ЗУҲУРИ ОЛИИ ИНСОНПАРВАРӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармонро «Дар бораи авфи гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранд, аз кардаи худ пушаймонанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо кард.

Фармон ба муносибати 27 солагии қабул гардидани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бинобар банди 23 моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон  нисбати 92 нафар шаҳрвандоне, ки муддати ҷазоро мегузаранд ва аз ноогоҳӣ ҷиноят содир намудаанд ва аз кардаи худ пушаймон гардида, ба роҳи ислоҳ дохил гаштаанд, имзо гаштааст. 
Аз ҷумлаи авфгардидагон 20 нафар шахс аз ҷазо пурра озод карда мешаванд, 37 нафар аз ҷазо шартан пеш аз муддат озод мегарданд, ҷазо нисбат ба 16 нафар ба намуди сабуктар иваз карда мешавад, хулоса 73 нафар аз муассисаҳои доир ба иҷрои ҷазо озод гардида, аз рӯйхати мақомоти хидмати пробатсия хориҷ карда мешаванд. Ғайр аз ин муддати ҷазо бо намуди маҳрум кардан аз озодӣ, ки нисбати 19 нафар муқаррар карда шудааст, кутоҳ карда мешавад.
Дар байни авфгардидагон 3 нафар мардони синнашон аз 60 боло, 3 нафар занон, 79 нафар шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъгардида иштирок кардаанд, вуҷуд доранд. 
Рӯйдоди мазкур татбиқи амалии сиёсати инсонпарваронае, ки дар мамлакатамон ҷорӣ гаштааст, ба шумор рафта, ҳамчунин зуҳури чунин сифатҳои неки халқамон мисли шафқату раҳм, некӣ ва меҳрубонӣ мебошад.
Дар доираи татбиқи Фармон ба вазорат ва идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки дар ба хонавода ва наздикони худ баргаштани авфшудагон, мутобиқгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи солими ҳаёт ва ҷойгоҳи муносибро ишғол намудани онҳо дар ҷамъият ҳамдастӣ намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: