«АГАР МАН САРДОР ШАВАМ...»

Ба наздикӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон аз рӯйи тамоили “Ҳамсин – ба ҳамсин” анҷумани шӯрои сардорон баргузор шуд.

Ба наздикӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон аз рӯйи тамоили “Ҳамсин – ба ҳамсин” анҷумани шӯрои сардорон баргузор шуд. Дар он мутахассисони шӯро ва ҳокимияти ноҳия, саркашшофону сардорони мактабҳои миқёси ноҳия иштирок карданд. 
Бояд гуфт, ки интихоботи сардорон дар 14 гурӯҳ дар шакли семинар-тренинг баргузор шуд. Сардорони самтҳо лоиҳаи худро бинобар “Ман агар сардори ноҳия шавам, чӣ кор мекунам?” ҳимоя карданд. Дар охир аз рӯи ҳимояи лоиҳа ба таври овоздиҳии иштирокдорон 14 нафар аъзои шӯрои сардорони ноҳия, ки дар соли хониши 2021-2022 фаъолияти худро дар миқёси ноҳия пеш мебаранд, интихоб шуданд. 
– Дар давоми моҳи сентябр мувофиқи супориши Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва реҷаи кории саркашшофони ташкилоти ибтидоии иттифоқ дар мактабҳо  “Сардорони синф” ва “Сардорони мактаб” интихоб карда шуданд, – мегӯяд раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар ноҳияи Бӯка Қобил Каримов. – Аз ин рӯ, мо имрӯз дар “Анҷумани шӯрои сардорон”-и ноҳия интихоботи “Сардорони ноҳия”-ро бо иштироки сардорони мактабҳо баргузор кардем ва фикр мекунам, дар интихобот сардорони муносиб ба таври овоздиҳӣ интихоб шуданд. Акнун сардорони интихобшудаи ноҳия дар “Анҷумани шӯрои сардорон”-и вилояти Тошканд иштирок мекунанд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: