БА МАҲАЛЛА ОБ ОМАД

Дар маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Косонсой муаррифии лоиҳаи гранти «Ҳамаи мо ба ҳифзи тарзи зиндагонии иҷтимоӣ ва қадри инсон масъулем»-и ҷамъияти «Ҳифзи иҷтимоӣ»-и вилояти Намангон, ки аз тарафи Бунёди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон маблағгузорӣ шудааст, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Бунёди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, шуъбаи вилоятии ҳаракати умумимиллии «Юксалиш», ҳокимияти ноҳия ва намояндагони дигари СҒҒ, ки дар вилоят фаъолият мебаранд, ширкат варзиданд.
Ҷамъият барои ба амал татбиқ намудани лоиҳа ба 71 хонаводаи маҳаллаи Истиқлол, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ба дарозии 700 метр хати об кашид. Ва ҳамин тариқ, эҳтиёҷи аҳолӣ нисбат ба оби ошомиданӣ қонеъ гардонда шуд.
То ба истифода супурда шудани хати об ҳар як оила барои оби нӯшокӣ тайи 2-3 км. масофаро тай намуда, ҳар ҳафта 100 ҳазор сӯм маблағ сарф мекард.
Ҷамъият дар асоси ғояи «Барои қадри инсон» ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии шахсони ногироӣ дошта, куҳансолон ва оилаҳои камтаъмин ва афзоиши фаровонҳолии онҳоро вазифаи асосии худ мешуморад.
Ба сифати хулоса бояд гуфт, ки ба 11 лоиҳаи иҷтимоии вилоят ба миқдори наздик ба 770 млн. сӯм маблағи грант равона карда шуданд.

Ш. ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: