ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ҚУЛАЙИҲОИ ИЛОВАГӣ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ТИБ ВА ДАСТГИРИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАЗКУР

Бо мақсади васеъ гардондани миқёси хидмати замонавии тиббӣ, минбаъд такмил додани фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии тиббӣ, инчунин таъмин кардани иҷрои вазифаҳое, ки дар доираи мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагони соҳаи нигаҳдории тандурустии 18 марти соли 2022 дар формати нав таҳти мавзӯи «Ислоҳот дар тиб – баҳри шаъну шарафи инсон» баргузоршуда муайян шудаанд:

1. Муқаррар карда шавад, ки:
барои табибоне, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанду ба тоифаи мутахассисони баландихтисос ва тахассусӣ шомил нестанд, миқдори боҷ барои додани тасдиқи ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 маротиба кам карда шуда, ба миқдори панҷ баробари маблағи арзиши асосии ҳисобшуда ситонда мешавад;
барои мутахассисони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба давраи кӯтоҳмуддат (то як моҳ) ба мақсади анҷом додани тартиботи ташхисӣ ва табобатӣ, татбиқи барномаҳои мубодилаи таҷриба, гузарондани дарсҳои маҳорат ва маърӯзаҳо, инчунин такмили ихтисоси кормандон омадаанд, гирифтани тасдиқ барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон талаб карда намешавад;
боҷи сайёҳӣ (меҳмонхона), ки аз ҷониби муассисаҳои табобатӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди, дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи доимии зист надошта ситонда мешавад, бекор карда мешавад;
талабот бинобар сертификатонии хидматҳои сай-ёҳӣ барои муассисаҳои табобатӣ (ба истиснои санаторияҳо ва пансионатҳо) бекор карда мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ пеш бурдани баҳисобгирии ташрифоварандагон дар шакли электронӣ тавассути барномаи махсуси электронии автоматӣ амалӣ гардонда мешавад.
2. Муҳлати имтиёзҳои гумрукӣ барои таҷҳизоти нави тиббӣ, ҷузъҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи масрафии ин таҷҳизот, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд, аз ҷумла, бинобар шартномаҳои лизинг, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 апрели соли 2017 № ҚП-2863 «Дар бораи чораҳо оид ба рушди минбаъдаи сектори хусусии нигаҳдории тандурустӣ» пешбинӣ шудаанд, то 1 январи соли 2025 дароз карда шавад.
3. Ба пешниҳодоти Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ бинобар озод намудан аз андози арзиши иловагӣ ҳангоми то 1 январи соли 2025 ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти тиббӣ ва маснуот, инчунин материалҳои харҷӣ ба мақсадҳои тиббӣ бинобар феҳристе, ки ба тартиби муқарраргардида ташаккул дода мешавад, розигӣ дода шавад.
Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷоя бо Вазорати молия ва Кумитаи давлатии гумрук дар муддати як моҳ бо назардошти банди мазкур ба Девони Вазирон лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андозро, ки имтиёзро бинобар то 1 январи соли 2025 оид ба озод намудан аз андози арзиши иловагӣ пешбинӣ менамояд, тақдим намояд.
4. Пешниҳоди зерини Вазорати нигаҳдории тандурустӣ дар бораи такмил додани низоми такмили ихтисоси кормандони тиб маъқул дониста шавад:
дар ташкилотҳои ғайридавлатии тиббӣ созмон додани пойгоҳи клиникии муассисаҳои таълими олии тиббӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ дар пойгоҳҳои мазкур;
кам кардани муҳлати собиқаи меҳнатӣ, ки барои гирифтани тоифаи тахассусӣ талаб карда мешаванд, муайян кардани он барои кормандони бетоифа – се сол, барои тоифаи якум – панҷ сол, барои тоифаи олӣ – ҳафт сол.
5. Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷоя бо Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятӣ ва Вазорати сохтмон дар муҳлати ду моҳ ба ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ оид ба содда гардондани талаботи санитарӣ ва бинокорӣ ҳангоми гирифтани литсензия ба ташкилотҳое, ки бо амалиёти хусусии тиббӣ машғуланд, тағйирот ворид намояд.
6. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи илова тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
7. Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
8. Ба зиммаи вазири нигаҳдории тандурустӣ Б. А.Мусоев масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад.
9. Назорати иҷрои саривақтӣ ва самарабахши Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва муовини якуми мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Н. Тӯйчиев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
11 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: