ЗУҲУРИ БАЛАНДИ ИНСОНПАРВАРӢ

Бинобар 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармонро «Дар бораи авфи гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро ба тарзи маҳрумӣ аз озодӣ адо менамоянд, аз кирдорашон таҳтидилона пушаймон гардида, ба роҳи ислоҳ қатъан ворид гаштаанд» имзо намуд.

Бинобар фармон мутобиқан бо фасли 23-юми моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 104 нафар шаҳрванде, ки барои содир намудани ҷиноят муддати ҷазоро адо мекунанд ва аз кирдорашон таҳтидилона пушаймон гардида, ба роҳи ислоҳ қатъан ворид гаштаанд, авф карда шуданд.
Аз ҷумлаи авфгардидагон 6 нафар пурра аз иҷрои ҷазои асосӣ озод карда шуда, 50 нафар аз иҷрои ҷазо шартан пеш аз муддат озод карда шуда, ҷазое, ки нисбати 7 нафар муқаррар карда шудааст, ба ҷазои нармтар иваз карда шуд. Ғайр аз ин муддати иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ, ки нисбати 41 нафар муқаррар гаштааст, кӯтоҳ карда шуд.
Дар байни авфгардидагон 13 шаҳрванди давлати хориҷӣ, 9 марди синнаш болотар аз 60, 1 нафар зан, 21 шахсе, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок намудаанд, ҳастанд.
Дар доираи татбиқи Фармон ба вазорат ва идораҳои масъул супоришҳо дар бобати баргардондани шахсони авфгардида ба назди оила ва қарибонашон, мададрасонӣ ба онҳо дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ҷалб ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи солими ҳаёт ва ишғол намудани ҷойи муносиб дар ҷамъият супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: