Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Венгрияро таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Венгрияро таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи Саммити байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд вазири рушди иқтисоди Венгрия Мартон Надяро ба ҳузур пазируфт.

Тадбирҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Ба тавсеаи куллии ҳамкорӣ дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Аҳамияти роҳандозии парвозҳои мустақим дар моҳҳои наздик, ҳарчи мувофиқа кардани шартҳо ва роҳандозии платформаи кооператсияи амиқи саноатӣ қайд карда шуд.

Кори тайёр кардан ва ба амал баровардани лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, дорусозӣ, нақлиёт ва алоқа, ба вуҷуд овардани воситаҳои самарабахши молиявӣ тезонда хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: