Рӯзномаи «Овози тоҷик» – аз моҳи августи соли 1924 чоп мегардад. Бо номҳои «Овози тоҷики камбағал», «Овози тоҷик», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Ӯзбекистони сурх», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва ҳоло бо номи имрӯзааш нашр мегардад. Бунёдгузори рӯзнома Устод Садриддин Айнӣ мебошад. То соли 1929 дар шаҳри Самарқанд чоп шуда, баъд аз он баробари пойтахт ба шаҳри Тошканд кӯчид ва то ҳол дар ин ҷо чоп мешавад. Дар таърихи бештар аз 96-солаи худ рӯзнома ҳамеша нашрияи расмии ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд ва ҳоло нашрияи расмии Олий Маҷлис (парлумон) ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Рӯзнома тибқи вазифаи худ пешбарандаи сиёсати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор рафта, ношири қарору фармон ва тамоми ҳуҷҷатҳои дастгоҳи мақомоти роҳбарикунанда, парлумон ва Девони Вазирон ба ҳисоб меравад.

«Овози тоҷик» ба як ҳисоб пули дӯстии байни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз дар саҳифаҳои рӯзнома доир ба фарҳанг ва тамаддун, адабиёт ва ҳунари халқи тоҷик низ матолиб пайваста нашр мегардад.

Ҳоло рӯзнома ҳафтае ду маротиба (чоршанбе ва шанбе) дар чор саҳифа, ба андозаи А-2 нашр мегардад.