АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОН

Муддатест, ки мавсими трансфер дар Аврупо ба поён расид. Портали мустақили «Transfermarket» арзиши беҳтарин бозингарони қитъаи куҳнаро нав мекунад. Дар ҳоле ки қимати трансфери ҷавонони аз 17 то 20 сола ба мисли Ансумане Фатӣ («Барселона») гарон мешаванд, нархи бозингарони машҳури «солдида» ба таври назаррас арзонтар мегардад.

Муддатест, ки мавсими трансфер дар Аврупо ба поён расид. Портали мустақили «Transfermarket» арзиши беҳтарин бозингарони қитъаи куҳнаро нав мекунад. Дар ҳоле ки қимати трансфери ҷавонони аз 17 то 20 сола ба мисли Ансумане Фатӣ («Барселона») гарон мешаванд, нархи бозингарони машҳури «солдида» ба таври назаррас арзонтар мегардад. Чунончи, баҳои чандин футболбозони номӣ бо сабабҳои гуногун паст шудааст.
Садио Мане ҳуҷумгари дастаи «Ливерпул»-и Англия 30 миллион евро арзон гардид. Яъне аз 150 ба 120 миллион пойин фаромад.
Ин бозингари сенегалӣ мавсими 2019-2020-ро бо рӯҳияи баланд гузаронид: вай дар ҳайати «сурхҳо» 47 бозӣ карда, 22 гол зад ва 12 маротиба ба задани гол сабаб шуд. Шумо мегӯед, ки барои чӣ нархи он коҳиш ёфтааст? Сабабаш пандемияи коронавирус аст.
Баҳори соли 2020 «Transfermarket» эълон карда буд, ки нархи бозигарон вобаста ба синну солашон 10-20 фоиз коҳиш меёбад. Садио танҳо панҷяки арзиши худро гум кард. Илова бар ин нишондиҳандаи самарадории ӯ аз аввали мавсим коҳиш ёфт – дар 9 бозӣ ҳамагӣ 4 гол.
Муҳаммад Салоҳ аз дастаи «Ливерпул» 30 миллион евро арзон шудааст. Қимати ӯ низ аз 150 миллион ба 120 миллион пойин рафт.
Бояд эътироф кард, ки пас аз мавсими хуби соли 2017-2018 Салоҳ каме суст шуд. Он сол ӯ дар 52 бозӣ 44 гол зада, инчунин 16 партофти головар анҷом дода буд. Ин футболбози мисрӣ вақтҳои охир муносиби 150 миллион евро бозӣ карда наметавонад. 
Арзиши Неймар аз 160 ба 128 миллион евро – низ торафт ба пойин меравад. Яке аз сабабҳои асосии ин он аст, ки ӯ дар Лига-1-и Фаронса бозӣ мекунад, ки сатҳаш аз дигар чемпионатҳои пешқадами Аврупо поёнтар аст. Илова бар ин самаранокии Неймар низ мисли пештара нест. Дуруст аст, ки Неймар вақтҳои охир бисёр шикаст меёбад. Тӯли се сол қариб 400 рӯз берун аз майдон буд. Барои муқоиса, дар «Барселона» ин рақам ду маротиба камтар буд.
Қимати Лионел Мессӣ – ҳуҷумгари  «Барселона» ҳам 40 миллион евро коҳиш ёфтааст. Яъне аз 140 миллион ба 100 миллион фуромадааст.
Мессӣ, ҳарчанд ҳоло 33 сол дорад, ҳаракатҳояш ҳанӯз сазовори эҳтиром ва таъриф аст. Лекин, синнаш қимати ӯро ба шиддат поён кард. Барои муқоиса, нархи трансфери Криштиану Роналду аллакай 60 миллион евроро ташкил медиҳад, ҳарчанд ӯ аз Лео ҳамагӣ ду сол калонаст. 
Тобистони гузашта, «Transfermarket» Роналдуро ба 90 миллион евро арзёбӣ карда буд. 
Эден Азар – бозингари «Реал» 60 миллион евро арзон шуд. Аз 120 то 60 миллион пойин фуромад. Баъд аз он ки Роналду ба Турин рафт, президенти дастаи «Реал Мадрид» – Флорентсо Перес бояд ба ҷойи ӯ ситорае меовард, ки ӯро аз ҳар ҷиҳат ҷойгузин бошад. Эден Азар ҳамчун яке аз қавитарин бозигарони ҷаҳон ба «Реал Мадрид» пайваст. Аммо ӯ зуд ҷароҳат гирифт. Ва баъд аз муддате боз ҷароҳати дигар. Дар натиҷа, Азар дар шаш моҳи нопурра дар «Реал» чаҳор маротиба ҷароҳатнок шуд. Тибқи расонаҳои иттилоотии испан Эден ҳоло аз боз ҷароҳат гирифтан метарсад, ин бошад, ҷараёни шифо ёфтани ӯро душвор мекунад. «Реал» ҳатто барои вай рӯҳшинос таъин кардааст, то дар рафъи тарс ба ӯ кӯмак кунад. Ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки ин ба ӯ чӣ қадар кӯмак мерасонад. Дар ҳар сурат, ба сатҳи қаблӣ баргаштани Азар хеле мушкил аст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: