«ЭҶИ ЗАРХЕЗ» ДАР МЕҲМОНИИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

Гурӯҳи фарҳангию маърифатӣ ва адабию ҳунарии «Эҷи зархез» аз миёнаҳои соли 2019 инҷониб дар шабакаи иҷтимоӣ фаъол аст.

Гурӯҳи фарҳангию маърифатӣ ва адабию ҳунарии «Эҷи зархез» аз миёнаҳои соли 2019 инҷониб дар шабакаи иҷтимоӣ фаъол аст. 
Гурӯҳи мазкур бештар ба рӯнамоии деҳаи қадимаи Эҷ, ки воқеъ дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аст ва масканҳои тоҷикнишини кӯҳистони Нурато ихтисос дорад. Ҳамчунин дар саҳифаҳои ин гурӯҳ муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти фарҳангию адабӣ ва иҷтимоии тоҷикон ба таври фишурда мунъакис меёбанд.
Дар ин гурӯҳ мавзӯоти мухталиф таҳти рукнҳои ҳамешагии «Сеҳри сухан» (таблиғи беҳтарин осори манзум ва мансур), «Таронаҳои мардумӣ» (муаррифии эҷодиёти шифоҳӣ ва садою наворҳои сарояндагони мардумӣ), «Дониш ва фазилат» (шиносонидани ҷавонони боистеъдод, пажӯҳишгар ва соҳибкор), «Касбу ҳунарҳои мардумӣ», «Ҷаҳони ҳунар» (муаррифии волотарин ҳунарҳои наққошӣ, овозхонӣ, оҳангсароӣ), шарҳу тавсифи олами гиёҳон, ҷонварон ва соир офаридаҳои табиати маҳал матраҳ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои ҷолиби диққати ин гурӯҳ ба шиносонидани деҳаҳо ва шаҳристонҳои атроф тааллуқ дорад.
Адибон, олимон ва қаламфарсоёни шинохтаю ҷавон Маҳмуди Нурназар, Бекназар Тӯйназар, Абдуназари Набӣ, Нарзулло Расулзода, Ҷалили Орзумурод, Ӯзбакбойи Раҳмон, Саодат Рӯзиева, Юнуси Имомназар, Ҳикмат Султонзода, Зоҳид Қӯрғонов, Шакар Сайфӣ, Раҳмони Содиқ, Фаридуни Фарҳодзод зодаву парвардагони ин деҳаанд.
Аҳли ин деҳа мисли рустоҳои дигари ҳамсоя – Порашт, Синтаб,  Ӯхм, Моҷарм, Соб, Устук... ба забони модарӣ, урфу одат, анъана ва арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ таҳсил ба забони тоҷикист. Аз байни аҳли ин деҳаҳо ҳанӯз «ташаббускорон»-и дигар кардани забони таълими фарзандон пайдо нашудааст. Зеро нек медонанд, ки ин кор теша ба решаи дарахти миллат ва забони ӯ задан аст...
Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ин деҳаҳо, аз ҷумла Эҷ, ҳаводорони худро дорад.
Бояд гуфт, ки дар ин асру замон теъдоди адибони як деҳаи хурди кӯҳӣ дар муқоиса бо саршумори адибони тоҷики Бухорои шариф, ки рӯзгоре ба оламиён дарси илму адаби форсӣ-тоҷикӣ меомӯхт, ба маротиб зиёд аст. Бештари хатмкунандагони дабистонҳои деҳоти мазкур дар донишгоҳ ва донишкадаҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ таҳсил мегиранд. Ин далели он аст, ки фарзандони тоҷик дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба забони модарӣ хонанд ҳам, ба қавле «одам» мешудаанд.
Бо назардошти он, ки дар қатра офтоб ғунҷидааст, тасмим гирифтем, ки адибони ин деҳаро ба меҳмонӣ даъват намоем. 
Инак, намунае чанд аз маҳсули эҷоди зодаву парвардагони ин русто, барои баҳрабардорӣ, ба хонандагон ва алоқамандони каломи бадеъ пешниҳод мегардад.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: