Иҷрои вазифаҳо дар маҳалҳо санҷида шуд

  • Иҷрои вазифаҳо дар маҳалҳо санҷида шуд
  • Иҷрои вазифаҳо дар маҳалҳо санҷида шуд
  • Иҷрои вазифаҳо дар маҳалҳо санҷида шуд
  • Иҷрои вазифаҳо дар маҳалҳо санҷида шуд

Президент Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо шароити зиндагии аҳолӣ, ҳолати омодагӣ ба зимистон ва корҳои ободонӣ 12 декабр ба маҳаллаҳои шаҳри Тошканд ташриф овард.

Аввал корхонаи гармидиҳии «Тошкент иссиқлик маркази»-и ноҳияи Учтеппа аз назар гузаронда шуд. Дар рафти сафари соли гузаштаи сарвари давлат ба ин иншоот он дар ҳолати ногувор қарор дошт. Ин марказ, ки соли 1969 сохта шудааст, ягон маротиба аз таъмири асосӣ нагузаштааст. Дегхонаҳо ва шабакаҳо куҳна шудаанд. Зимистони соли гузашта аз сабаби сармои шадид дар ҳосил кардани гармӣ қатъшавиҳо пайдо шуд. Аз ин рӯ Президент оид ба таъмири дегхонаҳо ва баланд бардоштани устувории шабакаҳои гармидиҳӣ супориш дода буд.

Зимни боздиди кунунӣ шахсони масъул оид ба корҳои анҷомдодашуда ва иҷрои дастуру супоришҳои мазкур ҳисобот доданд. Дегхонаҳои маҷмӯъ иқтидори умумии 700 Гкал дошта, беш аз ҳазор манзилҳои бисёрхонагӣ ва қариб 400 муассисаҳои иҷтимоиро бо гармӣ таъмин мекунад.

Соли ҷорӣ хоҷагии мазутӣ ва анбор сохта, 2 дегхона ба режими омехта – ба газу мазут мувофиқ гардонда шуд. Дар натиҷа дегхона ва шабакаҳо дар ҳарорати паст ҳам муътадил кор мекунанд. Дар чунин мавридҳо мазутҳои захиравӣ истифода мешаванд. Ба туфайли изолятсияи иловагии қубур талафи гармӣ кам шуд.

Дар ин ҷо сарвари давлат бо роҳбарони шаҳри Тошканд ва ноҳияи Учтеппа суҳбат кард. Зарурати ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши низоми нави «ҳафтгонаи маҳалла», масъалаҳои иҷтимоиро дар маҳалҳо, мувофиқи дархостҳои аҳолӣ ҳал намудан ва розӣ кардани халқ зикр гардид.

Чораҳое, ки дар доираи тайёрӣ ба зимистон андешида мешаванд, бояд дар ҳаёти одамон инъикоси воқеии худро пайдо намояд. Зудтар ҳал намудани мушкилоти бамиёномадаи марказҳои гармидиҳӣ ва шабакаҳо, нигоҳ доштани гармӣ дар бинову манзилҳо вазифаи таъхирнопазир ба ҳисоб мераванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: