АБДУЛЛОХОНИ ОБОДГАР

Номи аксар ҳукмдорҳои давр, баъди сипарӣ шудани асрҳо, бо корҳои азими бунёдгаронае, ки ба иҷро расонда ва иншооти меъморие, ки бунёд кардаанд, ба ёд оварда мешавад.

Номи аксар ҳукмдорҳои давр, баъди сипарӣ шудани асрҳо, бо корҳои азими бунёдгаронае, ки ба иҷро расонда ва иншооти меъморие, ки бунёд кардаанд, ба ёд оварда мешавад. Хон ва амирҳо, арбобони давлат барои аз худ нишон мондан, дар иҷрои амалҳои хайр намуна гаштан саъй ба ободгарӣ менамуданд. Амири кабир Алишер Навоӣ аз ҳисоби маблағи шахсии худ мадраса, масҷид, работ, хонақоҳ, ҳаммом, кӯпрук, ҳавзҳои бешумор барпо кард ва ба халқ тақдим намуд. Амали хайри ӯ баъди сад соли зиндагиаш дар нишастҳои шоҳонаи ҳукмдорҳои Бухоро бо муҳаббат хотирнишин шуда ва навъе Мутрибӣ дар «Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ»-и худ қайд менамояд, Абдуллохони дуюми шайбонӣ (1583-1598) ба Мирзо Мӯъмин муншӣ, ки дар хидматаш буд, мефармояд, ки «ба даст қаламу коғаз бигир, биноҳои хайроте, ки барпо кардам, навис ва ҳисобу китоб намо, ки онҳо чӣ қадар шуданд. То субҳ хон гуфт ва муншӣ корҳои васеи бунёдгаронаи дар Туркистон, Хоразм, Хуросон, Балх, Бадахшон дар давраи ӯ баиҷрорасидаро қайд намуд. Ҳисоб кард, адади сохтмон аз 8600-то гузашт. Вале ин рақам хонро қаноатманд насохт. Гуфт: «Бо вуҷуди он ки Амир Алишер навкари Султон Ҳусайн Мирзо буду халос аз худ 1001 бинои хайр ёдгор гузошт. Мо, ки подшоҳем, адади сохтмонҳоро ба 10 ҳазор бояд расонем».
Баъди ин хон боз 8 сол умр дид ва корҳои бунёдгаронаро ривоҷ ва инкишоф дод.
Тавре ки маълумотҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар солҳои 1551-1556 вазъияти сиёсию иҷтимоии Мовароуннаҳр хеле мураккаб гашт. Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият Бухороро дар вазъи ногувор гузошт. Дар натиҷаи задухӯрдҳои хунин ба писари Искандар Султон – Абдуллохон пирӯзӣ насиб кард ва дар аморати Бухоро муваффақ гашт ҳокимияти худро барқарор намояд. Вай аз соли 1561 то соли 1583 салтанат ронд ва ниҳоят қаламрав як дараҷа осуда нафас кашид.
Баъд ҳукмронӣ ба Абдуллохони дуюм гузашт ва солҳое, ки ӯ салтанат ронд (1583-1598) аморати Бухоро васеъ доман густурд – Самарқанд, Тошканд, Фарғона, Бадахшон, Кӯлоб, Хуросон, Хоразм барин шаҳру вилоятҳо ба тасарруфи он даромаданд. Қаламрави аморат дар шарқ аз Қашқар оғоз ёфта, дар ғарб то баҳрҳои Арал ва Каспий тӯл кашид. Метавон гуфт, баъди Амир Темур дар Мовароуннаҳр маҳз Абдуллохони дуюм ба барпои давлати пуриқтидори мутамарказ муваффақ гашт.
Доир ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маданию адабии он давр маълумотҳои зиёд мавҷуд буда, қисми зиёди осори таърихию ёддоштии асри шонздаҳумро инъикоскунанда то мо омада расидаанд. Вале байни онҳо асари «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома«)-и шоир ва таърихнигори шинохта Ҳофизи Таниш ибни Мир Муҳаммади Бухорӣ мавқеи алоҳида дорад. Дар ин китоб оиди воқеаҳои муҳими таърихие, ки дар асри XVI дар Мовароуннаҳр ва давлатҳои гирду атрофи Бухоро ба амал омадаанд, маълумотҳои муҳим дода шудаанд. «Шарафномаи шоҳӣ», ки ба Абдуллохони дуюм бахшида шудааст, аз манбаъҳои нодир ҳисоб ёфта, бо ифодаи академик (марҳум) Бӯрибой Аҳмедов «Абдуллонома» бо маълумотҳои бойи далелнок, фарогирии воқеаҳои вусъатноки таърихӣ ва аз нигоҳи адабӣ ҷозибадор будан аз дигар манобеъ фарқ карда меистад».
Асар бо забони ноби форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, ҷо-ҷо порчаҳои шеърии классиконамон, ки марбут ба воқеаҳои муҳими таърихианд, оварда шудаанд. Танҳо дар солҳои 50-уми қарни сипаришуда бо эҳтимоми шарқшинос ва мутарҷими варзида Содиқ Мирзоев «Абдуллонома» ба забони ӯзбекӣ баргардонда шуд.
Дар солҳои истиқлолияти мамлакатамон аз омӯзиши мероси арзишноки маънавӣ, ки аз аҷдод боқӣ мондааст, эътибор пурзӯр гашт. Манбаъҳои нодир, ки аз бобати таърихи давлатдориамон ҳикоят мекунанд, бо адади зиёд чоп шуданд. Аз ҷумла, асари пурарзиши Ҳофизи Таниш аз тариқи Ширкати нашру табъи «Шарқ» дар шакли ду китоби зебо ва ҳолати мукаммалӣ ба дасти хонандаи имрӯз расид.
Маълум, ки ҳар ҳукмдор шоиру муаррихонро гирди худ ҷамъ мекард, то онҳо сифоташ созанд, корҳоеро, ки вай ба иҷро расонд, ба саҳифаҳои таърих кӯчонанд. Табиист, аҳли қалам, ки дар дарбор хидмат мекарданд, фаъолияти шоҳ ва шоҳзодагонро бо рангҳои баланд, ташбеҳҳои муболиғаомез, эҳтироми аз ҳад зиёд ба тасвир мекашиданд. Аз ин ҷиҳат худи Ҳофизи Таниш дар муқаддимаи асараш таърихнигоронро ба ду тоифа ҷудо менамояд: онҳое, ки хидматгузори дарборанд ва  муаррихоне, ки аз байни халқ баромада ва асосан корномаи халқи одӣ, урфу одатҳои суннатиро қаламдод менамоянд. Ва ӯ, чун муаллифи «Шарафномаи шоҳӣ», ки ба таърихи ҳукмронии Абдуллохон равшанӣ андохтааст, рӯйдодҳоро дуруст, ҳаққониву рӯирост ба қалам кашидани худро хотиррасон карда мегузарад.
Таърихнигор муҳимтарин воқеаҳои замонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳаёти вазнини халқи меҳнаткаш, дар натиҷаи задухӯрдҳои хунин талаф ёфтан, қурбон гардидани мардуми беҳимоят, хароб гардидани киштзор ва балои хушксолию қаҳтиҳоро низ ба қалам додааст. Ӯ асосан ба нақли воқеаҳое пардохтааст, ки худ шоҳиди бевосита будааст. Айни замон рӯйдодҳои ҷолиби аз забони шахсони эътимоднок шунидаашро низ боварибахшу муассир қаламӣ кардааст.
Дар «Шарафномаи шоҳӣ» муаррих ба таҳлил ва талқини масоили иҷтимоию иқтисодии асри шонздаҳуми Мовароуннаҳр ҳамчунин эътибор менигаронад. Маълум, ки он асно мардуми таҳҷоӣ асосан бо зироатпарварӣ ва чорводорӣ рӯз мегузаронданд.
Кишоварзҳо дар осори бузургонамон, минҷумла Носири Хусрав ва Навоӣ бисёр мадҳ шуда ва онҳо чун рӯзирасони кулли ҷонзод қаламдод гаштаанд. Афкори бо рӯҳи халқпарварӣ ҳамоҳанги онҳоро идома бахшида, Ҳофизи Таниш дар ситоиши деҳқонони оддӣ чунин менигорад: «Ин касб дар назди Офаридгори бузург касби аз ҳама покиза, судбахштарин мақсад ва ҳоҷатҳост».
Дар «Абдуллонома» хусусиятҳои ба худ хоси масъалаҳои иқтисодию сиёсии давраи ҳукмронии Абдуллохони дуюм тҳлил ёфтааст. Доири бунёдгариҳои бузург, ки Абдуллохон сармашқи кори худ қарор дод, дар оғози сухан гуфта гузаштем. Қисми асосии боигарии мамлакат ба сохтмон, кофтани канал, барпои кӯпрук, умуман ба ободонӣ ва хуррамсозии қаламрав сарф карда мешуд.
Абдуллохон ба чанде кишварҳои хориҷ робитаи сиёсию иқтисодӣ, маънавӣ-маърифатиро ба роҳ гузошт ва муносибатҳои дуҷониба ба боз ҳам ободгардии Бухоро ва қаламраве, ки дар тасарруфи он буданд, мусоидат намуданд. Вале гоҳо зиддиятҳои дохилӣ шиддат ёфта, ба суст шудани пояи давлатдорӣ, халалёбии осудагӣ дар мамлакат сабаб мешуданд. Абдуллохон давлатро бо силоҳ, қатъияти томи ҳукмдорҳое, ки дасти сахт доранд, идора мекард. Вале дар муомилаву муносибат бо мардуми беҳимоят ҷавонмардиро аз даст намедод. Ҳикоят мекунанд, вай бо либоси шахси оддӣ дар маҳале шуд, ки сохтмон мерафт. Аз нафаре пурсид, аз ин гуна сохтмонҳо Абдуллохонро мурод чист ва дар ниҳояи кор ӯ чӣ мегирад? Мард гуфт: «Касе, ки хишт дода бошад, хишт, чӯб дода бошад, чӯб мегирад. Абдуллохон, ки ба халқ ҷазо медиҳад, албатта, ҷазо хоҳад гирифт».
Абдуллохон пурсид: «Маро мешиносӣ?» Мард ҷавоб дод, ки «не». Абдуллохон худро шинос намуд ва ранг аз рӯйи нафаре, ки дар ҳолати ногувор монд, парид. Дар навбати худ аз шоҳ пурсид, ки «маро мешиносӣ?». «Не»,– ҷавоб дод Абдуллохон. Мард гуфт: «Ман дар як моҳ се рӯз девона мешавам ва имрӯз аз ҳамон рӯзҳои девонагии ман аст». Абдуллохон хандид ва ба китфи он шахс, ки аз тарс меларзид, бо навозиш даст гузошт...
Корҳои азими сохтмонӣ дар он давр, табиист, осон намекӯчид. Халқ ба меҳнати тоқатфарсо ҷалб шуда ва зулм мекашид. Бо вуҷуди ҳамин, тавре Ҳофизи Таниш менигорад, Абдуллохон саъй менамуд бо одамони одии заҳматӣ самимӣ ва кушод муносибат созад, меҳнати онҳоро қадр намояд. 
Як-ду сухан дар бораи Ҳофизи Таниш. Тахминан соли 1549 таваллуд ёфта ва бо саъйи падараш Мир Муҳаммад, ки аз  наздикони Убайдуллохон ҳисоб меёфт, касби камол намуд. Бо тахаллусҳои «Нахлӣ» ва «Киромӣ» шеъри зиёд гуфт. Дар фаъолияти илмӣ низ дар доираи илмии Бухоро шуҳратёр гардид. Ба таълифи «Шарафномаи шоҳӣ» вақте шурӯъ намуд, ки 36 сол дошт. Баъди вафоти Абдуллохон дар замони салтанати Имомқулихон чанд сол зист ва бахшида ба ӯ достоне эҷод кард, ки аз 7200 мисраъ иборат аст. Соли вафоташ номаълум. «Шарафномаи шоҳӣ»-и ӯ дар хазинаи тиллоии китобхонаҳои давлатҳои ҷаҳон нигоҳдорӣ мешавад.
Аз маълумотҳои китоб бармеояд солҳои ҳукмронии Абдуллохон дар аморати Бухоро соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат ривоҷи тоза ёфт. Шаҳри Бухоро васеъ гашт. Девор ва истеҳкоми ҳарбиаш мустаҳкам карда шуд. Мадрасаҳо, хонақоҳ ва корвонсаройҳо, ҳаммом, растаҳои савдо, ки намуди хос доштанд, ба Бухоро симои дигар бахшиданд. Абдуллохони дуюм баъди Амир Темур дуюмин соҳибсалтанат аст, ки бо корҳои азими бунёдгаронааш дар саҳифаҳои таърих ҷой гирифт.
Фаъолияти бунёдгаронаи Абдуллохонро яке аз амирҳои боварнокаш Қулбобо Кӯкалдош идома додан хост. Мутаассифона, риштаи ҳаёти Кӯкалдош соли 1598 ба таври фоҷиавӣ канда шуд ва бисёр амалҳои савобҷӯёнаи оғозёфта нотамом монданд.
Тавре муаллифи «Шарафномаи шоҳӣ» бо таассуф зикр менамояд, соли 1598 бисёр вазнин омад ва дар натиҷаи пурзӯршавии ихтилофҳои дохилии сиёсӣ Абдуллохон ва писари ӯ Абдулмӯъмин қатл карда шуданд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: