Ӯзбекистон ва Қирғизистон ният доранд, ки гардиши сайёҳии мутақобилаи минтақавиро афзоиш диҳанд

Намояндагони Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Ӯш бо роҳбари ширкати маҳаллии «Мундуз турист» Умарҷон Ёсиддинов мулоқот карданд.

ҶММ «Мундуз турист» бо тақрибан панҷсад ширкати сайёҳӣ ва расонаҳои хабарии зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон созишномаҳои дуҷониба дорад. Бо кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Шарқи Наздик ҳамкории зич дорад. Фаъолияти асосии ширкат ба рушди этнотуризм дар кишвар нигаронида шудааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

ҶММ «Мундуз турист» дар ярмаркаҳои сайёҳӣ дар Ӯзбекистон ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар дигар гӯшаҳои дунё баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунад. Соли 2023 ӯ аз Қирғизистон ба Ӯзбекистон то панҷ ҳазор сайёҳ фиристодааст.

Фаъолияти ширкат дар соҳаи сайёҳӣ на танҳо аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон, балки аз ҷониби маъмуриятҳои кишварҳои ҳамсоя, ба хусус вилоятҳои водии Ӯзбекистон ва вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва ноҳияҳо низ баҳои баланд гирифтааст.

Дар мулоқот имкони афзоиши гардиши сайёҳон ба Ӯзбкистон тавассути роҳандозии ҳамкориҳои фаъол бо ширкатҳои сайёҳии Қирғизистон ва ташкили ярмаркаи сайёҳӣ ва тиҷорат баррасӣ шуд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷиҳати идомаи муколама роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии вилоятҳои наздимарзӣ, афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳон ва пешбурди иқтидори гардишгарии ду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: