БО ХАТСАЙРИ АВИАТСИОНӢ АЗ ФАРҒОНА БА КУРИЁИ ҶАНУБӢ 46 ТОННА ГЕЛОС СОДИР ГАРДИД

Аз бандаргоҳи байналхалқии ҳавоии Фарғона бо хатсайри боркашонии ташкилшудаи авиатсионии Фарғона (Ӯзбекистон) – Инчхон (Куриёи Ҷанубӣ) 46 тонна маҳсулоти гелос, ки дар вилояти Фарғона парвариш шудаасту 246 ҳазор доллар арзиш дорад, аз Фарғона ба Куриёи Ҷанубӣ фиристода шуд.

Тадбири мазкур, ки бо ташаббуси ҳокими вилоят амалӣ гардид, барои афзудани миқдори содироти меваҷоти мо ва дастгирӣ кардани соҳибкорон иқдоми муҳим мебошад.
Ҷараёни расмикунонии содироти маҳсулоти гелос аз ҷониби ситоди гумруки фаъолияти иқтисоди хориҷии «Қиргулӣ» ба тартиби содда ва зуд амалӣ гардид.
Яхчоле, ки дар аэропорти байналхалқии Фарғона барои нигоҳ доштани маҳсулот пешбинӣ гардидааст, баҳри хуб нигоҳ доштан ва ба хориҷ фиристодани он имконият фароҳам меоварад.
Дар давраи сипаришудаи соли равон аз вилоят 420 тонна гелос, ки арзиши умумиаш ба 25,5 миллион доллар баробар аст, ба хориҷ содир шуд.

М.СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: