёт, фарҳанг, дипломатия ва инчунин ҳамчун як макони сайёҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва Ӯзбекистон шарикони хубанд. Якҷоя мо як қатор лоиҳаҳои гуногунро амалӣ кардем, ки ба рушди сайёҳӣ дар кишвар нигаронида шудаанд. Мо ҳамеша ба сӯи мақсади умумӣ — дастгирӣ кардани ҷомеаҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии тамоми аҳолӣ кор мекунем.
Ҳамчунин мехостам ба ҳукумати Ӯзбекистон бобати корҳо оид ба ҳифз ва пеш бурдани мероси фарҳангии халқи Ӯзбекистон арзи сипос намоям. Мо ин корро метавонем дар мисоли шаҳрҳои зебо — Самарқанд, Бухоро ва Хева бинем.
Дар соли 2023 шаҳри афсонавии Самарқанд пайғоми дунёи сайёҳиро ба муносибати иҷлосияи 21-уми Ассамблеяи Генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ тақдим менамояд. Боварӣ дорам, ки ин чорабинӣ бомуваффақият гузашта, бори дигар ба ҷаҳониён меҳмоннавозии маъруфи ӯзбекиро нишон медиҳад ва имкон медиҳад, ки аз мероси кишвар баҳра баранд.
Ба Ӯзбекистон ва халқи он беҳбудӣ  ва омад мехоҳам! Ташаккури зиёд, то боздид дар Самарқанд!».
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон соли 1993 узви Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ шуд. Аз ҳамон лаҳза кишвари мо, ки яке аз марказҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ба макони баргузории форумҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ: дар Самарқанд (1994), Хива (1999) ва Бухоро (2002) табдил ёфт.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Ӯзбекистон дар панҷгонаи кишварҳои пешрафтаи соҳаи сайёҳӣ қарор дорад ва рӯзномаи бонуфузи «TheGuardian» кишвари моро яке аз беҳтарин самтҳои сайёҳии ҷаҳон эътироф кардааст.
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба нақши пешбарии Ӯзбекистон дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Роҳи бузурги абрешим, корҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ оид ба омӯхтан ва паҳн намудани мероси бойи маънавию фарҳангӣ, барқарор ва нигоҳ доштани мероси бостонӣ ва фарҳангӣ, тармим ва нигоҳ доштани ёдгориҳо ва комплексҳои меъморӣ  амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд медиҳад.
Яке аз аввалин қарорҳои Шавкат Мирзиёев дар мақоми Президенти Ӯзбекистон фармон дар бораи ба сайёҳӣ додани мақоми бахши стратегии иқтисодиёти миллӣ гардид ва ин соҳа ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ эътироф шуд. Дар заминаи таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ сатҳи баланди муносибатҳои Ӯзбекистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сазовори таваҷҷуҳи махсус аст.
Тақвияти ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ қабули як қатор ҳуҷҷатҳо буд. Ҳамин тариқ, соли 1994 19 кишвари ҷаҳон дар бораи рушди сайёҳӣ дар Роҳи бузурги абрешим Эъломияи Самарқандро қабул кард, соли 1999 Декларатсияи Хева оид ба туризм ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, соли 2002 Эъломияи Бухоро дар бораи сайёҳӣ дар Роҳи абрешим ба имзо расид.
Соли 1995 бо ташаббуси Ӯзбекистон ва дастгирии Созмони  ҷаҳонии сайёҳӣ дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи солонаи байналмилалии сайёҳӣ таъсис дода шуд, ки ба рӯйдоди асосии сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфт.
Дар давраи солҳои 1997-2001 Ӯзбекистон ба сифати муовини раиси Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо ва узви Шӯрои иҷроияи созмон интихоб шуд.  
Ҳиссаи муҳими Ӯзбекистонро ба рушди сайёҳии ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Сан-Марино 19 майи соли 2004 Созишнома байни ҳукумати Ӯзбекистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ «Дар бораи кушодани Идораи Роҳи абрешим дар Самарқанд», ки он бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 октябри соли 2004 тасдиқ шудааст, ба имзо расида буд. 
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳи абрешим» Ӯзбекистонро яке аз шарикони пешбари худ медонад. Роҳбарияти созмон дарк мекунад, ки Ӯзбекистон кишвари беназирест, ки дорои мавзеъҳои бебаҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин мероси моддӣ ва ғайримоддӣ, ки  ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст, мебошад.
Соли 2020 Ӯзбекистон расман номзадии худро ба мизбонии иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Самарқанд дар соли 2023 эълон кард. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар моҳи декабри соли 2021 дар Ассамблеяи 24-уми ЮНВТО дар Мадрид (Испания) Ӯзбекистон аз Португалия пеш гузашт. Эълони Самарқанд ҳамчун макони баргузории 25-умин Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2023, бешубҳа, як рӯйдоди таърихӣ буд.
Ба эътиқоди аксари коршиносон, ин пирӯзӣ натиҷаи сиёсати бомуваффақияти ошкорбаёнӣ, боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ислоҳоти азимест, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон оғоз шудааст.
Тайи солҳои охир дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ кишвар дар рушди сайёҳӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки натиҷаҳои назаррасанд. Имрӯз дар Ӯзбекистон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда, дар баробари ободонӣ иншооти нави сайёҳӣ бунёд гардида, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳии кишвар корҳо анҷом дода, стратегияҳои ҳамкориҳои минбаъда бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ таҳия карда мешаванд, ки  ба рушди сайёҳии миллӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: